Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб. Панди   кулоҳнамадӣ

Рўзе буду рўзгоре буд. Дар он рўзгор ҳокими Нишопур дилаш бисёр мехост, то орому меҳрубон бошад, вале наметавонист. Хашмгину камсабр буд. Агар ҳар гоҳ бар хилофи майлу хоҳишаш сухане мешунид, асабонӣ мегашт ва дастурҳои норавое медод, ки баъд пушаймон мешуд. Агар ҳам зўраш намерасид, ки хашми худро бар сари касе фурў резад, дилаш мегирифт ва чунон нороҳату ноумед мешуд, ки гўё дунё тамом шуда бошад ва як ғуссаи доимӣ барои ў боқӣ монда бошад.

Ҳар вақт аз чизе хушҳол мешуд ва чи кор карданашро намедонист, бо ғазаб гапҳои сахт мезад ва бо ин камхирадӣ бар дигарон зулм мекард. Сипас чун фикр мекард, аз худписандию ғурури худ пушаймон мешуд ва медид, ки бо ин амалаш ҳамаро меранҷонад.

Рўзе пас аз фикри зиёд бо худ гуфт: Ин хеле бад аст, ки ман зуд эҳсосотӣ мешавам ва наметавонам орому мулоим бошам. Шояд асабҳоям заиф аст, шояд қалбам нотавон аст, хуб мешавад, агар худро ба табиб нишон бидиҳам, шояд ин нороҳатӣ як давое дошта бошад.

Табиби бузурги шаҳрро даъват карду гуфт:

– Ҳоли ман ин аст, чӣ доруе бояд бихўрам?

Табиб гуфт:

То он ҷо ки ман мефаҳмам, дар бадани ту айбу нақсе нест, ки онро бо дору табобат карда шавад. Шаке нест, ки ин нороҳатӣ як навъ беморӣ аст, вале ин дард дорую хўроке надорад. Ин вобаста ба ахлоқу тарбият аст, туро аз бачагӣ худписанду нозпарвар бузург кардаанд. Рафтори ту хом аст ва барои ин ки пўхтатар бишавӣ, бояд зиёд китоб бихонӣ ва аз гуфтори бузургону саргузашти дигарон панд бигирӣ. Бояд барои худат як шиори ахлоқӣ пайдо кунӣ, ки сабру таҳаммулро ба ту омўзонад ва доим ба он нигоҳ кунӣ, ба он одат кунӣ, то дар ғаму шодӣ зуд дасту по гум накунӣ, бемории рўҳиро давои рўҳӣ лозим аст.

Ҳоким гуфт:

– Дуруст аст, худам ҳам инро медонистам.

Он вақт фиристод як воиз ва як ҳаким ҳозир карданд. Ҳоким мушкили худро бар онҳо шарҳ дод.

Воиз гуфт:

Дастури ахлоқӣ зиёд аст, яке аз он чизҳое, ки барои ҳоли шумо хуб аст, ин аст, ки гоҳе ба гўристон биравӣ ва ба ёди марг бияфтӣ, он вақт чун аз оқибати кор бехабар набошӣ ва бидонӣ, ки ғамҳо ва хушҳолиҳо ҳамешагӣ нест, дилат ором мегирад.

Ҳоким гуфт:

Ҳой ака, ман, ки наметавонам, вақте хушҳол нестам ё хушҳолам давида ба қабристон биравам ва он ҷо ибрат бигирам. Ман як дастури содатар мехоҳам, ки ҳамеша ҳамроҳам бошад.

Ҳаким гуфт:

– Ба ақидаи ман, беҳтар аст чанд нафар аз доноёнро пеши худ нигаҳ дорӣ ва дар ҳама корҳо бо онҳо машварат кунӣ ва ҳар дастуре, ки мехоҳӣ бидиҳӣ, бо мувофиқати онҳо бошад, он вақт марди ҳаким туро аз зиёдаравию камравӣ боз медорад, агар ғамгин бошӣ, дилҷўӣ ва агар мағрур бошӣ, насиҳат мекунанд.

Ҳоким гуфт:

Ҳе ака, агар кор ҳамин бошад, ман ҳамеша ба дастури ҳаким амал кунам, пас ман чӣ ҳокиме ҳастам? Ман худам ҳам баду хубро мешиносам, вале вақте асабонӣ ё хеле хушҳол мешавам, ҳама чиз аз ёдам меравад. Ман як сухани хубе мехоҳам, ки рўи нигини ангуштарам бинависам ва ба он нигоҳ кунам, то маро аз тундравӣ нигаҳ дорад, агар зери борон тар шудам, асабонӣ нашавам, агар бар хилофи майлам чизе шунидам, ғамгину дилгир нашавам, агар касе ба ман туҳмати баде зад, ба фикри худкушӣ наяфтам, агар як рўз аз ман таъриф карданд, аз худ наравам, хулоса панде бошад, ки дар ҳама ҷо ба кор ояду оромбахш бошад.

Воиз ва ҳаким гуфтанд, хуб пайдо кардани як ибораи ҳамакора мушкил аст. Суханони ҳакимона ва калимаҳои кўтоҳ ва андарзҳои ахлоқӣ хеле зиёд аст ва ҳар касе як чизҳое медонад ва ҳар кадом муносибате дорад. Барои ин ки зудтар ин шиори ахлоқӣ пайдо шавад, бояд ҳама олимонро дар як анҷуман ҷамъ бикунӣ ва ҳар кас ҳарчиро дар китобҳо хондаву медонад, бигўяд, то он чизе, ки ту меписандӣ, пайдо шавад.

Ҳоким гуфт:

– Дуруст аст, ҳамин корро мекунам.

Дастур дод номаҳо навиштанд ва гурўҳе аз донишмандону суханваронро ба «Анҷумани баррасии суханони оромбахш» даъват карданд.

Анҷуман ташкил шуд ва то чанд рўз ҳама бузургон ҷамъ омада, ҳар яке дар бораи сабру таҳаммул ва миёнаравӣ суханҳо гуфтанду шеърҳо хонданд ва аз китобҳо ҳадису оя нақл карданд.Аммо ҳоким ҳеҷ кадомро намеписандид ва аз он як эрод мегирифт:

Ин намешавад, он ҳам намешавад, матни ин дароз, инаш маъно надорад, он ба дил намечаспад…Рўзи охир як марди кулоҳнамадӣ, ки аз деҳа хабаре барои ҳоким оварда буд, мавзуъро фаҳмиду гуфт:

– Агар иҷоза ҳаст, мо ҳам сухане бигўем, мо як чизе медонем, ки аз ҳама ин гуфторҳо беҳтар аст!

Ҳоким гуфт:

– Агар анҷуман иҷоза бидиҳанд, метавонӣ суханатро бигўӣ.

Анҷуман яксадо гуфт:

– Не, ака, ин чӣ фармоишест, ки ҳоким мефармояд. Мо ҳама китобҳоро варақ задаем, ҳама суханони бузургонро зерурў кардаем ва ҳанўз як ҳарфи муносиб пайдо нашуд. Ҳоло хуб нест, ки як марди омии бесавод омада дар ин маҷлис сухан гўяд. Марди кулоҳнамадӣ гуфт:

– Бисёр хуб, вале ҳоло, ки ибораи муносиб пайдо нашудааст, бигузоред мо ҳам гапамонро бизанем. Мо ки касеро намехўрем, агар хуб буд, анҷуман қабул мекунад, агар ҳам бад буд, ба риши мо бихандеду биравед!

Ҳоким гуфт:

– Бад намегўяд, бигузоред ў ҳам пешниҳодашро бикунад.

Анҷуман гуфт:

– Хуб, ҳоло, ки ҳоким мехоҳад, бигўяд.

Кулоҳнамадӣ гуфт:

– То он ҷо ки ман фаҳмидам, ҳоким як ибораи мухтасар барои рўи нигини ангуштараш мехоҳад, ин ибора бояд хонандаву шунавандаро аз ноумед шудан ва мағрур шудан нигаҳ дорад. Ба ақидаи ман, ин матлаб дар се калима ҷамъ шудааст, ки дигар аз он дида кўтоҳтар чизе пайдо намешавад: яъне рўйи нигини ангуштар бояд навишт: «Ин низ бигзарад»

Бо шунидани ин ибора анҷуман дар ғулғула афтод.

Баъзе гуфтанд:

Ин шиори танбалӣ ва беҳолӣ аст, баъзе гуфтанд, ин сухан монеи кору кўшиш ва чораҷўӣ аст.

Баъзе гуфтанд:

– Ин гуфтор моли замони қадим аст ва барои замони мо лозим нест. Дигарон ҳам гуфтанд:

– Бемаънӣ аст, бефоида аст, кўҳна аст, ёва аст…

Ҳоким гуфт:

– Ман бошам ин панди кулоҳнамадиро бад намешуморам, аз ҳама кўтоҳтар асту оромбахш ҳам ҳаст. Вақте ман ёдам ояд, ки ҳамеша аҳвол яксон намемонад ва ғуссаҳову шодиҳои ногаҳонӣ ҳам мегузарад, дилам ором мегирад ва фурсат пайдо мекунам, ки биандешаму беш аз андоза ноумед ё мағрур нашавам, вале дилам мехоҳад анҷуман ҳам ин ибораро тасдиқ кунанд.

Аммо анҷуман нахостанд панди кулоҳнамадиро қабул кунанд. Аъзои анҷуман ҳар кадом як нигоҳи ғазабнок ба марди кулоҳнамадӣ андохтанд ва пароканда шуданд. Он вақт ҳоким гуфт:

– То чизе пайдо нашудаст, кочӣ беҳ аз ҳечӣ аст.

Ҷавоҳирсозро талаб карду гуфт, то рўи нигини ангуштараш бо қалами алмос бинависад, ки «Ин низ бигзарад».

***

Ин қиссаро Фаридудини Аттор дар «Илоҳинома» дар 15 байт ба назм дароварда, ки байти аввали он чунин аст:

Ҷаҳонро подшоҳе покдин буд,

            Ки мулки оламаш зери нигин буд.

Асрори Сабзаворӣ низ ҳамин достонро дар 5 байт ба назм овардааст, ки кўтоҳтар ва шояд зеботар аст ва ҳеҷ аҷаб нест, ки мазмуни онро аз Аттор гирифта бошад:

Подшоҳе дурри симине дошт,

  Ба ҳар ангуштаре нигине дошт.

  Хост нақше ки бошадаш ду самар,

  Ҳар замон к – афканад ба нақш назар.

  Вақти шодӣ нагирадаш ғафлат,

  Вақти андўҳ набошадаш меҳнат.

  Ҳарчи фарзона буд дар айём,

  Кард андешае, вале ҳама хом.

  Жандапўше падид шуд он дам,

  Гуфт бинвис: «Бигзарад ин ҳам».

 

Аз китоби маҳдии Озарияздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз осори Фаридуддини Аттор). Душанбе “Ирфон”, 2024.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, корманди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.