Ҷаласаи Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ

Имрӯз, 1-уми июли соли 2026 маҷлиси Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ Наргис Валиева оид ба масъалаи “Вазъи таҳия ва ба чоп омода намудани “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027”” шунида шуд.

Раиси Шурои илмӣ-методӣ Лутфия Абдулхолиқзода пас аз баррасии ҳисоботи мазкур иброз намуд, ки Тақвим ба китобдорону дигар дастандаркорон, ки дар тарҳрезию созмондиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, илмӣ, адабию фарҳангӣ ва оммавӣ-маърифатӣ ҳиссагузоранд, мадад хоҳад расонид.

Маврид ба зикр аст, ки “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон” фақат ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, доираи фарогирии матолиби он  васеъ мебошад.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи муовини сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Раҳмонова оид ба масъалаи “Бунёди фонди китобҳои гӯё дар Китобхонаи миллӣ: масъалаҳои ташкилӣ-техникӣ ва тарғиб” ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як манбаи муҳими дарёфт ва ҳифзу нигоҳдории санадҳо ва маводҳои электронӣ дар иртибот ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд корро ҷиддӣ назорат карда, пайваста оид ба беҳтаргардонии бойгонӣ ва ҷамъоварии маводи аудиовидеоӣ-электронӣ саҳмгузор бошад.

Дар идомаи ҷаласа Зуҳро Матинзода сардори шуъбаи депозитарӣ, аз рӯйи масъалаи сеюми рӯз баромад карда,  баррасии мавзӯи “Ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии электронии шуъбаи депозитарӣ”-ро пешниҳоди иштирокдорон гардонид.

Дар доираи масъалаи ҷории маҷлис Низомномаи озмуни дохилимуассисавии “Беҳтарин сохтори Китобхонаи миллӣ”  мавриди баррасӣ қарор гирифта, қаноатбахш арзёбӣ шуд.

Дар фароварди ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ҳайати Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида ва пешрафти самтҳои муайян қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар ҷамъбаст раиси Шурои илмӣ-методӣ – директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода ҷиҳати тадбирандешӣ баҳри беҳбуди сатҳу сифати фаъолият ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи ҳайати Шурои илмӣ-методӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар зимн, маҷлиси Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ моҳе як маротиба баргузор мегардад, ки дар он  масъалаҳои муҳими Муассиса оид ба беҳтарсозии фаъолит ва беҳбудии соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Махфират МУҲИДИНОВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа