Истиқлол ва рушди фаъолияти китобдории тоҷик

Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 3-юми сентябри соли равон дар толори Шурои олимони донишкада ҳамоиши илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб баргузор гардид.
Дар он муовини директори МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Салима Раҷабзода, директори МД “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон”, доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисос, дотсент Зафари Шариф, директори МД «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» Умедҷон Ҳамзазода ва муовини директори «Китобхонаи марказии илмии АМИТ ба номи И. Гандӣ» Ёдгор Бердизода, инчунин устодони донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба ҳамоиш ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, профессор Назарзода Маҳмуд Мирзо бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зимнан тазаккур дод, ки китобу китобдории тоҷик ҳамчун соҳаи мустақил дар замони истиқлолият рушди бемайлон намуд. Аз як тараф, барои заминаи моддиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди соҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти васеъ фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар дар таҳкими назариявӣ, илмӣ-методӣ ва амалии он муҳаққиқону мутахассисони соҳа саҳми бориз гузоштанд.
Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳимми тарбиявӣ – маънавӣ маънидод намуданд. Дар маросими гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 4-уми сентябри соли 2007, аз ҷумла иброз доштанд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешад».

Ба гуфтаи ректори донишкада, ҳоло наздик ба 3000 нафар хатмкардагони факултет дар китобхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар самаранок кор карда истодаанд. Бо ширкати устодони факултет Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» таҳия гардид. Иқдоми наҷибе, ки ахиран аз ҷониби Пешвои муаззами миллат гирифта шуд, ин рушди китобхонаҳои деҳот мебошад. Аз ҷумла, 30-юми июни соли 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қабули “Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба назари мо ин иқдом дар баробари дигар иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар боло зикр кардем, боз як ташаббуси наҷиб дар соҳаи китобдорӣ ба шумор меравад. Зеро мақсади асосии барномаи мазкур «Мусоидат намудан ба рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо мебошад». Тавре аз гузоришҳо бар меояд, «Ҳадафи барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ иборат мебошад».
Дар ҳамоиши илмӣ Салима Раҷабзода, Зафари Шариф, Сайзароб Нодирзода, Умедҷон Ҳамзазода, Ёдгор Бердизода ва Шариф Наботов дар мавзуҳои «Нақши китоб ва китобхона дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мақом ва муҳим будани МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” дар даврони Истиқлол», «Истиқлол ва дурнамои рушди соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Рушди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар дар даврони истиқлоли давлатӣ», «Истиқлол ва марҳилаи нави рушди китобдорӣ дар Тоҷикистон» ва «Нақши ҳамкории китобхона ва оила дар ташаккули тарбияи насли наврас» маъруза намуданд.
Дар охири ҳамоиши илмӣ байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон, иштирокдорон аз намоиши китобҳои тозанашри донишкада дидан намуданд.
Наботов Шариф,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносӣ