Ҷавонон пешоҳангони фарҳанги китобдорӣ

Гурӯҳи ҷавонони волонтёр аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар доираи нақша имрӯз ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон ташриф оварданд. Мақсад аз ин сафар ошноии бештар бо шароиту имконот ва маълумот гирифтан доир ба фаъолияти шуъбаву бахшҳои хизматрасонии  Китобхонаи миллӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи ҷавонони волонтёр,  мувофиқи нақшаи сайёҳати меҳмонон дар Китобхонаи миллӣ, аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, шуъбаҳои адабиёти кӯдакон ва наврасон, хизматрасонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуд, адабиёти хориҷӣ, инчунин толори хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ва толорҳои хониши анънавӣ ва электронӣ боздид намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки эълон гардидани соли 2025  ҳамчун “Соли фарҳанги китобдорӣ”- дар вилояти Хатлон бо дастури Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷумлаи иқдомоти наҷиб ва шоиста маҳсуб меёбад. Бо дарки ҳамин масъулият ва нишон додани малакаву маҳорат ва ҳамрайъии худ ҷавонони ватандӯсти вилоят тасмим гирифтанд, ки бо шароиту имконоти фароҳами Китобхонаи миллӣ аз наздик шинос шаванд.

Наргис Назарзода,
Бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа