Ҷаласаи назоратии Китобхонаи миллӣ

Имрӯз (27.07.2026) дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди директори Китобхона Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ баргузор гашт.

Ҷаласаи навбатии назоратӣ бо пешниҳоди ҳисоботи Котиби комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китобхони Китобхонаи миллӣ” оғоз гардида, “Ҳуҷҷатҳои зарурӣ  баҳри дарёфти ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китобхони Китобхонаи миллӣ” аз тарафи шуъбаҳои хизматрасон ба комиссияи Озмун пешниҳод гаштанд, гуфт масъули озмун Камолзода С.

Ҳамзамон вобаста ба баргузории Конференсияи байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятофари миллат” таъкид гардид, ки ҳамаи марказ, шуъба ва бахшҳо ҷиддан омода бошанд.

Инчунин ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, Раёсати хоҷагидорӣ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятофари миллат” дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи ҷаласа барои ҳафтаи дарпешистода як қатор супоришҳои тоза ироа гардиданд. Доир ба маҳофиле, ки баргузориашон тайи ҳафтаи ҷадид дар назар аст ва вобаста ба иникоси лаҳзаҳои ин нишастҳо дар сомонаи расмӣ ба бахшу шуъбаҳои масъул дастурҳо  дода шуд.

Роҳбарони сохторҳои муаззафи муассисаро зарур аст, оид ба вазъи  иҷрои қарорҳои ҷаласаи назоратӣ дар муҳлати муқарраршуда ба таври хаттиву электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.

Муҳидинова Махфират,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа