Ҷаласаи назоратии Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз (24.08.2026) ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода баргузор гашт.

Дар оғози ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи феҳристнигорӣ оид ба  вазъи ташаккули феҳристи электронии муассиса ва истифодаи он шунида шуд. Зимни ҳисобот гуфта шуд, ки дар умум 920 000 номгӯи китоб ба барномаи ALEPH ворид карда шудааст.

Қайд гардид, ки дар Маркази таҳсилот ва инноватсияи китобдории Китобхонаи миллӣ курси бозомӯзии барномаи ALEPH роҳандозӣ гаштааст, ки кормандони шуъбҳои дорои фонди ёрирасон ба омӯзиши он ҷалб мегарданд.

Дар баробари ин мавзуи нигаҳдорӣ ва ҳифзи феҳристи анъанавӣ махсусан қайд гардид, зеро феҳристи анъанавӣ барои китобхона воситаи асосии ҷустуҷӯ ва дарёфти маълумот дар бораи китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои фонди китобхона мебошад.

Ҳамзамон, якчанд пешниҳоду дархост ба шуъбаву бахшҳои алоҳида ироа гардида,  баҳри иҷрои онҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи ҷаласаи назоратӣ вобаста ба баргузории маҳфилҳои дар ҳафтаи ҷадид пешбинигашта дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки сардорони сохторҳои муассисаро зарур аст, оид ба вазъи  иҷрои қарорҳои ҷаласаи назоратӣ дар муҳлати муқарраршуда ба таври хаттиву электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.

 

Махфират Муҳидинова,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа