Ҷаласаи ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”
Имрӯз, 15 апрели соли 2026, дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Комиссияи Озмун Сайдулло Қувватзода — мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти озмун, мақсаду вазифаҳои он ва зарурати дар сатҳи баланд баргузор намудани даврҳои озмун ибрози назар кард.
Сипас, директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода оид ба раванди омодагӣ ба озмун, таҳияи Низомнома ва саволномаи тавсиявӣ-эҳтимолии Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузориши муфассал пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки Муассиса бо истифода аз таҷрибаи солҳои қаблӣ тамоми тадбирҳои заруриро ҷиҳати дар сатҳи шоиста баргузор намудани озмун роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар идомаи ҷаласа аъзои Комиссия масъалаҳои марбут ба тарғибу ташвиқи Озмун тавассути расонаҳои давлатӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, такмили саволномаи тавсиявӣ-эҳтимолӣ, инчунин тартиби баргузории даври якуми Озмунро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодоту тавсияҳои мушаххас ироа намуданд.
Қайд гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” соли ҷорӣ мутобиқ ба талаботи Низомномаи тасдиқгардида баргузор шуда, даври аввал моҳи майи соли 2026 дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва даври ниҳоии озмун ҳафтаи охири моҳи сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гардид.
Ҳамзамон, дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа пешниҳодоти аъзои Комиссия вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи озмун барои соли 2026 шунида шуда, баъди баррасии ҳамаҷониба масъалаҳо ҷонибдорӣ гардиданд.
Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳо ва фаъолияти давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, ифтихори миллӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон миёни ҷавонон, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.
Ёдрас мешавем, ки сарпарасти молиявии Озмуни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли сеюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Наргис Назарзода





