“Ҷангара” чаро моли кулли форсизабонон аст? Баҳси як вожа дар мукотибаи устод Айнӣ бо устод Лоҳутӣ.

Номаҳои бузургон куллан ҷолибу хонданианд. Шахсиятҳои фозил ҳеч номае надоранд, ки аз он нашавад дарсе омӯхт. Аз ҷумла муколамаҳо ва номаҳои устод Садриддин Айнӣ бо дигар адибону донишмандон худ як мактаби омӯзишист.

Дар ин номаи устод Айнӣ, ки 21-уми июли соли 1946 ба унвони устод Лоҳутӣ навишта шудааст, устод Айнӣ бевосита аз баҳси вожаи “ҷангара” шуруъ мекунанд ва эрод мегиранд, ки эрониён инро як вожаи сирф тоҷикӣ медонанд ва он марбут ба форсӣ нест.

Нақлро дароз намекунем ва номаи устод Айниро айнан меорем:

Фозили мӯҳтарам, рафиқ Лоҳутӣ!

Аз рӯи гуфтаи Камол, дар байни шумо ва баъзе эрониён бар болои калимаи “ҷангара” мубоҳаса руй додааст. Онҳо гӯё ба шумо эътироз мекардаанд, ки калимаи мазкур сирф калимаи тоҷикист ва ба забони форс-Эрон ҳеҷ алоқа надорад.

Фақир ин гуна эътирози он касонро шунида, бисёр тааҷҷуб кардам. Ҳарчанд дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ё дигар ашъори шоирон ва устодони форсизабон диданам ин калимаро дар ёдам нест, аммо бо далелҳои раднопазир  исбот карда метавонам, ки ин калима моли холиси умуми форсизабонон аст. Далели ман ба тарзи зерин аст: ҷои инкор нест, ки калимаи “ҷанг”, ки решаи калимаи мазкур аст, аз рӯзи баромадани форсии ҷадид то имрӯз ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тӯрон кор фармуда шуда истодааст. Инчунин муштаққоти ин калима масалан “ҷанговар”, ки исми сифатии мусбати ин икалима аст, инчунин “ҷанггоҳ”, ки исми макон  аст ва инчунин “ҷангҷӯй”, ки исми сифатии манфии ин калима аст,- умумианд.

Акнун мо калимаи “ҷангара”-ро таҳлил карда мебинем: “ҷангар” монанди “коргар” исми сифатии умумии ин калима аст, ки тамоман ба қоидаи забони форсӣ мувофиқ аст ва ҳар касеро ҷанг мекунад, “ҷанггар”гуфтан мумкин аст.

Қоидаи дигаре дар забони форсӣ ҳаст, ки мувофиқи он ҳар гоҳ исм ё сифати умумиро ба як чиз ё ба ягон гурӯҳ махсус кардан хоҳанд, дар охири он калима часпаки “а” ё “ак”- ро мечаспонанд. Чунончи “девор,” ки маънии маълум дорад, вақте ки вайро ба иҳотаи даруни чоҳ ё ба давро-даври  кӯҳ махсус кардан хостанд, “девора” гуфтанд , ки мо ҳеҷ гоҳ аз ин калима маънии “девор”-и маъмулро намефаҳмем: ё ин, ки калимаи “оташгир”ба ҳар чиз ва ҳар касе, ки қобилияти оташро гирифтан дошта бошад, содиқ меояд. Вақте ки хостанд ин калимаро ба олати оҳанини маълуми оташбардор махсус кунанд, бо иловаи “ак” “оташгирак”гуфтанд: инчунин  калимаи “тар”ба ҳар чизе ки тарӣ, обият дошта бошад, рост меояд. Вақте ки мардум хостанд ин калимаро ба сабзавот махсус кунанд, “тара” гуфтанд.

Монанди ин аст калимаи “ҷангара”: “ҷангар”, ки маънии умумии “ҷангкунанда” дошт, хостанд ба касе, ки бебоис ё бо сабабҳои сохта ба одамон ҷанг мекунад ва ҳамеша барои ҷанг сабабҳо омода менамояд, хос гардонданд, ба охири ин калима часпаки “а” илова намуда, “ҷангара – ҷанг-гара” гуфтаанд. Мувофиқи қоидаи дигари забони форсӣ, ки ҳар гоҳ дар калимаҳои мураккаб ду ҳарфи қарибулмахраҷ дар як ҷо ояд, яке аз онҳоро ҳазф мекунанд (чунончи сафедор- ба маънои дарахти маълум, ки дар асл сафед-дор буд ё ин ки “ягона “, ки дар асл “як-гона” буд), яке аз ҳарфҳои “г”-ро ҳазф карда “ҷангара” гуфтанд ва аз ин калима ҷангкунандаи  манфӣ- бадро ирода намуданд. (Тоҷикон ин калимаро чунон, ки одами ҷангҷӯй- ба маънои манфиаш кор мефармуданд, инчунин ба хурӯс, ба тагал (қӯш) ва монанди ин гуна парандагон ва ҳайвонот ҳам, ки зиёда ҷангдӯст бошад, кор мефармоянд).

Дар ҳар ҳол ин гуна калимаро, ки ҳеҷ набошад ҳамаи муштаққоташ дар адабиёт ва дар гуфтугузори ҳамаи форсизабонон кор фармуда мешавад ва сохташ тамоман мувофиқи қоидаи забони форсист, аз оилаи забони форсӣ бароварда партофтан – дониста ё надониста забони худро танг кардан аст.

Ман дар тааҷуб мондам, ки то ҳол шумо китобчаи “Дар бораи Фирдавсӣ ва  Шоҳномаи ӯ” навиштаи маро надидаед. Ман дар охири ин китобча як қисм луғатҳоеро, ки баъзе эрониён  луғати амалии махсуси тоҷикӣ медонанд, аз “Шоҳнома” ёфта, дарҷ кардам, ки аз назар гузаронданаш бефоида нест. Ба ин муносабат аз ҳамин китобча як нусха ва инчунин аз “Муқаннаъ” ва “Темурмалик” ном китобчаҳоям, ки дар айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ чоп шуда буданд, якнусхагӣ бо бландерол ба хидмат фиристодам. Умед аст, ки қабул фармоед…

Бо салом ва эҳтиром С.Айнӣ

Аз маҷаллаи “Шарқи Сурх”, 1963, №4.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳо фарҳангӣ