Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб. Оби тоза, оби нав
Рўзе буду рўзгоре буд. Як марди саққо буд ва кораш ин буд, ки ҳар рўз машки худро мегирифт ва ба сўи чашма мерафт, то барои мардум об барад. Як ҷоми кўчак ҳам бо худ дошт, ки агар дар миёни роҳ касе об мехост, ба вай об медод.
Як рўз, вақте машкро пур аз об карда буд, аз роҳе мерафт, ба назди як саққои дигар расид, ки ба самти дигаре равон буд. Саққои аввалӣ саққои дуввумиро садо заду гуфт:
– Қадре аз он об бидеҳ, бихўрам.
Саққои дуввум гуфт:
– Магар ақлат кам аст, худат саққо ҳастию об дорӣ. Бирезу бихўр.
Саққои аввалӣ гуфт:
– Дуруст аст, ки худам об дорам, вале ман азбаски ин обро хўрдаам, диламро ин об гирифтааст. Ҳоло ҳам ташнагиам нашикастааст ва мехоҳам оби тозае бихўрам, чизҳои тозаву нав сафои дигаре доранд.
Саққои дуввумӣ гуфт:
– Магар ту аз куҷо меоиву обро куҷо мебарӣ?
Саққои аввалӣ гуфт:
– Аз сари чашма меоям ва обро ба ошпазхонаи кадхудо мебарам.
Саққои дуввумӣ гуфт:
– Пас хато мекунӣ ва ҳар чизе, ки ба назари ту нав аст, сафои дигар надорад. Сафои дигар чизе дорад, ки надошта бошию ба он муҳтоҷ бошӣ. Дилат ҳам аз об нагирифтааст, шояд маззаи обро намефаҳмӣ, шояд ҷоме, ки бо он об менўшӣ, покиза нест, шояд гурусна бошӣ, шояд танбал бошӣ, шояд аз саққоӣ хаста шуда бошию худ надонӣ, аммо ташна нестӣ. Ба ақидаи ман, касе ки худаш оби сари чашмаро дораду аз дигарон об мехоҳад, хело маънии обро намедонад ва ҳавасбозиро бо ташнагӣ иваз кардааст.
Саққои аввалӣ гуфт:
– Ин чӣ гапест, ки мезанӣ? Ҳар кас аз чизҳои наву тоза хушаш меояд, мардум дар хўрок ҳам ҳамеша як чизро намехўранд, он ки ҳар рўз шўрбо дорад, гоҳе палав мехўрад, он ки ҳар рўз палав дорад, ҳаваси шўрбо хўрдан мекунад.
Саққои дуввумӣ гуфт:
– Палаву шўрбо ду чиз аст, он ки хўрокашро иваз мекунад ва ба хўроки наву тоза эҳтиёҷ дорад. Аммо об, об аст. Оби машки ман низ шарбат ҳам ки нест, ҳамон об аст, равонтар ҳам нест, софтар ҳам нест, вале обе аст, ки барои кори худам лозим аст. Ту мисли одамҳое ҳастӣ, ки ба худашон шак доранду хаёл мекунанд ҳарчи дар дасти дигарон аст, хубтар аст ва ҳар рўз мехоҳанд ҳамранги дигарон шаванд ва аз ин ки худашон бошанд, хиҷолат мекашанд. Бале, тағйири обу ҳаво хушоянд аст, вале наву тоза чизест, ки дардеро даво кунад ва худат надошта бошӣ.
Саққои аввалӣ гуфт:
– Ҳоло дидӣ. Ман аз ту як пиёла об хостам ва ту ин қадар фалсафа бофтӣ.
Саққои дуввум гуфт:
– Ман дилам ба ҳоли ту месўзад, ки дарде дорӣ, аммо дарди худатро намешиносӣ. Дарди ту ташнагӣ нест, ташнагӣ одамро ба об роҳбарӣ мекунад ва ту об дорию аз ташнагӣ менолӣ. Бубин, оё вақте бихоҳӣ обро дар ҷом бирезӣ, бозуят дард намегирад?
Саққои аввалӣ гуфт:
– Чаро, чаро, бозуям дард мекунад. Ҳамеша барои бардоштану рехтани об аз дарди бозу ранҷ мекашам.
Саққои дуввумӣ гуфт:
– Нагуфтам, пас маълум шуд, ки ташна нестӣ, аммо саққоӣ ба дарди ту намехўрад. Ин ки хаёл мекунӣ оби ман тозаю нав аст, таъсири дарди бозу аст, бояд биравӣ дарди бозуятро дармон кунӣ. Касе ки бемор аст, аз ҳама чиз баҳона мегирад ва хаёл мекунад, ки ҷурғот ҳам бояд сиёҳ бошад, тухми мурғ ҳам бояд чоркунҷа бошад ва ҳамаи андозаҳо бояд аз байн бираванд.
Саққои аввалӣ гуфт:
– Рост мегўӣ, об айбе надорад, вале худам хастааму танбалам, ҳоло ба ман як пиёла об медиҳӣ ё не?
Саққои дуввумӣ ҷоми ўро гирифту пур аз об кард ва ба дасташ дод. Ў ҳам нўшиду гуфт:
– Бо он ҳама суханҳое, ки гуфтӣ, ин об ширинтар будасту хеле ба даҳонам ҳам мазза дод.
Саққои дуввум гуфт:
– Ҳамон аст, ки гуфтам, агар биравию дарди бозуятро дармон бикунӣ, дигар ин тавр хаёл намекунӣ. Ҳоло чун аз саққоӣ оҷизӣ, ба он туҳмат мезанӣ ва хаёл мекунӣ, ки аз тозагии оби ман лаззат мебарӣ. Дар ҳоле ки ту аз сари чашма об овардӣ ва ба хонаи кадхудо мебарӣ, аммо ин обро ман аз ҳавзи хонаи кадхудо овардаам ва барои гўсфанду гов мебарам.
Саққои аввалӣ гуфт:
– Пас, аҷаб одами баде ҳастӣ, ки аз аввал инро нагуфтӣ.
Саққои дуввумӣ гуфт:
– Ҳоло, ки ҳушёрат кардам, ин гапро мезанӣ, вагарна ҳоло мегуфтӣ, ки ин об беҳтар аст. То ҳоло аз оби сари чашма баҳона мегирифтӣ, ҳоло аз ман баҳона мегирӣ. Одами хаставу бемор ҳамеша баҳона мегирад. Не, бародар, бирав ва қадри он чи дорӣ, бидон. Оби сари чашма гуноҳе надорад, ту обшинос нестӣ, ту саққо нестӣ.
Аз китоби маҳдии Озарияздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз осори Фаридуддини Аттор). Душанбе “Ирфон”, 2024.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, корманди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.