Ҷилди аввали “Осори баргузида”-и Паймон ба Китобхонаи миллӣ расид
Шоири маъруфи тоҷик, Паймон ба муносибати 70-умин солгарди умр фаъолияти 50-солагии адабии хешро як навъ ҷамъбаст карда, асарҳояшро таҳти унвони “ОСОРИ БАРГУЗИДА” дар панҷ ҷилд мураттаб намудааст.
Китобе, ки ҳикоят аз он дорем, ҷилди нахустини ин панҷгона буда, аз шеърҳои тули солҳои гуногун навиштаи шоир фароҳам омадааст. Паймон дар ашъори худ ишқи илоҳӣ, меҳри модар, ҳусни ёру табиати мафтункори диёр, муҳаббату садоқат ба олами атроф, бузургони халқу милат ва мавзӯи азаливу абадии банӣ башар дӯстиву ростиро арзаву тараннум менамояд.
ПАЙМОН (Тӯхтамиш Тӯхтаев) 24 – уми феврали соли 1955 дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Максим Горкий (ҳоло ҷамоати шаҳрвандии “Синтоб”) – и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё аз оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Ӯ таҳсилоти ҳамагониро дар мактаби деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ фаро гирифта, соли 1977 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқандро бо дипломи имтиёзнок хатм кардааст.
Муддате дар мактаби миёнаи рақами 38-уми ноҳияи номбурда омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик буд. Аз соли 1982 дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Оовози тоҷик”) кор мекунад.
Паймон аз соли 1985 узви Иттиҳоди журналистон, аз соли 1995 узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Муаллифи китобҳои шеърии “Санги навишта”, “Шабовез”, “Шабоҳанг”, “Шабогард”, “Даҳ пурсишу даҳ посух”, “Девон” (дар ду ҷилд).
Шоир, тарҷумон ва журналисти шинохта барои меҳнати пурсамар ва хидматҳои шоёнаш дар соҳаҳои адабиёту фарҳанг ва таълиму тарбияи кишвари мову берун аз он бо бисёр унвону мукофот ва ҷоизаҳо тақдир гардидааст. Ӯ дорандаи унвонҳои “Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, медали “Шуҳрат”, ордени “Дӯстлик”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ордени “Дӯстӣ” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи “Нишони сухан” – и Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони “Собиқадори варзиши Ӯзбекистон”, нишонҳои сарисангии 1-20-25 ва 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Шеърҳои шоир дар китобу гузинаҳои дастҷамъие, ки дар Эрону фаронса чоп шудаанд, ҷой доранд.
Паймон алҳол муҳаррири бахши фарҳанги рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” аст.
Ин шеъ аз ҳамин маҷмуа аст:
АЙНӢ
Дар дидаи ман ӯст чунон, к – асло нест,
Дар арсаи ин даҳр назираш дигар.
Як ҳайати сар то қадамаш нуронӣ,
Як ҳайати по то ба сараш донишвар.
Ҳар гоҳ ки дар хотирам мечархад,
Ин ҳайати з – анвори хирад бас хушком.
Он лаҳза зи дил то ба забонам ояд.
Шукронаи бахте, ки расидам з – айём.
Шукронаи тақдир, ки ин навбат боз,
Бар рағми рақибони ман ӯ ёрам буд.
Аз ҳиммати вай, низ ба бахти миллат,
Як ҳофизи фарзонаву ҳушёрам буд.
Аз ҷумлаи кашшоф, ки дорад олам,
Кашшофтаре буда куҷо з-ӯ бартар.
Бар кӯру карони садаи бист аз нав,
Ӯ кашф намуда миллатеро яксар!
Тоҷик агар миллати боқӣ бошад,
Пас миллати Айнӣ зи сар эҳё кардаст.
Яъне ба ҳама кӯру карон як тоҷик,
Ду гӯшу ду чашми ботин эҳдо кардаст.
Таҳияи Шаҳнавоз Акрамова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд