Истилоҳоти табатшиносӣ.  Климакс

КлимаксКлимакс дар экология, ҳолати ботавозун ва нисбатан собити ҷамоаи экологиро меноманд. Ибтидои асри 20 мафҳуми климакс бештар ҳангоми таҳқиқи наботот истифода мешуд. Баъдан он маънии умумиэкологиро гирифт; ҳоло онро ҳангоми тавсифи умумии ҷамоа ва экосистема кор мефармоянд. Ҷамоаи климаксӣ, маъмулан, дар ҷойҳои ҳамвори бахшгоҳҳо, ки заҳбур кофта шудааст, ташаккул меёбад ва дараҷаи ниҳоӣ ва болотарини инкишофи суксессия [муттасил  иваз шудани як фитосеноз (биотсеноз, еи муҳит] мебошад.

Бо мурури рушди геоботаника ва синэкология мафҳумҳои гуногун ва баъзан мухолифи ҳамдигари «климакс» пешниҳод карда шудаанд, масалан, нуқтаи назари моноклимакс ва поликлимакс (дар мавриди якум дар ҳар минтақаи табиӣ имкони ҷой доштани танҳо як климакс, дар мавриди дуввум – чанд қаринаи ҷомеаҳои климаксӣ эътироф карда мешуд).

Истилоҳоти зиёде пешниҳод гаштанд, ки шаклҳо ва давраҳои ташаккули климаксро дар табиат ифода мекарданд, масалан, субклимакс, постклимакс, преклимакс ва ғайра.

Ба ҷамоаҳои климаксӣ бешазорҳои шарбину булутии минтақаи ҷангалҳои паҳнбарг, булутзорҳои бешадаштҳои Аврупо, ҷамоаҳои гуногуналафу чиммакзори минтақаи дашт вағғайра мансубанд.

Ҳангоми таъсири бардавоми одам ба экосистема климакс ташаккул намеёбад.

Бозчоп аз Энциклопедияи
миллии тоҷик.
– Душанбе, 2022.
– Ҷ.10. –С. 246.
Муаллиф: Н. Шарипов.

Таҳияи  Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ