Ҷаласаи назоратии Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз (20.07.2026) дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди директори Китобхона Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ баргузор гашт.
Сараввал ҳисоботи сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир оид ба вазъият ва раванди такмилу истифодаи махзани маълумотии “Портали дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир” шунида шуд. Гуфта шуд, ки зиёда аз 200 аннотатсияи нусхаҳои чопӣ омода гардидааст, ки мунтазам ба барнома ворид карда мешаванд.
Ҳамчунин гузориши сардори Раёсати кадрҳо аз натиҷаи санҷиши фаъолияти корӣ, интизоми меҳнат ва раванди хидматрасонӣ дар басти дуюми шуъбаи матбуоти даврӣ ва ҳамзамон гузориш оид ба натиҷаи санҷиши давомоти кории кадрҳо дар давоми як ҳафта шунида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гашт, ки кормандонро лозим аст одоби намунавии муоширатро ба кор баранд, то ҷалби ҳарчи зиёди хонандагон фаро гирифта шавад. Ҳамзамон, мутобиқи дастурамали вазифавӣ амал кардан бояд дар мадди аввал бошад.
Дар идомаи ҷаласа барои ҳафтаи ҷадид як қатор супоришҳои тоза ироа гардиданд. Роҳбарони сохторҳои муассиса вазифадоранд, ки оид ба вазъи иҷрои қарорҳои ҷаласаи назоратӣ дар муҳлати муқарраршуда ба таври хаттӣ ва электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.
Дар фарҷом бо таваҷҷуҳи махсус ба баргузории мащфилу нишастщои ҳафтаи дар пешистода ва вобаста ба инъикоси лаҳзаҳои чорабиниҳо дар сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бахшу шуъбаҳои масъул дастурҳо дода шуд.
Мағфират МУҲИДДИНОВА