Ҷаласаи назоратии Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз (13.07.2026) дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди директори Китобхона Лутфия Абдулхолиқзода баргузор гашт.

Бо ифтитоҳи ҷаласа сухан аз маҳфилу нишастҳои ҳафтаи ҷадид рафта, баргузории маҳфилҳои сипаригаштаи “Хонандаи мирӯз – созандаи фардо”, “Бо амри дил”, “Китобхони беҳтарини моҳ” ва дар ҳошияи гӯшаҳои китоби олимони кишвар намоиши китоб таҳти унвони “Сайри гӯшаи китоб” қаноатбахш арзёбӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки ҷалби ҳарчи зиёди хонандагон ба маҳфилҳо боиси баланд бардоштани самаранокӣ ва пешрафти кор мебошад.

Сипас ҳисоботи сардори шуъбаи библиографияи миллӣ шунида шуд. Дар баробари ироа гардидани иҷрои нақшаи солонаи шуъба, оид ба уҳдадориҳои вазифавии кормандон низ сухан рафт.

Ҳамчунин дар ҷараёни маҷлис дар мавриди хидматрасонӣ ба муштариён ва табъу нашр ва таҳрири китобҳои нашршаванда ибрози назар карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа бандҳои мӯҳлатнок ва мӯҳлаташ кутоҳи қарори ҷаласаи №14 (аз 06.07.2026) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд кардан зарур аст, ки идома ёфтани баргузории семинари омӯзишии тарзи навишти мақолаҳои илмиву адабӣ аз тарафи кормандон хуб истиқбол гашта, дар оянда равнақ хоҳад ёфт.

Дар идомаи ҷаласа барои ҳафтаи ҷадид як қатор супоришҳои тоза ироа гардиданд. Масъулини бандҳои қарори ҷаласаро мебояд  ба раванди иҷрои супоришҳои тоза ироагардида диққати ҷиддӣ дода, аз вазъи иҷрои супоришҳо дар муҳлати муқарраргардида  ба таври хаттӣ ва электронӣ гузориш пешниҳод намоянд. 

Таваҷҷуҳи махсус ба баргузории чорабиниҳои ҳафтаи дар пешистода нигаронида шуда, вобаста ба иникоси лаҳзаҳои чорабиниҳо дар сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бахшу шуъбаҳои масъул дастурҳо дода шуд.

Махфират МУҲИДДИНОВА, 

робита бо ҷомеа