Ҷаласа дар Китобхонаи миллӣ. Гусели муовини директор ба нафақа
Имрӯз, 4 май дар ҷамъомаде дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов ба нафақа гусел шуд. Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар суханронии худ аз хидматҳои шоёни Гадобег Маҳмудов дар самти китобдорию китобхонашиносӣ ва фаъолияти пурсамари ӯ дар Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд.
Сарвари Китобхонаи миллӣ зикр намуд, ки Гадобег Маҳмудов тӯли солҳои фаъолияти худ ба ҳайси муовини Директор корҳои мондагори зиёд анҷом дод. Ӯ барои баланд бардоштани фаъолияти китобдорӣ, савияи дониши кормандони китобхона, ширкати онҳо дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи китобдорӣ саҳми бевосита дорад.
Маҳз бо ибтикори ӯ бахшида ба 85-солагии таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Роҳҳои тадбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ҳамзамон, дар чандин семинар ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯҳои муҳими соҳаи китобдорӣ бо маърӯзаҳо иштирок намуд.
Дар ҷаласа муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ва муовини директор Ҷалолуддин Нурзода, ҳамчунин шогирдону кормандони Китобхонаи миллӣ суханронӣ намуда, аз он ифтихор карданд, ки тӯли 8 соли охир шарафи ҳамкорӣ бо ин инсони шариф доштанд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин ба Гадобег Маҳмудов аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ Сипоснома ва ҷониби Шӯрои бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Гадобег Маҳмудов дар суханронии худ ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва кулли ҳамкорон барои арзи эҳтиром ва ҳамкориҳои созандаву бунёдӣ изҳори сипос намуд.
Наргис Назарзода