Ҷавонони фаъоли Китобхонаи миллӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ шуданд

Дар арафаи таҷлил аз Рӯзи ҷавонон  11 уми майи соли  равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассиса чорабинӣ таҳти унвони “ Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ”  баргузор гардид.

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии  муовини аввали директори   Китобхонаи миллӣ  Салима Раҷабзода оғоз шуд. Вай аз ҷумла гуфт:

-Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои  бузург, манбаи ғояҳои нав эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Агар ба саҳифаи сисолаи Тоҷикистон нигарем, ки ин ҳама  пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва такя ба ҷавонон дар роҳи тадбиқи сиёсати сулҳпарварона ва ватандӯстонаи ӯ ва дастгирии ҳаматарафаи онҳо ба даст омадаанд.

Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолро ҳаматарафа омӯзанд ва онро дар радифи анҷоми рисолатҳои хеш назди давлату миллат иҷро намоянд.Таърихи гузаштаи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд аз ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Баъдан муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода дар мавриди таҷлили  Ҳафтаи ҷавонон ва арафаи Рӯзи ҷавонон сухан ронда, аз имконотҳои фароҳамовардаи  ҳукумати кишвар барои ҷавонон ва дастгирии ҳаматарафаи онҳо сухан кард.
Дар идомаи суханронии худ Сураҷ Чоршанбезода  ҳамчунин қайд кард, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” замимаи хубе гашт то вохӯриҳо бо ҷавонон зиёд гардад ва сатҳи донишу малакаи онҳо баланд бардошта шавад. Инро метавон дар мисоли имтиёзҳои давлату ҳукумат барои ҷавонон пайхас намуд, ки теъдоди гирандагони стипендияҳои президентӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд, ки маблағи он 600 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин барои ҳавасманднамоии ин қишри ҷомеа ва донишманду заковатпеша  ба воя расидани онҳо мусоидат мекунад.

Вобаста ба мавзуи дар боло зикргардида, ҳамчунин муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолудин Нурзода ибрози ақида намуда, ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси замони истиқлолро ба ин санаи муҳим – Рӯзи ҷавонон табрик намуд. Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Зеро нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар басо назаррасу арзишманд мебошад.

Ҷавонони далеру ғаюри мо имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хидмат карда, қарзи фарзандӣ ва рисолати миллии хешро содиқона иҷро мекунанд ва ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллии тоҷикон дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ қарор доранд.

Дар идома вобаста ба ҳамкориҳои самарабахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Китобхонаи миллӣ табодули афкор сурат гирифт.  Абдуғаюр Саломов сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ дар анҷом суханрони карда, аз номи кулли ҷавонони Китобхонаи миллӣ ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори миннатдорӣ намуд.

-Пеш аз ҳама бояд иброз дошт, ки мо ҷавонон эътимоди комили Сарвари давлат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро эҳтиром намуда, онро сармашқи кори худ намудаем. Рисолати асосии мо ҷавонони Китобхонаи миллӣ, ки асосан аз тарғибу ташвиқи китоб ва ҷалби хонандагон  иборат аст, бо ифтихори баланд пайи иҷрои онем.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як гурӯҳ  кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳошияи таҷлил аз Рӯзи ҷавонон тақдим гардид.

Наргис НАЗАРЗОДА