Ҷаласаи назоратӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз (06.07.2026) дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода баргузор гашт.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи мутахассиси пешбари шуъбаи котибот оид ба натиҷаи фаъолияти шуъба дар давоми моҳҳои май-июни соли 2026 шунида шуд.
Ҳамчунин хулосаҳо аз натиҷаи баргузории ҳамоиши илмӣ-маърифатии “Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат”, ки шуъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхона пешниҳод намуда буд, ироа гардиданд.
Бандҳои дигари қарори ҷаласаи №13 (аз 30.06.2026), ки мӯҳлатнок мебошанд, мавриди таҳлилу назарсанҷӣ қарор гирифтанд.

Оид ба раванди иҷрои бандҳои Қарори ҷаласаи назоратии назди директор, аз ҷумла ҷиҳати иваз намудани ному насаби сардорон ва кормандони сохторҳои Китобхонаи миллӣ ба меъёри муқаррарнамудаи номгузории забони тоҷикӣ, дастурҳо дода шуд.
Дар идома ҳамоишҳои баргузоргаштаи ҳафтаи сипаригардида хуб баҳогузорӣ шуда, барои ҳафтаи кории ҷадид як қатор супоришҳо ироа гардиданд. Масъулин ҷиҳати иҷрои нишасту маҳфилҳои ба нақшагирифта вазифадор гардиданд, ки дар баргузории онҳо диққати махсус равона созанд.

Ҳамзамон, масъулини бандҳои қарори ҷаласаи мазкур вазифадор карда шуданд, ки раванди иҷрои супоришҳои тоза ироагардидаро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, аз вазъи иҷрои супоришҳо дар муҳлати муқарраргардида ба таври хаттӣ ва электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.
Махфират МУҲИДДИНОВА