Ҷаласаи навбатии назоратӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар ҷаласаи назоратии навбатии назди директори Китобхонаи миллӣ ҳисоботи масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ (№ 10 аз 8.06.2026) додашуда баррасӣ гардид.

Ҳисоботи муовинони директор оид ба самти азнавбақайдгирии фонди Китобхонаи миллӣ; пешниҳоди Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китобхон” барои мувофиқа ва тасдиқ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Лоиҳаи нақша-чорабиниҳои шуъбаҳои дахлдор барои  июл-август шунида шуданд.

Дар идомаи ҷаласа барои ҳафтаи ҷадид як қатор супоришҳои мӯҳлатнок ироа гардиданд:

Сохторҳои хизматрасони Китобхонаи миллӣ вазифадор карда шаванд, ки тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китобхон” руйхати номзадҳои арзандаро барои муайян кардани «Беҳтарин китобхони Китобхонаи миллӣ» ба комиссияи Озмун пешниҳод намоянд.

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус вазифаадор карда шавад, ки лоиҳаи фармоишро дар бораи ташкил ва баргузор намудани конференсияи байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат” таҳия намуда, ҷиҳати тасдиқ ба роҳбарияти муассиса пешниҳод намояд.

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани даври дуюм ва ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои  Пешвои миллат» тадбирҳои амалӣ андешад.

Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ вазифадор карда шуд, ки аз натиҷаи курсҳои такмили ихисос ва бозомӯзии кадрҳо , ки соли ҷорӣ баргузор гардидаанд, ба роҳбарияти муассиса маълумоти муфассал манзур намоянд.

Ҳамзамон ҷиҳати омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои ҳафтаи равон дар Китобхонаи миллӣ ибрози назар шуда, вобаста ба иникоси лаҳзаҳои чорабиниҳо дар сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бахшу шуъбаҳои масъул дастурҳо дода шуд.

Махфират Муҳиддинова, бахши робита бо ҷомеа

Теги: робита бо ҷомеа