Истиқлол – нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз

Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди халқу миллати тоҷик иҷрои вазифаи бисёр пурмаъсулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамммадин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди авркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Истиқлол барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдлори тоҷик аст, ки дар охири асри 20-ум ба даст омадааст. Ин неъмати бузургро баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Кишвари азизи мо Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шӯҳратёру қаҳрамонон аз қабили Турсунзодаву Айнӣ, Рудакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст. Боиси таъкиду зикр аст, ки қаҳрамонон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мебурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он  навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси комил ва ватандӯст бошӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хидматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт”, гуфтааст шоири машҳури шарқ Муҳаммад Иқбол.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болоти сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм  ҷудо карда буданд. Саркардагони ин кору амалро ҳеҷ вақт миллати тоҷик намебахшад.

Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшукуфоии ин сарзамини камари ҳиммат баста истодаанд.

Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои воқеии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем. Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози асри XXI масъалаи обро дар сатҳи байналмилалӣ, ба миён гузошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд. Яъне, соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013” ва даҳсолаи нави байналмилалии амал” Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд. Боиси сарфарозист, ки 14- уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бо иттифоқи оро қабул кард. Қатъномаи мазкур аз Қатънома аз Қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравд, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 193 кишвари узви Созмони Милали Мутаҳид пазируфта шуд….

  

Таҳияи Марзия Зардодхононва,

корманди Медиатекаи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон