Ҷалол Икромӣ: “Чӣ тавр коғаз сиёҳ кардем. Суҳбат бо рафиқони ҷавон

Ҷалол ИкромӣВУРУД.  Кас аз хондани ин гуна навиштаҳои насиҳатомези пирони кор, суханварони мумтозу адибони маъруф хаста намешавад. Устод Ҷалол Икромӣ (равонашон шод бод) аз зумраи устодони сахтгиру сахткӯш буданд. Сари чанд вақт дар матбуот аз таҷрибаҳои эҷодии худ менавишгтанд, то дигаронро раҳнамоӣ кунанд.

Ин мақоле, ки оғозашро иқтибос овардем, дар шумораи аввали соли маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1967 чоп шудааст. Дар ин навишта устоди калом аз таҷрибаи нависандагии худ ҳикоят кардаву камбудиҳои насрнависони имрӯзро ҳам нишон додаанд. На танҳо эрод гирифтаанд, балки раҳнамоӣ кардаанд.

Барои донишомӯзон ва касоне, ки мехоҳанд бо пайроҳаи эҷод қадам зананд, хондани ин мақоларо ҳам тавсия медиҳем.

Инак, пораи аз ин мақола:

Нависанда будан бахту шарафи бузургест, ки ба ҳар кас муяссар намешавад. Ман нависанда, гуфтан – ман халлоқи маонӣ, ман дунёҳо, ҳодисаҳо, одамҳо ва неку бадро меофарам, эҷод мекунам гуфтан аст. Қалами нависанда эъҷозкор аст; вай руҳи инсонро бояд аз нав созад; вай бояд бо асоси инсон, бо майнаи одам сару кор дошта бошад; баъзеҳоро аз хоки пастӣ ба самои олӣ бардорад, баъзеҳоро аз осмони карру фар ба замин занад; ба роҳгумзадагон ситораи саҳарӣ бошад, ба аламзадагон офтоби хуррам!

Нависанда ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз танҳо нест. Қалами ӯ маҳрами рози вай аст. Нависанда ҳар ҳодиса, ҳар воқеаро барои қалами худ ғизо карда метавонад. Агар шодӣ кунад, агар дар фазои хуррамӣ дар парвоз бошад, қаламаш пари ӯ; агар ғамгин бошад, агар пардаи тираи дарду алам ӯро печонида бошад, қаламаш ғамгусор ва роздони ӯ… Лекин нависанда ҳеҷ гоҳ қаламшро ба худаш хизматгор, ба худаш югурдак накардааст. Қалами вай атвори бузургиро аз бузургон омӯхтааст! БИНОБАР ОН МЕГӮЯМ, КИ НАВИСАНДА ХУШБАХТ АСТ: ДИЛУ ДИЛДОР ДОРАД!

Барои нависанда шудан пеш аз ҳама қобилият доштан, қобилияти табиӣ дошатан лозим аст. Қобилият камубеш дар ҳар кас (ҳар чанд ки дар баъзеҳо ба дараҷаи улвӣ, дар баъзеҳо на ба он дараҷа) ҳаст. Лекин шароити муайяне лозим аст, ки ин қобилият дар кас тараққӣ кунад, зоҳир гардад.

Вақте ки ман мактаб мехондаму ба китобу қиссахонӣ имконият пайдо шуд, чунон шароите ба амал омад, ки ман бештар мехондагӣ шудам, бештар мароқ зоҳир мекардагӣ, бештар завқ мекардагӣ шудам. Дар авлоди мо нависанда набошад ҳам, одамони фозил ва китобхонҳои бисёр буданд. Онҳо дар байни худ оид ба асарҳои хондагии худ, оид ба муаллифҳои гуногун ва сеҳри қалами онҳо суҳбат мекарданд. Ман дар ин гуна сӯҳбатҳо нишаста завқ мебурдам ва бо шавқи калон аз китобхона ҳамон китобҳои номбурдашударо гирифта мехондам ва дар майнаи худ баҳсу мунозираи амаку амакбачаҳои худро санҷида, қиёс карда медидам. Ана ҳамин ҳол рафта-рафта чунон шароите ба вуҷуд овард, ки қобилияти нависандагии ман тараққӣ кард ва ман ҳам ба ин роҳ қадам ниҳодам. Бинобар он мегӯям, ки пеш аз ҳама хондан лозим. Ҳар чи, ки ба даст афтад, хондан лозим. Ман дар хондани романҳои хуб як мактаби бузурги адабиро мебинам. Вақте ки романи хуби шавқовар ба дастам меафтод, гӯё як дунё хушию хуррамиро соҳиб мешудам. Китоби нағзро осуда, мустареҳона хонда наметавонистам, агар хурсандиовар бошад, шодӣ мекардам, агар пуралам бошад мегиристам. Ҳар он кас ки китобро мустареҳона, беҳаяҷон хонад, беҳтар ки вай нависандагиро орзу накунад. Чи тавре ки дар хондани китоби нағз ба ҳаяҷон меоед, дар вақти навишатан ҳам бехуд шудан, ба олами тасвирот ба олами қаҳрамонҳои асаратон даромада рафтан лозим мешавад. Инро албатта ба таври сунъӣ карда наметавонед. Чи тавре ки пештар мегуфтанд; чунин шоирӣ, ё ки чунин нависандагӣ худ аз худ ба таври табиӣ, дар натиҷаи шавқи зиёд бояд даст диҳад. Аммо ба ин мартаба расида тавонистан дар ин ҷода роҳ паймудан, дар ин кор машқ кардан ҳам лозим аст. МАШҚ ЧИСТ, МЕГӮЕД? ПЕШ АЗ ҲАМА ХОНДАН, ОШИҚ ШУДА ХОНДАН АСТ.

Ман аввалҳо бе ҳеҷ гуна тартиб мехондам. Ҳар чӣ ки ба дастам афтад, гирифта мехондам. Хоҳ форсӣ, хоҳ туркӣ ҳар чи ки дастрас мешуд. Албатта, агар ман мурабии бошууре медоштам, вай дар ин кор ба ман мадад карда, мувофиқи синну сол  ва мувофиқи доираи дониши ман китобҳои даркориро ёфта медод.

Ба ҳар ҳол, хондани асарҳои гуногун беасар нарафт, дар охир худи ман ба навиштан сар кардам. Асарҳои аввалини ман аз ҷиҳати забон ва услуб ба асарҳои эронӣ ва афғонӣ монандӣ дошт. Лекин дар ҳамаи он ҳикояҳои аввалини ман сюжет буд, конфликт буд ва мавзӯяшон ҳам ба замонашон оид ва зарӯрӣ буд. Чунончи истеҳкомияти ҳокимияти советӣ, мубориза ба хурофот ва аҳли дин, мубориза барои озодии занон, мубориза бо босмачиён, мубориза бо бесаводӣ ва ғайра…

Тақлид, ба фикри ман ду хел мешавад: кӯркӯрона ва пайравона (ё ки бошуурона). Чӣ тавре ки Бедил мегӯяд; ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд! Мо нависандагон, шоирон ва аҳли ҳунар ҳама аз устодони худ меомӯзем, ба онҳо тақлид мекунем ва тақлид карда истода эҷод менамоем, ки пас кори саркардаи онҳо боз пештар меравад. Бале ҳамаи кори дунё ҳаминхел сохта шудааст!

Аммо тақлиди кӯркӯрона хуб не. Ин хел тқлид роҳи эҷодиятро мебандад, аз ин кор манфиате, суде намешавад. Тақлиди эҷодкорона, тақлиди бошуурона ва дониста карда шуда хуб аст, он яке аз заруриятҳои кор аст.

Баъзе шоирон ва насрнависони ҷавон, кӯркӯрона тақлид карда менависанд, ки ин хеле бад аст; на худашон як чиз мешаванд ва на ба адабиётамон ягон чизи нав меоранд. Аз устодони бузург, аз қаламкашони моҳир омӯхтан, ба онҳо тақлид кардан лозим аст, лекин устокорона, эҷодкорона тақлид бояд кард. ТАҚЛИД МЕКУНАМ ГУФТА, РӮБАРДОРӢ, ДУЗДӢ НАКУНЕД!

Тақлиди бошуурона ва моҳирона – дар шеър тазмини хуб аст. Дар назму насри мо дар ин боб намунаҳои хуби бисёре ҳаст.

Азбаски дар ин ҷо ман мехоҳам аз таҷрибаҳои худ баён кунам, дар мисолҳо асарҳои худамро нишон медиҳам. Масалан, романи “Шодӣ” тақлиди хуб ба асари Шолохов – “Замини кормашуда” мебошад. Поевести “Ду ҳафта” тақлиди эҷодкорона ба “Ҳафта”-и Ю. Лебидинский аст. Лекин хонандагони муҳтарами ман нағз медонанд, ки дар ин тақлидҳо осори рубардорӣ ва иқтибос нест. Афсӯс ки баъзе аз мунаққидон ин кори маро нодуруст тавҷеҳ карданд ва бо неши заҳрин ба дили ман чанд гоҳ озор расониданд. Бале ин рӯбардорӣ ва иқтибос нест, ин ба ҳунар ва маҳорати устодон, ба кори эъҷозкорон пайравӣ карданд, бо онҳо дар як мавзӯъ навишта истода қувваозмоӣ кардан аст.

Ҳикоя ва повестҳои аввалини ман каму беш ранги тақлидӣ, содалавҳӣ дошта бошанд ҳам, чи тавре ки дар боло қайд қайд кардам, сюжетӣ будан, конфликт доштан ва замонавӣ буданд ва хусусан дар адабиёти тоҷик, ки пештар насри реалистӣ надошт, жанри нав, жанри ҷанговарона буданд….

*****    *****   *****

Манбаъ: “Садои шарқ” соли 1967 №1

Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ