Ҷаласаи ҳизбии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор”

Дирӯз (22.06.2026) дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳизбии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” бо иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, раиси Кумитаи ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва доираи васеи ҳизбиён доир карда шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло суханронӣ карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки номзади худро барои раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” пешниҳод намоянд.

Тибқи талаботи Оинномаи ҳизб бо ҷонибдории аҳли коллекти Китобхонаи миллӣ директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ – Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” интихоб гардид.

Сипас, Қурбонзода Убайдулло раиси Кумитаи ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳозирин аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан гуфт.

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа аз ҷониби раиси тозатаъни Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” Лутфия Абдулхолиқзода ба онҳое, ки нав ба ҳизи аъзо гардиданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа

Китобхонаи миллӣ