Истиклол файзи бебаҳост

Инак, мо 30-юмин солгарди Истиқлоли кишвари худро ҷашн мегирем. Агар 30 сол қаблро ба хотир оварем, мебинем, ки то имрўз чӣ рўзҳову моҳҳову солҳои пурзаҳмату талошро пушти сар кардаем. Бале, ин ҷашни муборак ба шарофати кўшишу талошҳо ва ҳатто ҷоннисориҳои фарзандони далеру вафодор ва донову тавонои миллати кўҳанбунёдамон ба мо насиб гардидааст. Давлати Тоҷикистон, ки ба пойдории он баъзе сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон бо шубҳа менигаристанд, имрўз рушду тараққии худро идома медиҳад ва рўз то рўз истиқлоли худро таҳким мебахшад.

    30 сол дар роҳи Истиқлол ва худшиносӣ муҳлати чандон зиёд нест, вале мо дар тўли ин солҳо тавонистем, ки бо дастгирӣ ва роҳбарии сарвари  оқилу доно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи хусумат ва муқовимати мусаллаҳонаро паси сар намуда, ба марҳилаи сулҳу суббот ва созандагӣ қадам гузорем.

Яке аз шартҳои истиқлолияти воқеии ҳар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти густурдаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони Истиқлоли давлатӣ дар як муддати кўтоҳ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳое, ки дар арсаи байналмилалӣ нақшу нуфузи зиёд доранд, ба расмият шинохта шуд.

Дар тўли солҳои Истиқлоли кишварамон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла маориф ва фарҳанг ба маротиб рушд ёфт.  Соҳаи маориф соҳаи афзалиятнок эълон гардида, куллан тағйир ва бозсозӣ гардид. Барномаҳои нави таълимӣ роҳандозӣ шуда, низоми нави таҳсил ҷорӣ гардид. Донишгоҳҳову донишкадаҳо бо назардошти талаботи замони муосир тағйироти куллиро мувоҷеҳ гардиданд.

Соҳаи фарҳанг низ бо назардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таъриху фарҳанги суннатии халқамон бозсозӣ гардида, рушд кард ва ба дигаргуниҳои куллӣ даст ёфт, ки бинои наву замонавии Китобхонаи миллӣ бо тамоми имкониятҳои муосираш гувоҳ аст.

Дар ин Рўзи фараҳбахши 30-солагии Истиқлол бо ифтихор мегўем, ки холо дар Тоҷикистони мо сулҳи комил, ваҳдати миллӣ ва пушрафту тараққиёт ҳукумрон аст. Акнун вазифаи муқаддаси ҳамаи мо дар ин марҳила пеш бурдани корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди бонангу номусе, ки ояндаи давлат ва миллатро азиз медонад, бояд ба имконияту омилҳои ақлонӣ ва моддии кишварамон такя карда, ба умеди дигарон нашуда, барои ободии ватани азизамон саъю талош намояд.

Заҳмате, ки мо имрўз мекашем, на танҳо барои имрўзиён, балки барои наслҳои ояндаи миллат, ба хотири ояндаи неки кишвар низ мебошад.

Ҳадяи Яздон биҳишти мо – Ватан, Ватан,

Шаҳкитоби сарнавишти мо – Ватан,  Ватан.

Чист Истиқлол? Иззат доштан,

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

 Нуралиева Парвина,

мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён.