Ҷаласаи назоратӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз (17.08.2026) дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратӣ баргузор гашт.

Ҷаласаи назоратиро директори Китобхонаи миллӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ бо арзи сипос аз баргузории Конференсияи байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармади сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятофари миллат” ба кулли кормандони Муассиса оғоз намуд. Гуфта шуд, ки конференсияи мазкур дар сатҳи баланд ва руҳияи ифтихори миллӣ баргузор гардида, рӯзҳои наздик рӯи чоп омадани маводҳои ҳамоиш – маърӯзаҳои иштирокдорони он дар назар аст.

Сипас, ҳисоботи сардори шуъбаи мукаммалгардонии фонд оид ба вазъи такмил ва коркарди адабиёт манзури ҳозирин гашта, мавсуф оид ба мӯҳлати коркард ва то ба хонандагон расонида шудани адабиёти тозанашру тозаворид сухан кард. Бояд гуфт, шуъбаи мукаммалгардонии фонд аввалин зинаест, ки китоб дар китобхона тай мекунад.

Дар идомаи ҷаласа вобаста ба баргузории маҳфилҳои дар ҳафтаи ҷадид пешбинигашта дастуру супоришҳо дода шуд.  Махсусан қайд гардид, ки баҳри дар сатҳи болову арзанда баргузор намудани маҳфилҳо чораҳои судманд  андешида шаванд.

Ҳамчунин доир ба лоиҳаҳои ҷадид – ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”, баргузории “Рӯзи китоб” ва Рӯзи дарҳои боз андешаҳо ироа гардиданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки сардорони сохторҳои муассисаро зарур аст, оид ба вазъи иҷрои қарорҳои ҷаласаи назоратӣ дар муҳлати муқарраршуда ба таври хаттиву электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.

Махфират МУҲИДИНОВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа