Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27-уми октябр

Зодрӯзи МИКОЛАС ВАЙТКУС, шоир ва драматурги литвонӣ. Соли 1883 дар шаҳри  Горгждойи Литва ба дунё омадааст. Соли 1903 ба семинарияи Каунас дохил шуда, таҳсилашро баъдан дар Санк-Петербург дар Академияи динӣ идома додааст.

Моҳи октябри соли 1944 аз Литва фирор кардааст. Аввал дар Австрия ва Олмон зиставу баъдан ба ИМА рафтааст.

20-уми майи соли 1973 дар шаҳри Провиденси иёлати Род-Айленди Амрико аз олам гузаштааст.

Шоири лирик, аммо ашъораш бештар унсурҳои динӣ дорад.

Соли 1952 дар чунин рӯзе ЁСИХИРО ФРЭНСИС ФУКУЯМО-файласуфи ҷопонитабори амрикоӣ, иқтисоддони сиёсӣ ва нависанда ба дунё омадааст. Дар шаҳри Чикаго зода шуда, дар донишгоҳи Корнелл (иёлати Ню-Йорк) таҳсил намудааст. Рисолаи докториашро дар Донишгоҳи Гарвард ҳимоя кардааст.

Солҳои 1979—1980, 1983—1989 ва 1995—1996 корманди департаменти илмҳои сиёсии вазорати умури хориҷии ИМА дар умури Ховари Миёна ва баъдан Аврупо будааст. Солҳои 1981-1982 узви ҳайати амрикоӣ дар гуфтушунидҳои сулҳи Мисру Исроил дар масъалаҳои мухторияти фаластинӣ будааст.

Ҳоло профессори Мактабҳои мутолеоти байналмилалии пешрафта дар Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз ва директори барномаи рушди байналмилалии  SAIS ва раиси шӯрои маҷаллаи “Манфиатҳои Амрико” мебошад.

ДАР ИН РӮЗ ИНҲО ФАВТИДААНД:

вилли бредельСоли 1964 адиби олмонӣ ВИЛЛИ БРЕДЕЛ (олм. Willi Bredel). 2-уми майи соли 1901 дар Ҳамбург дар оилаи коргар ба дунё омада буд. Солҳои 1930-1932 дар зиндон менишаст ва романҳои “Корхонаи мошинсозӣ”, “Кӯчаи Розенҳоф” ва “Банди дифоъ аз моликият” дар маҳбас навишт. Ҳамаи ин се роман ба забони русӣ ҳамон солҳо тарҷума шуда буданд.

Соли 1933 пайравони Ҳитлер ӯро дубора зиндонӣ мекунанд ва соли 1934 аз зиндон фирор мекунад ва ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳанда мешавад. Солҳои Инқилоби миллии Испания (1936-39) комиссари баталони ба номи Телман буд. Дар романҳои “Санҷиш”, “Бародари ношиноси ту” аз қаҳрамониҳои коммунистон ҳикоят кардааст.
Бредел дар Москав маҷаллаи зиддифашистии “Сухан” (“Das Wort“)-ро таҳрир мекард. Соли 1945 ба ватан баргашт. Муаллифи трилогияи “Ақвом ва дӯстон”, китоби “Эрнст Телман”, повести “Мулоқот дар Эбро”, ҳикояҳо ва повести таърихии “Комиссар дар Рейн”, “Барои ту, Озодӣ” мебошад.

То охири умр дар Берлин зист ва дар ҳамин шаҳр аз олам рафт.

1977 — ҶЕЙМС КЕЙН – адиби амрикоӣ, муаллифи “Хаткашон ҳамеша ду бор занг мезанад”. 1-уми июли соли 1892 дар Аннаполис дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаб чандин бор касбашро иваз кардааст. Муаллим ҳам будаасту нозири роҳ ҳам, сарояндаву фурӯшандаи бима низ. Аз соли 1917 хабарнигори рӯзномаи “Балтимор Сан” будааст, ки мегӯянд он замонҳо аз пурхонандатарин нашрияҳои чопи Амрико ба шумор мерафт.

Соли 1924 баъди муваффақиятҳо дар журналистика ба шаҳри Ню-Йорк меояд.

Баъди Рукуди бузург (рукуди густардаи иқтисодии ҷаҳон, ки як даҳа пеш аз оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм рух дода буд) Кейн ба Ҳоливуд ба кори сенариянависӣ ҷалб мешавад. Аввалин сенарияи вай, ки як ҳикояи детективӣ бо номи “Ширхор дар яхдон” буд, шуҳрат пайдо мекунад. Романи машҳураш “Хаткашон ҳамеша ду бор занг мезанад” соли 1934 нашр мешавад ва ин аз ҷумлаи аввалин китобҳои муваффақи тиҷоратии амрикоӣ буд.

Баъди ҷанг ҳамроҳ бо ҳамсари сеюмаш ба соҳилҳои шарқӣ бармегардад ва бидуни комёбии назаррас ба кори нависандагӣ идома медиҳад.

27-уми октятри соли 1977 бар асари шаробхорӣ аз олам рафт.

Таҳияи Б.Шафеъ