Истиқлол – унсури марказии давлатдорӣ

Рачабали-ДодхудоевИстиқлол қобилияти ба худ эътимод доштан ва худкифо будан, қодир будан ба корҳоеро, ки барои худ, оилаи худ ва ҷомеаи худ фароҳам овардани зиндагии пурмаҳсул лозим аст, тарбия мекунад. Мусаллам аст, ки дар раванди соҳибистиқлолӣ худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа устувор гашта, ҳисси бунёдкориву созандагии мардум афзун гардид ва бунёди давлати миллӣ, устувор гардидани марзҳои сиёсиву ҷуғрофӣ, рушди босубот ва робитаҳои амну осоиштаи шаҳрвандон дар дохили кишвар таъмин гардиданд.

Истиқлол барои рушду такомули арзишҳои аслии миллӣ заминаи мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимову фарҳангӣ муҳайё намуд. Дар раванди рушду такомули давлатдории миллӣ даврони наве падид омада, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои миллии давлатдорӣ аз нав эҳё гардиданд. Чуноне ки Пешвои миллат қайд менамоянд, Истиқлол ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт. Ин падидаро бояд ҳамчун самараи сиёсати оқилона ва пайгиронаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мамлакати соҳибистиқлолу мустақили худ арзёбӣ намоем.

Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки дар зарфи 32 соли Истиқлоли давлатӣ бо амалӣ шудани сиёсати миллии давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом расидааст, ки метавон нахуст аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саргаҳи самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор гирифтани ҳалли масъалаи низом ва рушди соҳаи маориф, мақоми ҳуқуқӣ гирифтани забон ҳамчун забони давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамчунин, дар баробари таҳким бахшидани сиёсати гуногунҷабҳаи давлатдории миллӣ густариш ва тараққӣ додани сиёсати берунии кишвар зикр кард.

Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ муайян ва эътироф гардид. Истиқлоли давлатӣ ҳамчунин имкон дод, ки дар баробари таҳким бахшидани сиёсати гуногунҷабҳаи давлатдории миллӣ сиёсати берунии кишвар низ тараққӣ ва густариш намояд.

Истиқлол унсури марказии давлатдорӣ дар низоми муосири ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Яке аз талаботи анъанавии давлатдорӣ истиқлол дар умури дохилӣ ва хориҷӣ аст. Роҳбари давлат бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро таҳрезӣ намуда, амалӣ намуданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид иброз намуданд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавқеи умда доранд. Тоҷикистон тайи даврони соҳибихтиёрии хеш муносибатҳои судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, ҷойгоҳу мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ марҳала ба марҳала мустаҳкам гардонд. Давлати мо дар ин давраи аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори он рӯ ба афзудан ниҳод.

Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони истиқлол ҷомеаи навини мо дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи Пешвои миллат фаъолона ширкат намуда, тавонист дар роҳи рушди давлатдории миллӣ, рукнҳои бунёдии озодии инсон қадамҳои устувор гузорад ва пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир таъмин намояд.

Нияҳоятан метавон бо ифтихор зикр кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро дар беш аз 180 давлати дунё бо расмият мешиносанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад. Ин ҳама падидаҳои мусбат боиси он гардидааст, ки мавқеи Тоҷикистон ва мактаби давлатдории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ қавитар ва таҳқиқу омӯзиши Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзу таҳкими рушди босуботи он барои дигар давлатҳои аз ҷиҳати тарақиёт ва амну осоишта заиф омӯхта шавад.

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ
ва ҳуҷҷатнигорӣ