Ҷалол Икромӣ. Ба фикри ман
Маҷаллаи “Садои Шарқ” соли 1969 ин мақолаи устоди насри тоҷик Ҷалол Икромиро чоп карда, нагуфтааст, ки он баромад дар пленум ё анҷуман аст ва ё мақолае, ки муаллиф махсус барои ин нашрия навиштааст. Устод Икромӣ бо ҷиддият вазъи насру насрнависони ҳамзамонашро ба риштаи таҳлил кашидаву чун дар мақолаҳои дигараш ба адибои ҷавон тавсияву маслиҳатҳо додааст.
Аз эродаш ба кадом шахси маърузакунанда пайдост, ки матлаб аслан суханронии устоди калом будааст ва шояд бо таҳриру ихтисор ба маҷалла пешниҳод шудааст.
Он чи устод Икромӣ мегӯяд, барои имрӯзиён низ чун маслиҳати як устод ба шогирд лозим аст.
Ҳамкорамон Фароҳнози Тоҳирхон заҳмат кашидаву ин матлабро рӯнавис кардааст,ки ҳоло пешкаш мешавад.
БА ФИКРИ МАН
Дар анҷумани аввалини нависандагони Тоҷикистон буд ё дар пленум ба ҳар ҳол солҳои 1934-35, нависандаи маъруфи рус Виктор Шкловскиий баромад карда, бо мо тавсия дода буд, ки чӣ тавр карда хонандаи тоҷикро ба худ ҷалб кунем. Вай гуфта буд, ки нашриёт «Чор дарвеш» барин асарҳои ба халқ маълум ва машҳурро бо ҳуруфоти калон, ҳикояти ҳар кадом дарвешро алоҳида-алоҳида чоп кунад, то ки хонанда асари дўстоштаи худро дар магазини китоб дида, гираду хонад ва бо ҳамин роҳи магазини китобро фаромўш накунад.
Бале, он солҳо мо барои ҷалб кардани хонанда ва фўрухтани китобҳои худ ҳамин хел роҳҳоро меҷустем. Вале бо вуҷуди он асарҳои мо дар рафҳои магазинҳо моҳҳо ва солҳо меистоданд… Аммо имрўз вазъият тамоман баракс шудааст. Нашриёт китоби моро, хусусан насри бадеии тоҷикро ҳар чи қадар, ки чоп кунад, дар бадали ду ҳафта хонанда гирифта тамом мекунад. Баъд дўстдорони китоб аз магазин ба магазин, аз шаҳр ба шаҳр китобковӣ карда мегарданд, доду фарёд мекунанд, вале китобро намеёбанд. Китоб дар магазин қарор намегирад. Бозори насри бадеии тоҷик тезу гарм шудааст. Ин хушбахтӣ, ин ифтихори бузургро ҷавонони мо, касодии бозори насрро надидаанд, дуруст дарк карда наметавонанд. Ба фикри ман, ягон мунаққиди адабӣ худи ҳамин ҳолро таҳлил карда, сабаби он қадар касод будан ва ин қадар ба авҷ шудани бозори насрро ҷўён шавад, хеле ҷузъиёти вазъияти насри бадеии моро кашф карда метавонад. Шубҳае нест, ки дар солҳои сиюм маданияти халқамон ба ин дараҷа набуд. Саводнокҳо кам буданд, асарҳои мо менавиштагӣ ҳам он қадар таърифӣ набуданд. Мо нависандагони ҷавони онвақта чандон таҷриба надоштем. Кам медонистем, кам хонда будем ва худи зиндагӣ дигар навъ буд. Ҳоло агар мо хоҳем, ки баъзе асарҳои солҳои сиюм тарҷума карда чоп кунем, аминам, ки ба хонандаи умумииттифоқӣ чандон маъқул намешавад. Мо ҷавон будем, адабиётамон ҷавон буд, насри бадеӣ қадамҳои аввалинро мегузошт.
Баъд мамлакат пеш рафт, халқамон пеш рафт ва сабзид. Насри бадеимон ҳам гул-гул шукуфт. Асарҳои насрии ҳар кадоми моро, хоҳ аз они Улуғзода, хоҳ азони Раҳим Ҷалил, хоҳ азони Фотеҳ Ниёзӣ ва хоҳ азони каси дигарро гиред, шукр, ки яке аз дигаре беҳтар ва зўртар ва бамаънитар шуда истодаанд. Албатта, ман он тафриқаеро, ки дар эҷодиёти ҳар нависанда дида мешавад, дар назар надорам, яъне як асараш нағз, дигараш нағтар ва гоҳо ба таври миёна ва на чандон нағз мебарояд. Ман сабзиш ва болоравии умумӣ ва болоравии савияи нависандагонро мегўям. Нависандаи қобил ва эҷодкори ҳақиқӣ аз ҳаёт қафо намемонад. Ҳаёт рўз то рўз пеш меравад. Бинобар ин аст, ки бемуваффақиятӣ ва пешпо хўрдани баъзе аз мо, ки баробари ҳаёт давида рафта истодаем, дарҳол маълум мешавад ва боиси таассуфи умум мегардад. Ва низ пешравӣ ва муваффақияти мо дар ҳол ба назар менамояд ва боиси фараҳу шодии дўстон мегардад. Муваффақияти эҷодии Сотим Улуғзода, ки асари калони худро ҳоло нашр кардааст, дарҳол мадди назари мардум гашт. Мунаққидон аллакай мақолаҳо навишта, ҳаққонӣ ин асарро таъриф карданд. Ман, ки яке аз аввалин хонандагони ин асар ҳастам, гуфта метавонам, ки Улуғзода дар ин асараш ба комёбӣ муваффақ шудааст. Дар кори калон камбудиҳо ҳам мешаванд. Албатта, он ҷузиётро қайд карданд ва боз қайд мекунанд. Нависанда ҳамаи онҳоро дар назар дошта, дар нашрҳои ояндааш ислоҳ мекунад.
Муваффақияти Фазлиддин Муҳаммадиев низ дарҳол ошкоро гашт ва повести «Дар он дунё»-и вай дар ин дунё овоза паҳн кард. Муваффақияти нависандагони ҷавон низ ҳамин тавр. Мебинед, ки саҳифаи журнал ва рўзномаҳо номҳои нав ба нав баромада истодаанд, аввал бо ин номҳои ношинос ва асарҳои онҳо назарногирона нигоҳ мекунед. Баъд ин асарҳоро мегиреду камтар мехонед ва аҷаб мегўед, ин кӣ бошад, чизаш ғалатӣ – ку! Ҳамин тавр як ҳикоя, ду ҳикоя, баъд повести он ҷавони ношиносро мехонед. Ҳайрон мешавед: бо ин зудӣ аз очерк ба ҳикоя ва аз хикоя ба повест гузаштани як нависандаи ҷавон бешубҳа аз қобилияти ў дарак медиҳад. Пас кист ин ҷавон, ин нависандаи навбаромад? Як рўз ба наздатон ҷавони хоксоре меоянд, салом медиҳад, худашро маъруфӣ мекунад: ман фалонӣ, як ҳикоя овардам, хонда диҳед мегўяд…
Хушбахтона, ҳоло дар соҳаи наср ҳамин тавр номҳои нав, одамони нав, қобилиятҳои нав бисёр шудаанд ва рўз то рўз миқдорашон афзуда истодааст. Ин ҳол моро шоду хурсанд мегардонад, зеро ки мо як вақтҳо гадоӣ карда, номҳо ва истеъдодҳои навро ёфта наметавонистем. Ба ҳар шахсе, ки каму беш ба насрнависӣ майл мекард, дудаста меҷаспидем, ҳикоя ва очеркҳои хому хаталаи ўро зўр зада ислоҳ карда, чоп мекардем, хушомад мезадем, ки боз нависад. Муҳаррирону ходимони матбуоти имрўза кайфе доранд, зеро акнун онҳо, асарҳои нав ба нави ҷавонҳоро сара карда, ҷудо карда, нағзашро мегиранд ва албатта дуруст мекунанд, ки ба соҳибони он асарҳо маслиҳатҳо дода, асарҳояшонро борҳо ба худашон боз мегардонданд ва дар натиҷа ҳикоя ва повестҳои каму беш пухта ва нағзро ба даст медароранд.
Аз ҷавонҳои хушлаёқат ман бо асарҳои Маъруф Бобоҷонов каму беш шинос шудам. Ин ҷавони сермаҳсул ва бағайрат дар матбуот хеле ҳикоя ва очеркҳояшро чоп кардааст. Лекин вақте ки ба назди ман ба мақсади чоп кунонидани аввалин маҷмўаи ҳикоя ва очеркҳоон омад, нигоҳ карда дидам: худаш хеле сара карда, беҳтарин ҳикоя ва очеркҳошро овардааст. Дар як ҳикояаш ў ҳатто таҷрибаи наве кардааст. Вай хостааст, ки як дараҷа ба услуби насрнависии имрўзаи Ғарб тақлид кунад, яъне аз тасвир (описателность) даст кашида, асарро фақат бо муколама нависад. Умуман ин хел таҷрибаҳо бад не, вале онро тавонистан лозим буд. Азбаски шароити ҳикоя бетасвир танг аст, азбаски нависанда маҳдуд шуда мемонад, гоҳо дар мазмун ба камбудиҳо роҳ медиҳад. Дар ин кор ботаҷриба ва пухта будан лозим аст. Бинобар он он ҳикояро худи Маъруф Бобоҷонов аз маҷмўааш баровард. Худи ҳамин нишон медиҳад, ки нависандаи ҷавон ба роҳи насрнависӣ бо қадамҳои қавӣ ва бо боварии мустаҳкам даромадааст ва шубҳае нест, ки оянддаш дурахшон аст. Ман аввалин повести вай «Маҳтобшаб»- ро хондам. Ин асар нишон медиҳад, ки Бобоҷонов дар оянда асарҳои хуб офарида метавонад. Сюжети повест чандон печ дар печ нест. Воқеа тахминан дар як моҳ мегузарад ва доираи он низ маҳдуд аст. Лекин нависанда якчанд образҳои зинда ва барҷаста офаридааст. Хусусан бригадири колхоз ба ман хеле маъқул шуд. Албатта, повест ҳанўз камбудиҳо дорад ва нависанда бо ёрии рафиқонаш онро боз кор карда мебарояд. Ман боварӣ дорам, ки ин повест пас аз чоп шуданаш ба хонанда маъқул хоҳад шуд.
Ҷавононро рўҳбаланд карда, ҳар як муваффақияти онҳоро нишон дода, камбудиҳояшонро ба худашон гуфтан ва қаламкашони соҳаи насрро афзудан лозим аст. Насрнавис ҳар қадар ки бисёр бошад, боз ҳам кам аст, зеро вазни асосии ҳар як адабиёт насри бадеии он аст.
Чи тавре ки гуфтем, дар соҳаи насрамон қаламкашон ҳастанд ва бисёр шудаанд, лекин ба сифати ин насри бисёр, ба санъати он ҳам диққат додан лозим аст. Ба мо насрнависон маҳорати нависандагиро омўхтан лозим аст, ки он ба осонӣ ба даст намедарояд.
Дар саминере, ки ҳамин сол дар Москва гузашт ва ман дар он иштиок доштам, дар ҳамин хусус гап шуд. Баъд мо заргарӣ ва маҳорати Толстойро дар эҷод кардани романи «Ҷанг ва сулҳ» дида баромадем, нусхаҳои ўро варақ задем. Баъзе нусхаҳо чунон нағз, чунон моҳирона навишта шудаанд, ки агар аз они ман мешуданд, бе гуфтугў гузаронида мефиристодам. Лекин Толстой боз аз нав кор карда, бо тарзи дигар навиштааст. Мўсафед то нозуктарин ҷиҳати воқеа рафта нарасад, аз кор даст намекашидааст. Мо чун сюжети каму беш маъқул мешудагӣ созем, як-ду персонажи ба назар намоён офарем, тамоми асарро ба мошинка дода, рўзи дигар ба нашриёт мебарем. Бадии кор дар ҳамин аст, ки дар нашриёт ва матбуот ҳам муҳаррирҳои зўр камтар дорем. Онҳо ҳам ба дараҷаи худамон. Асарамон зуд маъқул мешаваду зуд ба чоп мефиристонанд. Аз онҳо ҳам гиле не. Ҳар чи зудтар як асари навро ба майдон овардан муваффақияти ҳамаамон аст. Лекин дар асарҳои ҳамаи мо ҳанўз маҳорат камӣ мекунад. Баъзе персонажҳои асарҳоямон аз саҳифаи аввал то ба охири китоб дар як ҳолат, дар як вазъият ва дар як рўҳия мемонад. Ҳол он ки ҳар як воқеаи тасвир мешудагӣ бояд ба он персонаж ҳам таъсир кунад, бояд ўро дигар кунад. Масалан, як ҷавонро нишон медиҳем, баъд вай духтареро дида ошиқ мешавад, аммо гуфтугў ва ҳолати ў боз ҳамон хел мемонад, ки дар аввал буд. Ва ҳол он ки ишқ бояд ўро дигар карда бошад. Баъд ишқаш поймол мегардад, духтарак ба каси дигар мерасад, аммо ин ҷавон боз ҳамон хел мондан мегирад….
Ман ба рафиқони насрнависи худ, хусусан ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки дар як ҷо нишаста намонанд, сафар кунанд, дунёро бубинанд, бо одаму олам шинос шаванд. Ҳар боре ки ман Москва рафта, гоҳ даар Переделкино истода бармегардам, ҳис мекунам, ки ман хеле дигаргун шудаам, зеро ки дар онҷо, дар хонаи эҷодӣ бо нависандагони пешқадами рус, бо нависандагони дигар миллатҳо шинос мешавам, сўҳбат карда, аз онҳо гап медуздам ва меомўзам.
Акнун чанд калима дар бораи баъзе корҳои ташкилии соҳаи наср гуфтанӣ ҳастам. Пеш аз ҳама дар бораи нашриётамон. Нашриётамон ба адабиёт ва сабзиши он аз нуқтаи назари иқтисодӣ наздик мешавад, на аз нуқтаи назари сиёсӣ ва идеологӣ! Чоп кардани асар, иқтисодан дастгирӣ кардани нависанда, кори бузурги давлатист! Дар нашриёти мо кўшиш мекунанд, ки асарҳои моро камтар чоп кунанд. Мардум бошанд, дар магазинҳои китоб асари моро кофта, наёта мегарданд. Ман бо хеле аз нависандагони дигар республикаҳо ҳамсўҳбат шудаам. Дар Қазоқистон ҳар як асари навро аз мо зиёд чоп мекунанд. Адади нашри китобҳои Тотористон барин респупликаи мухтор чандин- чандин ҳазор аз мо бештар аст. Пас гуноҳи мо дар чист? Албатта, иқтидори комбинати полиграфӣ, қоғаз ва дигар чизҳоро сабаб карда нишон медиҳанд. Аммо чаро дар худи ҳамин нашриёти мо баъзе китобҳои дуввўми «Духтари оташ» дар план даҳ ҳазор нусха буд, баъд дар дақиқаҳои охир онро гирифта ҳафт ҳазор карданд. Чаро?
Даъвои дигари ман ҳамин аст, ки барои тарҷима кунонидани як асар мо хору зор мешавем. Асарҳои мо то русӣ тарҷима нашаванд, то дар матбуоти русӣ набароянд, дастраси миллионҳо шуда наметавонанд. Мо мўйсафедон, ки дар тарҷима ва нашри асарҳоямон он қадар азоб мекашем, вой бар ҳоли нависандагон ҷавон! Ин масъалаи хеле муҳим аст, ки ҳал кардани он адабиётамонро ба пеш мебарад.
Ман боварӣ дорам, ки Пленуми мо мувофиқи зарбулмасали «нишастанду гуфтанду бархостанд» нахоҳад буд. Ҳамаи масъалаҳои муҳиму гуфтугўҳои зарурие, ки дар ин ҷо мешавад, бояд ҷомаи амал пўшад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нашриёти «Ирфон» ва дигар ташкилотҳои дахлдор бояд барои иҷрои қарордоди он кўшишу ғайрат кунанд.
Акнун як – ду калима дар бораи баъзе фикрҳои норавшани маърўзачӣ.
Романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» дар ҳақиқат ҳам аз ҷиҳати услуб ва ҳам аз ҷиҳати санъати гуфтор аз романи «Духтари оташ» фарқ мекунад. Дар ин роман замон дигар шудааст, одам дигар шудааст. Бинобар ин услуб ҳам дигар шуд. Ҳарчанд ки сюжети роман хеле печ дар печ аст, вале ман ба ҳеҷ ваҷҳ онро асари детективӣ намегўям. Ин фикр тамоман ғалат аст. Қаҳрамони асосии роман Асад Махсум аст. Асад Махсум воқеаро пеш мебарад. Вале ин далели он нест, қаҳрамонҳои мусбат дар ин роман суст баромадаанд. Фикри он, ки қаҳрамони мусбат суст ва қаҳрамони манфӣ зўр аст, ҳанўз аз солҳои сӣ гуфта мешавад, Росташ, ки ин тавр суханҳо ба дили кас зад, зеро баъзе рафиқон асарро дуруст нахонда, бемалол ин гапро гуфтан мегиранд. Ҳатто онҳо ин фикри худро бо ду-се калимаи маъмулӣ исбот ҳам карда медиҳанд. Лекин рафиқони муҳтарам, камтар боинсоф шавед, меҳнати зиёдеро, ки ба офаридани ин тавр асарҳои пурмасъулият нависанда сарф мекунад, дар назар доред. Ман аввалаш ин ки худам як дараҷа шоҳиди он давр будам. Баъд одамони он давраро медонам, ниҳоят даста-даста китоб хондаам, дар архивҳо на як моҳу ду моҳ нишаста кор кардаам. Агар ман ин корамро чун асари илмӣ ба Академия тақдим мекардам, рафиқони қадршиноси олимам ба ман кайҳо унвони калони илмӣ медоданд. Дар пленумҳои мо бошад ман ҳанўз ҳам танқид мешунавам. Хайр зарар надорад, танқид ҳарҷанд талх аст, фоида мерасонад. Танқид шунида- танқид шунида устухонҳои мо сахт шуд.
Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№7
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.