Ҷарминзода Муҳаммад ва Бибиоишаи Асламхон — ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ»

21 – августи соли 2026 дар толори Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили ҷамъбастии озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ» баргузор гардид.
Маҳфили мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» баргузор шуда, сабти телевизионии он низ сурат гирифт.
Мащфил бо сухани ифтитоҳии ровӣ оғоз гардида, сипас ба ғолибони даври навбатии озмун сипосномаҳои директори Китобхонаи миллӣ, нишони «Китобхони беҳтарин» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Барои табрики ғолибон муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба саҳна даъват гардид. Номбурда нахуст ба Ҷарминзода Муҳаммад, хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Файзобод, барои ғолиб омадан дар маҳфил-озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ» дар моҳи июли соли 2026, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, сипоснома, нишон ва туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Сипас ба Бибиоиша Асламхон, хонандаи синфи 10-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92-и ноҳияи Сино, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ ғолиби озмун гардидааст, сипоснома, нишон ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Салима Раҷабзода ғолибонро самимона табрик намуда, ба онҳо дар роҳи донишандӯзӣ ва мутолиаи китоб комёбиҳои нав орзу кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонони китобхон бояд ҳамеша бо донишу маърифат номбардори оила, муассисаи таълимӣ ва миллати хеш бошанд.
Баъдан маҳфил дар шакли суҳбати озод миёни ровӣ, ғолибони озмун, падару модарон, омӯзгорон ва дигар иштирокчиён идома ёфт. Модарон ва омӯзгорони ғолибон низ дар маҳфил ҳузур дошта, оид ба завқи китобхонӣ, қобилияти зеҳнӣ ва дастовардҳои фарзандону шогирдони худ андешаҳои нек баён карданд.
Зимни суҳбат Бибиоиша Асламхон иброз дошт, ки иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинаи адабиёти классикӣ мебошад. Ӯ осори зиёди адибони классикиро мутолиа ва аз бар намуда, ҳадаф дорад, ки имсол ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Ҷарминзода Муҳаммад низ дар суҳбат таъкид кард, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинаи адабиёти кӯдакон ва наврасон иштирок намуда, барои омодагӣ ба марҳилаҳои минбаъдаи озмун осори зиёди адабии ин бахшро мутолиа ва аз бар кардааст.

Дар идомаи маҳфил ғолибон аз асарҳои мутолианамудаи худ порчаҳо қироат карда, ба суолщои пешниҳодшуда посухҳои дурусту ҷолиб доданд. Қироати намунаҳои осори адабӣ ва посухҳои пурмазмуни онҳо аз сатҳи баланди омодагӣ ва завқи китобхонии ғолибон дарак медод.
Дар фарҷоми маҳфил бо таманниёти сулҳу субот, осоиштагӣ ва рӯзгори обод барои кулли иштирокчиён Нозанини Шуҳрат ба мащфил ҳусни анҷом бахшид.

Маҳфили «Китобхони беҳтарини моҳ» ҳамчун як иқдоми муҳим дар самти тарғиби китобу китобхонӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи осори адабӣ идома дошта, барои баланд бардоштани маърифати китобхонӣ ва рушди ҷаҳонбинии насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инобат БОБОЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ