Ҷмъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024»

Ҷмъбасти озмунАМИТ “Ховар” хабар дод, ки бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» баргузор гардид, ки «Шоҳҷоиза»-и онро декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф соҳиб гардид.

Дар номинатсияи «Китобдори сол» ҷойи якум ба муовини директори Китобхонаи марказии шаҳри Норак Раҷабмоҳ Пирова, ҷойи дуюм ба муовини директори Китобхона шаҳрии шаҳри Ваҳдат Қурбоной Ғоибова ва ҷойи сеюм ба саркитобдори филиали № 4-и шаҳри Кӯлоб Шаҳрбону Одинаева сазовор дониста шуд.

Дар номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» ҷойи якум ба Китобхонаи шахсии Амир Сайиди Мункии «Ганҷи Мунк»-и ноҳияи Ховалинг ва ҷойи дуюм ба Китобхонаи шахсии ҷамъиятишудаи «Кошонаи Саъдӣ»-и шаҳри Истаравшан дода шуд.

Дар номинатсияи «Китобхонаи сол» ҷойи якум ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд, ҷойи дуюм ба Китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва ҷойи сеюм ба Китобхонаи бачагонаи Аминҷон Шукӯҳии вилояти Суғд дода шуд.

Озмун аз моҳи май то август баргузор гардида, ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун аз рӯи 3 бахш 62 ҳуҷҷат, аз ҷумла «Китобхонаи сол» 26 ҳуҷҷат, «Китобдори сол» 33 ҳуҷҷат ва «Китобхонаи шахсии сол» 3 ҳуҷҷат ворид гардид. Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, имсол маротибаи панҷум аст, ки доир мегардад.

Мақсади асосии озмун ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии мамлакат мебошад.

“Имрӯз дар заминаи баланд гардидани нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимтарини донишандӯзӣ таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд. Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати маорифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд”,- гуфт барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмун, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат Зафари Шариф.

Мавсуф илова намуд, ки бо дарки муҳимияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ дар дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»