Ҷашни сада – пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, хубӣ бар бадӣ ва бозгашти умед ба зиндагӣ!

Ҷашни садаАндешаҳо перомуни китоби «Сада»-и Ҷонибек Асрориён, силсилаи Тоҷикон дар масири таърих китоби VII»

Ҷашни Сада яке аз бузургтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои фарҳангии мардуми тоҷик буда, таърихи он ба даврони бостонӣ, ҳатто асри нави санг бармегардад. Ин ҷашн бо асотир, рамзҳо ва таърифҳои бисёр, ки омӯхтани онҳо донишмандони гуногунро ба таҳқиқи амиқ водор кардааст, расидааст. Олими тоҷик Ҷонибек Асрориён дар китоби “Сада”-и худ бо истифода аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бостоншиносӣ кӯшиш намудааст, ки асрори таърихӣ ва рамзии ин ҷашнро ошкор намояд. Ҳамчунин, ҷашни «Тиргон»-ро низ ба тарзи илмӣ баррасӣ мекунад. Дар китоб таъкид гардидааст, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон дар даврони гузашта, ҳамчунон ки дар замони ҳозира, бо монеаҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ рӯбарӯ шуда, бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва эҳтиром гардидааст.

Сада дар асл як намуди ҷашни рӯҳонӣ ва фарҳангӣ буда, таърихнигорон онро ба пирӯзии нур бар зулмат, гармо бар сардиҳои зимистон ва эҳёи табиат пайванд менамоянд. Эҳёи ин ҷашн ба аҳамияти фарҳангии миллат ва эҳтироми таърихи ниёгон марбут аст. Пешвои миллат ҳар сол ба аҳамияти ин ҷашн таъкид мекунанд ва онро нишонаи фарҳанг, маърифат ва хештаншиносии миллӣ медонанд. Он дар оғози зимистон баргузор мегардад ва аз кашфи оташ сарчашма мегирад, ки барои одамон пирӯзии табиати хунук ва торикиро нишон медиҳад. Бештар аз 8 ҳазор сол пеш, дар даврони зироаткорӣ ва ҷамъиятҳои аввалини инсонӣ, ҷашнҳо ба як қисми муҳим ва зарурии ҳаёти рӯзмарра табдил ёфта буданд. Сада ҳамчун як ҷашн, ки аз эътиқод ба оташ, гармӣ ва равшанӣ асос ёфтааст, бо тасаввурот ва ҳикматҳои мардумони он замон дарк мешуд. Дар тули асрҳо, эҳёи Сада аз фарҳанги боқимондаи ниёгон маҳсуб меёбад. Он ҳамчун ҷашни миллӣ на танҳо як рӯзи ҷашнӣ, балки рамзи пирӯзии наслҳои гузаштаи тоҷикон бар олами торикӣ ва пирӯзӣ бар бадӣ аст. Бо ин ҳадаф мардуми тоҷик ҳатто дар солҳои шадиди таърихӣ, ба мисли ҷанги ҷаҳонӣ ва дигар таҳаввулот, мавқеи ҷашнҳои қадимиро нигоҳ доштанд. Сада, инак ҳамчун ҷашни муҳими фарҳангӣ дар замони Истиқлол бозгашт карда, алоқаи нави ҷавононро бо фарҳанги аҷдодӣ ва таҳқиқи амиқи он ҷалб намудааст. Ба ибораи дигар, Сада ифодагари табиати устувор ва назари мардум ба ҳаёт аст, ки бо гузашти вақт онро ба рамзи шукуфоии табиат ва тасаввури дурустии табиат пазируфтаанд. Ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Сада, муаррифии фарҳанг, таърих ва хештаншиносии ҳар як инсон ва ҷамъият мебошанд, ки ҳамеша эҷоди хушнудӣ ва фараҳро ба бор меоранд.

Ба андешаи бештари пажӯҳишгарон вожаи Сада аз исми “сад” ва пасванди “а” бунёд дорад ва аз рӯйи сохт ва мазмун форсӣ-тоҷикист. Дар форсии миёна ба шакли “сат”, “саз”, “сатаг”, “сазак” вучуд доштааст, ки бӯи бегонагӣ надорад ва ҳамон адади “сад” мебошад. Ба тадқиқи Меҳрдоди Баҳор вожаи Авастоии “саза аз решаи санд, ки маънои “ба назар расидан аст“, ба вуҷуд омада, ошкороӣ, зуҳур ва пайдо ё зоҳир шудан тафсир мешавад. Ва муҳаққиқ ба адади сад тааллуқ доштани мафҳумро омиёна мешуморад.

Ба гуфти муҳаққиқ андешаи Меҳрдоди Баҳор аз пайвандии Чила (шаби Ялдо) ба ҷашни Сада гувоҳӣ медиҳад. Яъне бо хатми Чилаи Калон Офтоб пурратар гардида, чеҳраи худро зоҳир мекунад ва ҳаво гарму барои кишту кор мусоид мешавад. Миҷози ҳаво тағйир мехӯрад нерубахш мешавад. Мо дар як навишта ин рӯзро “Гаҳворабандони Хуршед” ном ниҳодем.

Дар “Фарҳанги Деҳхудо” баробари он чи гуфта шуд дар мавриди шаби Сада маълумот паҳновартар аст. Онро ба арабӣ “лайлатулсадақ” номидаанд. Ҳамон ҳам шаби даҳуми баҳманмоҳ. (Вале гумони банда “лайлатулсадақ” ба оғози Чила ва шаби Ялдо қаринтар менамояд). Такя ба “Бурҳони қотеъ”, ки ба маънии оташи баланд бошад, чи Сада ба маънии оташи баланд аст. Ишора ба ҳамин оташи баланди фурӯзони ниёкон Фаррухии Систонӣ ба шоҳ муроҷиат мекунад:

Шаб Сада-ст, яке оташе оташи баланд афрӯз,

Ҳақ аст мар Садаро бар ту ҳақ он гузар.

Ва дар идома ҳамон ривояти машҳур дар бораи Фаридун ва табохи Заҳҳоки мордӯш – Измоил (дар баъзе сарчашмаҳо Армоил низ гуфтаанд) меояд. Дар бештар маъхазҳо аз навиштаҳои Абурайҳони Берунӣ мисол мезананд. Чуноне барои он оташ баланд мекунанд, ки Заҳҳок барои сер кардани морҳои сари дӯшаш мағзи сари ду касро мехӯронд. Ва шахсе бо номи Измоил ба ин кор масъул буд. Измоил ҳар бор якеро тӯшаи роҳ медоду озод мекард ва амр медод, ки дар ғарбии кӯҳи Дамованд сокин шавад. Ва дар онҷо барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Заҳҳок димоғи (мағзи-Ҷ.А.) қучқоре мехӯронид. Ва ин димоғро ба димоғи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Заҳҳокро гирифт, Измоилро ҳозир кард ва хост, ки ӯро “подош бахшад,” Измоил ашхосеро, ки аз қатл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард. Ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кӯҳи Дамованд биравад, ки то ҳақиқати масъаларо ба Фаридун бирасонад. Ва чун Исмоил ба кӯҳи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пушти бомҳои худ ҳар як оташе биафрӯзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воқеа дар шаби даҳуми баҳманмоҳ буд. Аз ҳодиса Фаридунро бохабар карданд, ки хеле шод шуд ва Измоилро аз надимони худ баргузид.

Дар “Ғиёсу-л-луғот” зикр мешавад, ки: “Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад… ва ба маънии остона… Чун дар ин рӯз адади фарзандони одам, ки Каюмарс иборат аз он аст ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда.”

Ҳангоми иншои матлаб аз ҳамаи луғату фарҳангҳои тафсирӣ истифода шуд ва бо сабаби такрор будани бештари мавод аз зикрашон худдорӣ кардем. Бо вуҷуди андаке ихтилоф пайдоиши Садаро аз адади “сад”, бастагиашро ба оташ ва вуқуъашро ба даҳуми баҳман (31 январи милодӣ) рост мешуморанд…

Хулоса, китоби «Сада»-и Ҷонибек Асрориён ба таҳқиқ ва эҳёи ҷашни қадимии Сада бахшида шудааст. Муҳаққиқ таърихи ҷашнро аз замонҳои қадим то замони муосир таҳлил карда, рамзҳо, устураҳо, маънои оташ ва сабабҳои фаромӯшшавии муваққатии он ва муносибати Сада бо дигар ҷашнҳои миллӣ, чун Тиргон, Чила ва Ялдоро баррасӣ мекунад. Умуман, ин китоб роҳи эҳёи ин анъанаи қадимиро дар шароити имрӯза, аз кӯҳистон то шаҳрҳо, пешниҳод мекунад.

Тавсия барои мутолиа!

Ин китоб ганҷинаест барои ҳар тоҷике, ки ба фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллии худ арҷ мегузорад. Он танҳо маҷмӯаи маълумоти таърихӣ нест, балки пули маънавиест, ки моро ба рӯҳу ҳикмати ниёгони бузургамон мепайвандад.Муҳаққиқ бо истифода аз забони равон ва сарчашмаҳои муътабар тавонистааст таърихи Садаро ҳамчун ҷузъи ҳастии миллат ва рамзи он зинда намояд.

Муҳаммад Сафаров, номзади илмҳои педагогӣ, сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон