Ҷаласаи назоратии ҳафтаина дар Китобхонаи миллӣ

Дар ҷаласаи назоратии назди директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои бандҳои ҷаласаи назоратӣ аз 22.06.2026 баррасӣ гардид.

Дар он ҳисоботи Раёсати кадрҳо ҷиҳати интизоми меҳнат ва давомоти кормандон шунида шуд. Қайд гардид, ки риояи интизоми меҳнат кафили пешрафти кору фаъолияти корманд ва коргоҳ мебошад.

Ҳамзамон гузориши сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ ва иттилоотӣ (АРКИ) Ёқуб Бобохонов дар шакли рӯнамоӣ вобаста ба баъзе навовариҳо дар низоми бақайдгирӣ ва аъзошавии хонандагон ба  Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ, манзури иштирокдорон гардид.

Дар идомаи ҷаласа нишасту ҳамоишҳои ҳафтаи сипаригардида хуб баҳогузорӣ шуда, ба масъулини ҷаласаҳо изҳори сипос баён гардид.

Ҳамчунин барои ҳафтаи кории ҷадид як қатор супоришҳо ироа гардида, таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои дар пешистода равона гардонидида шуд.

 

Кори ҷаласаи назоратии Китобхонаи миллӣ бо сарфароз намудани корманди Китобхонаи миллӣ Набиева Саодат бо “Сипоснома”-и Китобхонаи махсуси вилоятии Новосибирски Федератсияи Русия барои нобиноён ва шахсони биноиашон заъиф ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар XVI Мактаби хидматрасониҳои ёрирасон ва инчунин, қадрдонӣ намудани корманди Китобхонаи миллӣ Давронова Ойҷонгул аз тарафи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти  давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи шогирдон, ки ғолиби даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардидаанд, анҷом пазируфт.

Махфират МУҲИДДИНОВА