Ҷаласаи назоратии Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз (10.08.2026) ҷаласаи назоратӣ баргузор гашт.
Дар ҷаласаи назоратии назди директори Китобхона зикр гардид, ки дастуру супоришҳои дар қарори ҷаласаи №19 аз 3.08.2026 ироагашта, тибқи муқаррарот иҷро шуданд.
Зимни суханронӣ директори Китоюхонаи миллӣ профессор Лутфия Абдулхолиқзода аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Конференсияи байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармади сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятофари миллат”, бояд дар руҳияи ифтихори миллӣ ва сатҳи баланд баргузор гардад.
Сипас ҳисоботи муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода вобаста ба омодагиҳо ба Конференсияи байналмилалӣ шунида шуд. Қайд гашт, корҳои омодагӣ ҳаматарафа идома ёфта, ҳайати гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои баргузорӣ, илмӣ, техникӣ ва иттилоотӣ муайян гардидааст. Ҷиҳати омодагиҳо ба чорабинии мазкур ҷаласаи байниидоравӣ ва дохилӣ баргузор гардид.

Дар идомаи ҷаласа ҳамаи сардорони шуъбаҳову бахшҳои китобхона вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати баргузории Конференсияи байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятофари миллат” омодагиҳоро ҷоннок намуда, чораҳои амалӣ андешанд.
Вобаста ба баргузории маҳфилҳои ҳафтаи ҷадид дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки сардорони сохторҳои муассисаро зарур аст, оид ба вазъи иҷрои қарорҳои ҷаласаи назоратӣ дар муҳлати муқарраршуда ба таври хаттиву электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.