“Ҷавонон-захираи миллат ва ояндаи давлат”

Чунин ном дошт маҳфиле, ки шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ имрўз баргузор намуд.

Ҷалолуддин Нурзода муовини директори Китобхонаи миллӣ зимни ифтитоҳи ин маҳфил ҷавонони Тоҷикистонро ба муносбати Рўзи ҷавонон табрик намуда, барояшон сарбаландиву сарафрозӣ, саодату ободии рўзгор ва осмони софу беғуборро орзу намуд. Ў ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолро неруи созандаи ватан номид ва нақши онҳоро дар тарақиёти ҳама соҳаҳои давлат ва ҷомеа арзишманду назаррас шуморид.

– Ҷавонони бонангу номус ва далери мо сипари боэътимоди давлату давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар қарзи хешро адо менамоянд, – гуфт муовини директори Китобхонаи миллӣ ва афзуд:- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармуданд: «Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдодони сарбалнди худро идома бахшида, ба ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишварашон содиқ будани худро борҳо собит карданд. Насли ҷавони кишвар бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштагони халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузоранд».

Сипас раиси Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз саҳми ҷавонон дар кишвар суҳбат намуд. Ў Рўзи ҷавононро муборак гуфта, даъват кард, ки насли наврасро аз хурдӣ ба варзишу мусиқӣ алоқаманд намоем. Ҷавононро ба забономўзӣ ташвиқ намоем, зеро бо боло рафтани сол ин кор мушкил мегардад.

Он вақт мағзи инсон даргири дигар масоил аст ва хотира заиф шудан мегирад, одам наметвонад забонро аз худ кунад. Ҷавонӣ айни ҷӯшу хурӯши омўзиши забон ва сохтану эҷод кардан аст.

«Дар бачагӣ хондан- нақш бар санг гузоштан аст». Ҷавононро аз хурдӣ тарбия кунем, варзишро омўзонем, бигзор варзишгари машҳур нашавад, вале варзишро дўст дорад, мусиқиро дўст бидорад, ягон асбоби мусиқиро навохта тавонад.

Бузург мешавад, дар зидагӣ ин ҳунарҳо ба кор меояд.

Бояд аз рўзгори онҳо огоҳ бошем, кўшиш кунем, ки сари вақт онҳоро аз роҳи бад баргардонем”,-гуфт ӯ.

Шукрона-ТоҳирӣШукрона Тоҳирӣ, ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни «Фурўги субҳи доноӣ китоб аст» низ ба маҳфил даъват шуда буд ва чунни изҳори ақида намуд:

– Боиси хушҳолист, ки солҳои охир бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ  силсилаи озмунҳои «Илм фурўғи маърифат», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат»… баргузор мегардад.

Ҷавонӣ айёмест, ки фаввораи хушбахтиҳо дар дили ҳар нафар ҷӯш мезанад. Он касе, ки дар дил орзу мепарварад, ба зиндагӣ бо диди нав назар мекунад, ҷавон аст. Имрўз новобаста ба синну сол ба тамоми дўстонам занг зада, онҳоро ба Рўзи ҷавонон табрик намудам. Зеро ҳар касе ба зиндагӣ бо диди хуб менигарад, орзуву ҳавас дорад, ҷавон аст. Бешубҳа ҷавонӣ пайвандгари ду синни дигар: хурдсолӣ ва пирист. Ҷавонӣ марҳилаи амалигардондани тамоми орзуву омол аст.

Ҳанўз дар курси аввал мехондаму нақша тартиб додам барои худам, ки дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолиб меоям. Ҳар сол шумори китобҳои хондаамро зиёд мекардам. Аввалин нақша-орзуҳоям ғолиби озмун  шудан буд, ки хушбахтона дар соли 2023 ин орзуям амалӣ гардид. Ин орзу мифтоҳе гардид, ки дигар орзуҳоямро пайдарпай амалӣ созад.

Раҳима Аъзам, бахши
матбуот ва робита бо
ҷомеа.