Қиссаи Лайлӣ дар достонҳо

Қиссаи «Лайлӣ ва Маҷнун» маҳсули фолклори араб буда, аз замонҳои қадим инҷониб аз даҳон ба даҳон гузашта омадааст. Нухустин шахсе, ки ин қиссаро ба шакли достони мукаммали сюжетнок даровардааст, Низомии Ганҷавист (1141-1209). Минбаъд ба достони ў хеле шоирон назира сароидаанд.

Бадриддини Ҳилолӣ (ваф. 1530) ва Шамсиддин Шоҳин (1859-1894) низ ин қиссаро ба риштаи назм кашида, ҳар яке дар асрҳои худ ба устодашон Низомӣ назира гуфтаанд. Дар достонҳои ин шоирон Лайлӣ образи марказӣ буда, як қисми воқеаву ҳодисаҳои асар бевосита ба фаъолияту амалиёти ў алоқаманданд. Мутолиа ва муқоисаи достонҳои ҳамноми «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҳилолӣ ва Шоҳин нишон медиҳанд, ки ҳам Ҳилолӣ ва ҳам Шоҳин чи тавре ки худи онҳо низ ёдоварӣ менамоянд, дар офариниши хусусият ва хислатҳои образи Лайлӣ то андозае дар зери таъсири образи Лайлии достони ҳамноми Низомӣ мондаанд.

Ҳам Лайлии достони  Ҳилолӣ ва ҳам Лайлии достони Шоҳин маҳбубаи боаҳду паймон ва вафодор буда, аз аввал то охири достон дар дили худ танҳо ишқи ошиқи дўстдоштаи худ Маҷнунро мепарваранд. Онҳо ҳамчун маъшуқаи вафодор ва дар роҳи ишқи поки одамӣ устувору матин намудор гашта, ба ғайр аз ишқи Қайс (Маҷнун) ишқи дигареро (аз қобили писари Ибни Салом дар достони Ҳилолӣ ва Ибни Салом дар достони Шоҳин) дар дили худ ҷой дода наметавонанд.

Дар ҳар ду достон Лайлиҳо дорои иродаи қавӣ ва маҳкам буда, ягон монеае ба роҳи ишқи поки онҳо таъсир нарасонидаанд. Ҳатто насиҳатҳои дилбазани падару модар онҳоро аз ин роҳ боздошта наметавонад. Масалан, дар достони Ҳилолӣ вақте ки модари Лайлӣ аз ишқи духтараш «бо сад ривоят» огоҳ мегардад, мехоҳад бо роҳи фиреб духтарашро аз ин роҳ баргардонад. Лайлӣ бошад, ҳамчун духтари оқила, худро аз водии ишқ «дур» меандозад:

Лайлӣ чу шунид панди модар,

Тар кард ба оби дида чодар.

Худро ба фиреб инчунин сохт

В-аз водии ишқ дураш андохт.

Ин гуна ҳолатро дар симои Лайлии достони Шоҳин низ дидан мумкин аст:

Мегуфт, вале ба гўши духтар,

Будӣ ҳама боду коҳу ду дар.

Пиндошт зи равзане даромад,

В-аз равзанаи дигар баромад.

 

Воқеаи ба шавҳар «дода шудани» Лайлиҳо хислати бевафоии онҳо шуда наметавонад. Чунки Лайлиҳо бо раъю хоҳиши худ ба писари Ибни Салом (дар достони Ҳилолӣ) ва худи Ибни Салом (дар достони Шоҳин) ба шавҳар набаромадаанд, балки аз тарафи падару модар ва хешу ақрабо зўран ба шавҳар дода шудаанд. Вале тарзи хостгорӣ дар ҳар ду достон гуногун аст. Агар дар достони Ҳилолӣ хостгорон ба назди падару модари Лайлӣ омада, розигии онҳоро ҳоҳанд, аммо дар достони Шоҳин ин тасвир ғайритабиӣ аст: Ибни Салом дар роҳ ба пеши худи Лайлӣ солорашро ба хостгорӣ мефиристад. Ба ҳар ҳол Лайлии ҳар ду достон ба хостгорон ҷавоби манфӣ медиҳанд. Ҳатто Лайлии Шоҳин ба сари солор мушт бардошта, ҳамчун нишонаи эътироз ўро мезанад ва ҳоказо.

Қайд кардан лозим аст, ки ҳарчанд Лайлиҳо дар роҳи ишқ ба хоҳишу иродаи падару модарашон муқобил буданд, аммо онҳо мувофиқи дину шариати давраи феодалӣ бар зидди падару модарони сангдил мубориза набурда, ғаму андуҳашонро танҳо бо гиряву нолаҳои хомўшонаю ҷонгудозона ифода кардаанд. Ҳолати амалиёти пассивонаи ҳарду Лайлиро аз лаҳзаҳои аввали достон пай бурдан мумкин аст. Чунончи:

Сар пеш фиганду зор бигрист,

Гардид аён, ки ҳоли ў чист.

(Ҳилолӣ)

Ё худ;

Мерехт сиришку оҳ мекард,

Бар рўи падар нигоҳ мекард.

(Шоҳин)

Бояд хотирнишон кард, ки Лайлии ҳар ду достон дар мактубҳои худ ҳамеша дар вафои ишқи Маҷнун содиқ буданашро изҳор менамоянд. Масалан, Лайлии Ҳилолӣ дар мактуби ҷавобиаш мегўяд;

К-эй ёри ҷафокаши вафодор,

Бегона машав ба қавли ағёр.

Шоҳин ҳам аз номи Лайлӣ менависад;

Дар шодию ғам туро шарикам,

Мапсанд ба ман бадӣ, ки некам.

Дар ҷои дигар Лайлии Ҳилолӣ ғаммозони фиребгару золро дуои бад мекунад:

Он кас, ки ба сўи ту қадам зад,

Биншаст, аз он дурўғ дам зад,

Афтодаву пошикаста бодо,

Бе кому забон нишаста бодо!

Ба ин маънӣ дар охири номаи дуюм Лайлии Шоҳин қайд мекунад, ки ў, бо вуҷуди зиёд будани ҷавонони қабила, танҳо ишқи Маҷнунро дар дилаш ҷой додааст:

Хубони қабила беш аз беш,

Аз захми мананд неш дар неш.

Лекин чӣ кунам, ки ҷуз ту яксар

Бар захми ман аст неши дигар.

Ман толиби ту, ба ҳар чӣ хонӣ,

Гар толиби дигарӣ, ту донӣ.

Яке аз хислатҳои наҷибона ва олиҳимматонаи Лайлии достони Шоҳин он аст, ки бо вуҷуди духтари Навфалро ба занӣ гирифтани Маҷнун ўро тарк накард. Баръакс: «Ман солики як раҳам на ду раҳ, в-аз булҳавасӣ наузу биллаҳ!»-гўён дар роҳи ишқи аввал маҳкаму устувор монд.

Дар достони Шоҳин Маҷнуни бевафо ҳарчанд духтари Навфалро ба занӣ мегирад, вале аз Лайлӣ дил намеканад. Ҳатто боре бо ёди Лайлӣ дар ишқи духтари Навфал сурудхонӣ намуда, мўйҳои ўро дўстдорӣ мекунад. Зеро Лайлӣ, баъди навиштани мактуби дуюм, риштаи кандашудаистодаи вафодориро аз нав пайванд намуда буд. Ин лаҳзаест аз характери ишқи пок ва кирдори неки Лайлӣ. Умуман ҳар ду мактуби ба Маҷнун навиштаи Лайлии Шоҳин, ки бо як ҳиссиёти баланд иншо шудаанд, хислатҳои хуби дигари ўро хотирнишон менамоянд. Чунончи, дар мактуби якум Лайлӣ нишон медиҳад, ки ў дар роҳи ишқ ҳанўз устувор ва пойдор аст. «Ҳарчанд дар ҷамъият ва оила беҳуқуқам, – мегўяд вай, – вале дорои иззати нафсам ва то даме, ки зиндаам ба муқобили беадолатии замона эътирозҳо дорам». Ин лаҳзаи достон аз поквиҷдонӣ ва некахлоқии Лайлӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар мактуби дуюм ҳолати руҳия, мавқеи занону духтарони ҳарамии аристократҳо, умуман беҳуқуқии занони давраи Шоҳин (шоир дар образи Лайлӣ завҷаашро тасаввур мекунад) реалистона тасвир карда шудаанд. Аз муқоисаи достонҳо маълум мегардад, ки дар ҳар ду достон баъзе эпизодҳо муштараканд. Масалан, тасвири зебоии Лайлӣ, воқеаи ба ҳамдигар ошиқ шудани Лайлӣ ва Маҷнун, овоза шудани ишқу ошиқии Лайлӣ ва Маҷнун, аз мактаб бозмондани Лайлӣ, нолаю афғонҳои Лайлӣ аз ишқи Маҷнун, бо ҳам вохўрда арзи дил намудани ошиқон ва ғайра. Аммо Лайлии достони Ҳилолӣ бо хеле хислатҳои худ аз Лайлии достони Шоҳин фарқ мекунад. Лайлии достони Ҳилолӣ аз лаҳзаи ба Қайс ошиқ шудан то замони ба дидори ў расиданаш нисбатан иштирокчии фаъоли ҳодисаю воқеаҳо ба назар мерасанд. Лайлии Шоҳин бошад, ҳарчанд дорои сифатҳои беҳтарини зоҳирӣ ва ботинист, ба истиснои се лаҳза (ду бор барои дидани Маҷнун меравад ва бори охирин баъди вафоти Ибни Салом Маҷнунро ба хилватхонааш даъват мекунад) дар симои ў амалиёти бевосита хело кам мушоҳида карда мешавад. Ҳарчанд Лайлиҳо дар масъалаи интихоби шарики ҳаётӣ ва ёри мувофиқ ба қонуни қоидаҳои замон тамоман банду баст нашуда. Маҷнунро бо ихтиёри худ дўст медоранд, вале барои расидан ба орзую мақсад Лайлии достони Ҳилолӣ нисбатан серҳаракату фаъол мебошад. Мо ин ҳолатро дар чанд боби достони шоир мушоҳида карда метавонем. Ғайр аз ин, амалиёти Лайлии Ҳилолӣ дар масъалаи зиддиятнишондиҳӣ ва эътироз ба худ шаклу ранги дигаре гирифтааст. Ин иборат аз он мебошад, ки падару модари Лайлии Ҳилолӣ нисбат ба фарзанди худ бо ҳисси зиёди падару модарӣ назар мекунанд. Ҳатто онҳо дар кори хостгории писари Ибни Салом ба Лайлӣ ихтиёрро ба худи духтар мегузоранд. Лайлӣ ба ин кор зиддияти сахт нишон дода, пас, бо қатъият мегўяд:

Ман Лайлиам аз барои Маҷнун

Лайлӣ чӣ кунад барои Маҷнун?!

Лайлии достони Ҳилолӣ ҳамин тавр паи ҳам ба амалиёти фаъолона ва активона мегузарад ва барои мақсади худ то охир мустаҳкамиродагӣ нишон медиҳад.

Хулоса, Ҳилолӣ дар давраи таназзули феодализм ва Шоҳин дар замони пўсидану вайроншавии ин система ҳаёт ба сар бурдаанд. Онҳо дар симои қаҳрамондухтари худ Лайлиҳо образҳои идеалию хаёлиеро офарида, ҳолати ғуломона, руҳи озодиҳоҳӣ, меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ барин хислатҳои занони мазлуми Шарқро бо камоли мамнунию самимият ва эҳтироми бузург нишон додаанд.

Сайфулло БЕРДИЕВ

 Аз маҷалласи “Занони Тоҷикистон”, 1983,№12.

Таҳияи Мадина Ҳамидова,

 мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.