Ҷаласаи назорати назди директори Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи рӯзи 31-уми август ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода баргузор гашт.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи нигоҳдории китоб оид ба вазъи нигоҳдории фонд ва истифодаи он шунида шуд.
Дар доираи масъалаҳои ҷаласа ҳисоботи муовини директори Китобхона Муҳаммадиқбол Атозода оид ба иҷрои нишондоди нақша маҳфилҳои давраи таътил шунида шуд.
Дар идомаи Бандҳои дигари қарори муҳлатноки ҷаласаи №22 (аз 24.08.2026) мавриди таҳлилу назарсанҷӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, якчанд пешниҳоду дархост ба шуъбаву бахшҳои алоҳида ироа гардида, баҳри иҷрои онҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи ҷаласа вобаста ба баргузории маҳфилҳои дар ҳафтаи ҷадид пешбинигашта дастуру супоришҳо дода шуд. Махсусан қайд гардид, ки баҳри дар сатҳи болову арзанда баргузор намудани “Рӯзи дарҳои боз” чораҳои судманд андешида шавад.
Дар доираи масъалаҳои маҷлис ҳисоботи сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус оид ба баъзе тағйироти кадрӣ дар бахшу шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ шунида шуд.
Ҳамзамон, масъулини бандҳои қарори ҷаласаи мазкур вазифадор карда шуданд, ки ҷараёни кор иҷрои супоришҳои тоза ироагардидаро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, аз вазъи иҷрои супоришҳо дар муҳлати муқарраргардида ба таври хаттӣ ва электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.
Сайёра КАРИМОВА