“Ҷашни Сада мерос аз ниёгони мост” – мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷашни сада мерос аз ниёгони мост” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш таърихшиносон, фарҳангшиносон,кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Нишаст бо ташаббуси шуъбаи тағиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид.
Дар ифтитоҳи мизи гирд муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода суханронӣ намуда, аз таърихи ин ҷашни ниёгон ва моҳияти таҷлили он дар кишвар ҳарф зад. Ӯ зимни суханронии худ аз ҷумла гуфт, ки моҳияти ҷашни сада ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ буда, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ин ҷашн аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салчуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то даврони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмиии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардуми табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Дар идома муаррих ва фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён сухан карда, аз ҷумла гуфт, ки суннатҳои фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷикро халқи тоҷдору бофарҳанг ва заминагузори тамаддуни башарӣ мешиносанд.
Яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик ин ҷашни Сада аст, ки дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ таҷлил мегардад. Агар ба моҳҳои тақмивии солшумории мелодӣ ҳисоб кунем, он ба поёни шаби 30 ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ин ҷашн аз куҳантарин ҷашнҳои таърихии халқи тоҷик маҳсуб гардида, таърихи онро ҳатто қадимтар аз Наврӯз донистаанд. Сада ҷашни пайдоиши оташ фаҳмида мешавад.
Бар асоси иттилои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба давраи Ҳушангшоҳ, подшоҳи дуюми Пешдодиён рафта мерасад. Фирдавсии бузург дар “Шоҳнома” менависад: “Ҳушанг подшоҳи Пешдодиён бо чанде аз ҳамроҳонаш рӯзе аз кӯҳ мегузашт, ки мори сиёҳе намудор шуд ва Ҳушанг санге гирифта, ба сӯи мор андохт ва мор фирор кард, санг ба кӯҳ бархӯрд ва аз он оташ бархост. Ҳушанг аз бархостани оташ аз ду санг дар ҳайрат монда, он оташро нури яздонӣ пазируфт. Аз он рӯз бузургдошти оташро ҷашн гирифта, онро бо номи Сада маъруф кард.
…Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр”