Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб. “Девонаи найсавор”
Рўзе буду рўзгоре буд. Рўзе мардум диданд, як нафар бар як найи баланд савор шуда, бо як дасташ найро гирифта, бо дасти дигараш як арғамчин ва монанди касе, ки савор бар асб бошад, дар майдон медавиду меҷаҳиду механдид, бе он ки таваҷҷуҳе ба мардум дошта бошад, ин сўю он сў мераваду меояд. Бачаҳо ўро аз дур ба якдигар нишон дода мегўянд:
– Девона аст, девона.
Мардум ин мардро боз ҳам дида буданд, ки дар кўча рафтуомад дошту бо касе сухане намегуфт. Ба пеши пои худ нигоҳ мекарду сар хам мегашт. Ҳама ўро як одами одӣ медонистанд, вале он рўз ҳама гуфтанд, ки бечора девона шудааст.
Вақте девонаи найсавор чанд бор майдонро давр зад, пирамарде, ки аз он ҷо мегузашт, ўро садо зада, аз вай пурсид:
– Ҳеҷ медонӣ, ки чӣ мекунӣ?
Девона гуфт:
– Албатта, медонам, мебинӣ, ки асбсаворӣ мекунам!
Мард гуфт:
– Асб? Ку асб? Ин асб нест, най аст.
Девона гуфт:
– Асб аст ё най аст, магар бо ту коре дорад, ки дар кори ман дахолат бикунӣ?
Мард гуфт:
– Не, барои касе зараре надорад. Агар зарар дошт, мерафтам аз ту шикоят мекардам, вале охир ин коре, ки ту мекунӣ, ба кори одами ҳушёр монанд нест, як кори масхара аст, як девонагӣ аст, одами оқил ҳеҷ вақт ин корро намекунад. Мехостам ба ту ҳаминро ёдоварӣ кунам.
Девона гуфт:
– Одами оқил чӣ кор мекунад, ки масхара несту оқилона аст?
Мард гуфт:
– Одами оқил ба вазифааш амал мекунад, кор мекунад, кори фоидаовар, бо кораш зиндагиашро идора мекунад, қадре ҳам истироҳат мекунад, қадре ибодат мекунад, қадре мутолиа мекунад ва аз ин чизҳо…
Девона гуфт:
– Бисёр хуб, одами оқил вақте ҳамаи ин корҳоро кард ва кораш, зиндагиаш, хонааш, ибодаташ, хобаш, мутолиааш, вазифааш, ҳама чизашро дуруст кард, оё ҳеҷ вақт ҳақ надорад қадре гардиш кунад ё дар майдон бозӣ кунад ё бихандад ё худашро ба чизе машғул кунад ва барои худаш тафреҳ кунад?
Мард гуфт:
– Вақте касе тамоми корҳои заруриашро тамом кард, барои худаш ҳам ҳақ дорад, ки қадре аз қисмати вақташро сарфи тафреҳ кунад. Масалан, варзиш кунад, наққошӣ кунад, гардиш кунад ва ҳазор чизи дигар, вале ҳамаи инҳо бояд безарар бошаду оқилона бошад.
Девона гуфт:
– Боз гуфтӣ оқилона? Агар касе асбсавориро дўст дошта бошад ва дар маҳалле, ки бар касе озор намерасонад, савори асб шаваду хушҳол бошаду бихандад, айбе дорад?
Мард гуфт:
– Айбе надорад, асбсаворӣ ҳам вақте касе дўст дошта бошад, навъе варзиш асту тафреҳ аст, вале охир асбсаворӣ бо найсаворӣ фарқ дорад!
Девона гуфт:
– Чӣ фарқ дорад?
Мард гуфт:
– Ҳой, магар девона шудаӣ, асбсаворӣ бо найсаворӣ фарқе надорад? Ин чӣ гапе аст, ки мезанӣ?
Девона гуфт:
– Девона нестам, ба назари ман, асбсаворӣ бо найсаворӣ ҳеҷ фарқе надорад. Ман медонам, ки агар ҳам бар асб савор будам, дигар беш аз ин ки ҳастам, хушҳол набудам, оё ту бахил ҳастӣ, ки ман хушҳол бошам?
Мард гуфт:
– Не, ман бахил нестам, хушҳол бош, вале чаро ба ҷои асб бар най савор бишавӣ, ки мардум туро девона бишуморанд?
Девона гуфт:
– Ба Худо, инаш дигар хатои ман нест, касе ки маро девона медонад, ё худаш асб дорад ё асбсавориро дўст намедорад ва мехоҳад бо масхара кардани ман худашро оқилтар ҷилва бидиҳад. Ман медонам, ки дилам мехоҳад асбсаворӣ кунам, аммо асб надорам, диламро ба ин найсаворӣ хуш кардаам. Ин кор барои ҳеҷ кас зарар надорад. Агар пушти хонаи ту меомадаму медавидам, метавонистӣ шикоят кунӣ, вале ин ҷо майдони бозӣ аст, ман ҳам хушҳолам, онҳо ҳам, ки маро тамошо мекунанд, аз найсавории ман беш аз тамошои як асб хушҳоланд. Пас дигар ҳеҷ далеле надорад, ки биравам ғусса бихўрам, ки чаро асб надорам. Ман тамоми корҳои зарурию лозимро иҷро кардаам ва ҳоло ним соат вақт ёфтаам, ки барои худам шодӣ кунам. Асбсаворӣ маро шод мекунад ва асби ман ҳам ҳамин най аст. Девона ҳам касе аст, ки нони худашро мехўрад ва заҳмат мекашад, то маро аз хушҳолиам маҳрум кунад. Ту, агар коре оқилонатар медонӣ, бирав ҳамон корро худат бикун, ки девона набошӣ.
Девона инро гуфту асбашро ҳай карду хурраму хушҳол ба роҳи худ рафт. Ва он вақт марди оқил бо худ гуфт:
– Бечора, девона аст.
Аз китоби маҳдии Озарияздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз осори Фаридуддини Аттор). Душанбе “Ирфон”, 2024.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, корманди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.