Ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода баргузор гашт.

Дар ҷаласа ҳисоботи сардорони шуъбаву бахшҳои ҳисоботдиҳанда ҷиҳати иҷроиши супоришҳо, аз ҷумла, иҷрои вазифаҳои дар пеш гузошташуда баррасӣ гардид.

Ҳамзамон барои ҳафтаи кории ҷадид як қатор супоришҳо ироа гардида, сохторҳои дахлдори Китобхонаи миллӣ баҳри таҳияи лоиҳаи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Китобхони беҳтарин” вазифадор карда шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ва баргузории нишастҳои дар пешистода равона гардонидида шуд.

Қайд гардид, ки иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Муассиса барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Китобхона  мусоидат менамояд.