Ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти илми тоҷик

МухаммадикболНахустин тамаддунҳои инсонӣ аз зеҳнияти инсонҳо падид омада, асоси ташаккулёбии давлатҳо, ҳукуматҳо, низомҳои идорӣ ва пешрафту тараққиёти маданӣ гардидааст. Соҳибони зеҳнҳо низ дар ҳама даврҳо пешоҳангони ҷомеа маҳсуб шуда, чун мутафаккир, равшангаро ва ҳоло бошад ҳамчун олим шинохта мешаванд, ки асоси маънавиёти ҷомеа аз тафаккури ин шахсиятҳо маншаъ гирифтааст. Ҳар як давлати муосир низ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати хеш тафаккури олимонро ба кор бурда, мояи рушди давлатдорӣ ва расидан ба ҳадафҳои оянданигаронаи худ шудааст.

Дар низоми давлатдории миллию соҳибистиқлоли тоҷикон низ илм аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб шуда, то имрӯз таҳаввулоти зиёди маънавиро таҷриба кардааст. Махсусан, дар лаҳзаҳои ҳассосу таърихие, ки дар кишвар ҷанги таҳмилӣ ҷараён дошт, аҳли илм новобаста аз мушкилоти иқтисодию амниятӣ ба соҳаи худ содиқ монданд. Ҳарчанд иддае аз шахсиятҳои олиммаоб барои расидан ба ҳадафҳои пасипардагӣ ва шояд бо сабаби фирефтагӣ ҳамандеши радикализми динӣ шуда буданд, вале шахсиятҳои маърифатсолор, асилгавҳар ва миллатдӯсту ватанпарвар новобаста аз вазъияти пешомада асолати илмию маънавии худро қурбони манфиатҳои чандрӯза накарданд ва ба илму адабу маънавиёти миллат содиқ монданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, муҳимтарин масъалаҳои давлатдории тоҷиконро ба илм асос додааст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки сиёсати Сарвари давлат дар масъалаҳои стратегӣ ва бунёдӣ муваффақона роҳандозӣ шуда, дастовардҳои хубу шоиста ба бор овардааст. Махсусан, масъалаи бунёдкориҳоро дар низоми гидроэнергетика, нақбу пулҳо, роҳҳои мошингарду хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, иншооти саноатӣ ва ғайра бевосита бо илм ва ташхисоту коркардҳои илмӣ марбут буда, бузургтарин пружаҳои миллии Тоҷикистон низ бо таҳлилҳои илмии на танҳо миллии ватанӣ, балки бо хулосаҳои илмии байналмилалӣ – ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд. Маҳз ба ҳамин хотир Сарвари давлат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) таъкид карданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад».

Дар ин мулоқот, ки нухбагони илмии ҷумҳурӣ – академикҳо, профессорон, докторони илм, дотсенту номзадҳои илм, докторони фалсафа, ходимони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва роҳбарони ниҳодҳои илмию сиёсии мамлакат иштирок доштанд, муҳимтарин масъалаҳои илми муосир таҳлилу баррасӣ карда шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот вазъи илми тоҷик, шароити ниҳодҳои илмии Тоҷикистон, раванди тарбияи кадрҳои илмӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба самти корҳои илмию таҳқиқотӣ, падидаҳои илмию техникӣ, тафаккури техникӣ, рушди илми ҷаҳонӣ, истифодаи он дар зиндагии рӯзмараи инсоният ва дар баробари ин, доир ба мушкилоти корҳои илмӣ дар Тоҷикистон, тақаллуботи илмӣ, номзадиҳои фармоишӣ, таъсири ин равандҳо ба нуфузи илмии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, ҳамзамон, вазъияти минтақа, рушд ёфтани тафаккури иртиҷоӣ, сиёсатҳои геополитикию қудратталабона, вазъи сиёсати байналмилалӣ ва таъсири он ба вазъияти дохилии кишвар мӯшикофона аз ҷониби Роҳбари давлат таҳлил ва манзури аҳли илм карда шуд.

Дар ин радиф, таъсири ин падидаву равандҳо ба манфиатҳои миллӣ, суботи сиёсӣ ва оромию амнияти ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони соҳибистиқлол баррасӣ гардида, ба таври равшан нишон дода шуд, ки неруҳои иртиҷоию динӣ ва радикалҳои мазҳабӣ аз ибтидои солҳои истиқлолият бо ҳар роҳу васила душмании худро бо илму маориф нишон дода, дар ин росто илмро инкор ва «нони омӯзгорро ҳаром ҳукм намуданд» ва ҳоло ҳам ин неруҳои иртиҷоӣ бо тарзу усулҳои хос ва бо истифода аз василаҳои муосири хабаррасону таъсиргузор бо мафкураи мардум аз зовияи дину мазҳаб бозӣ мекунанд.

Ҳамчунин, саҳми илм дар рушду нумуи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таҳлилу барасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки «рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад». Дарвоқеъ чунин ҳам ҳаст, зеро айни замон бо истифода аз технологияи муосир, ки маҳсули зеҳнияти олимон аст, неруи ҷисмонӣ камтар истифода шуда, истифодаи техника дар корзорҳо ба таври густурда ба кор меравад. Анҷоми корҳо сабук, интиқоли маълумот фаврӣ ва дастрасии имконот ҳамагонӣ гардидааст. Ин ҳолат боис мешавад, ки хароҷоти молиявӣ дар иҷрои лоиҳаҳои мухталиф коҳиш ёфта, сифати маҳсулот афзоиш ёбад ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ боло равад.

Агар ба ҳар як масъалаи иқтисодию иҷтимоии давр таваҷҷуҳ намоем бевосита ва ё бавосита бо илм иртибот дорад. Аз ҷумла, дар шароити муосир, ки вазъи зудтағйирёбандаи равандҳои табиию ҷуғрофии сайёра ҷараён дорад, танҳо илм аст, ки инсонҳоро ба шоҳроҳу муваффақиятҳо раҳсипор менамояд, миллатҳоро аз зери истибдоди фикрию ҷаҳолати равонӣ озод месозад ва давлатҳоро ба маскани маънавии инсонҳо мубаддал месозад. Дар сурати ғайр ҷомеа зери афкори иртиҷоӣ қарор гирифта, неруҳои аҳриманӣ афкори табаҳкори худро ҷойгузини илму маънавиятмесозанд.

Пешвои миллат, зимни нишаст аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ва бетафовутии олимону равшанфикрон ба сарнавишти миллату давлат ёдовар шуда, дар як муддати кӯтоҳ ташаккул ёфтани афкори радикалии мазҳабиро ҳамчун намунаи равшан ёдрас намуданд, ки ин бетафовутиҳо ва бетарафиҳо илму маърифат ва тафаккури миллиро аз меҳвари тасмимгириҳо ба ҳошия ронда, кишварро ба мусибатҳои бузург расонид ва ҷомеаро аз илму маърифат дур гардонид.

Агар ба гузаштаи начандон дури сайёра назар намоем, танҳо илму маърифат ва афкори солиму равшангаро буд, ки шароити кору таҳсилу зиндагии инсонҳо дигаргун шуда, зарфиятҳои зеҳнии инсонҳоро ба самти тараққиёти техникӣ ва таҳаввулоти инноватсионӣ савқ додааст. Ва имрӯз бошад маҳз илм аст, ки кишварҳоро аз вартаи ҷаҳолат ва ноумедӣ раҳо месозад.

Агар як садсолаи охирро аз ҷиҳати таҳаввулоти илмӣ таҳлил намоем,танҳо зеҳният ва таҳқиқоту коркардҳои илмии олимон боис шудааст, ки инсоният ба таври мушаххас сайёраҳои дигарро кашф намуда, фатҳ созад, василаи иртиботи фаврӣ ва васоити иттилоотии навинро пайдо намояд. Ба хусус, ихтирои телефон, телефонҳои идорӣ, хонагӣ, беноқил, ҳамроҳ, ҳушманд (айфон, смартфон); дастгоҳҳои расмгирию, нусхабардорию нусхаофарӣ; василаҳои сабти садо, коркарди овоз, дигаргунсозии садоҳо ва дастгоҳҳои наворбардории гуногуншаклу гуногунҳаҷму гуногунсифат; ташаккули интиқоли фаврию сареъияти маълумот, ки имрӯз ҳамчун интернет машҳур шуда, дар он шакл гирифтану пайдо шудани ҳазорҳо василаи иртиботу миллиардҳо пойгоҳҳои маълумотдиҳӣ аз илм ва тафаккури солими инсон сарчашма гирифтаанд.

Президенти кишвар, вобаста ба тараққиёти чашмгиру фаровони илмии ҷаҳон ба олимону мутахассисони илмӣ тавсия намуданд, ки ҳамқадами замон бошанд ба ҳамчунин таъкид карданд, ки «дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд».

Агар соҳаҳои зиндагии инсониятро таҳлил намоем,ҳеҷ самтеро пайдо карда наметавонем, ки бо илм пайвастагӣ надошта бошад. Аз кишоварзӣ то иқтисоду савдову тиббу табобат ва фарҳангу маънавиёту сиёсат бо илми муосир марбут буда, барои ҳамқадами замон будан аз навовариҳои илмӣ истифода кардан муҳим ва ҳатмӣ мебошад.

Сарвари давлат зимни таҳлили масъалаҳо доир ба номуназзамиҳои илмӣ, ки вақтҳои охир дар фазои илмии кишвар эҳсос мешавад ёдовар шуданд, ки муҳити илмии кишвар ба ҷои саҳмгузор шудан дар рушди босуботи кишвар ва тараққиёти самтҳои иқтисодию маънавии мамлакат ба фаъолияти номуназзам майл намуда, ба ташаббусҳо ва коркардҳову таҳқиқотҳои илмӣ бетафовутона муносибат менамоянд. Дар ин мулоқоти илмӣ Пешвои миллат олимони кишварро ҳамчун неруи равшанфикру таҳрикдиҳандаи ҷомеа вазифадор намуданд, ки «барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд».

Илова бар ин, зимни ироаи масъалаҳои илмӣ вазъияти минтақа ва ҷаҳон таҳлил шуда, ёдрас гардид, ки дар шароити кунунии ҷаҳон, ки бархӯрдҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию маданӣ шиддат гирифтааст, осебпазирии амниятӣ зиёд шуда, кишварҳое, ки аз лиҳози маърифати ҳуқуқию тафаккури илмӣ солим нестанд туъмаи бархӯрдҳои манфиатҳои абарқудратҳо мешавад.

Агар масъалаҳоро ба дар муқоиса бо воқеаҳои рӯзмараи сиёсати ҷаҳонӣ таҳлил намоем, маълум мешавад, ки манфиатҳои сиёсию иқтисодии кишварҳои бузург дар шароити кунунӣ шиддат гирифта, ҳадафҳои қудратталабона таҳти истилоҳоти «озодӣ», «демократия», «дин», «мазҳаб», «виҷдон», «адолат» ва ғайра ҳамчун василаи таъсиррасонии сиёсию истихборотӣ ба кор рафта, ҳамчун абзори рахнакунандаи фарҳангию сиёсӣ истифода мешавад. Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки имрӯз кишварҳои ҷаҳон дар такя ба неруи илм ба қудрати ҳастаии ҷаҳон мубаддал шудаанд, аммо дар баробари ҳамаи ин, барои миллати тоҷик иттиҳод, фарҳанг ва ҳамбастагии миллию илмӣ ҳамчун силоҳи ҳастӣ дар қиболи тамоми таҳоҷумоти фарҳангию сиёсӣ хидмат мекунад.

Хулоса, Сарвари давлат дар ин мулоқоти бозу ошкоро тамоми назокатҳои илмию маънавиро таҳлил карда, илмро муҳимтарин аркони пешрафту тарақиёти давлат ва раҳоии ҷомеа «аз ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат» унвон намуда, ҳамзамон бовармандии худро ба олимону зиёиёни кишвар эълон кард, ки олимони тоҷик «дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд».

Мо низ ҳамчун ҷавон ва роҳпаймои ҷомеаи илмии кишвар эътимод дорем, ки ҷомеаи имлии мамлакат таҳти сарпарастию сарварии Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои азими илмӣ ноил шуда, дар тамоми вазъият аз манфиатҳои миллӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсию мадании Ватани соҳибистиқлоламон ҳимоят мекунанд ва дар шукуфоии меҳани муқаддасамон нақши илмӣ мегузоранд.

Муҳаммадиқбол Атозода,  

номзади илми филология, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-иДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.