Ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ

Имрӯз (03.08.2026) дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди директори Китобхона Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ баргузор гашт.
Дар ҷаласа ҳисоботи сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ оид ба вазъи фаъолияти марказ дар самти таҳсил дар зинаҳои аспирантура ва доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос шунида шуд.
Сипас Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китобхон”-и Китобхонаи миллӣ (тибқи фармоиш аз 16.06.2026, №340) ҳуҷҷатҳои номзадҳоро мутобиқ ба талаботи Низомнома пешниҳод намуд.
Дар идомаи ҷаласа шуъбаҳои робитаҳои байналмилалӣ ва тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ лоиҳаи сенария-барномаи Конференсияи байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятофари миллат”; шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нақшаи рақамигардонии адабиёти фонди шуъба ва ворид намудани мавод ба пойгоҳи маълумотии “Портали дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир”; шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ доир ба таҳия ва барои истифода омода намудани саҳифаи англисии сомонаи Китобхонаи миллӣ аз лиҳози техникӣ-барномасозӣ гузориш пешниҳод намуданд.

Вобаста ба баргузории маҳфилҳои ҳафтаи сипаригашта ба як қатор шуъбаҳо, аз ҷумла ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд изҳори сипос баён карда шуд.
Бо таваҷҷуҳи махсус ҷиҳати баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятофари миллат”ба бахшу шуъбаҳои масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки роҳбарони сохторҳои муаззафи муассисаро зарур аст, оид ба вазъи иҷрои қарорҳои ҷаласаи назоратӣ дар муҳлати муқарраршуда ба таври хаттиву электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа