Ёд аз Садриддин Айнӣ дар маҳфили “Беҳтар аз дӯст”

Дирӯз дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бахшида ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ маҳфили навбатии “Беҳтар аз дӯст” баргузор аз аз ҷониби кормандони телевизиони кӯдакон ва наврасони “Баҳористон” наворбардорӣ шуд.

Дар ин маҳфил як гурӯҳ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва хонандагони фаъоли шуъба иштирок доштанд.

Гардонандаи маҳфили мазкур адиби шинохтаи кӯдакнависи Тоҷикистон Азизи Азиз буд.

Ҳамчуноне ишора рафт ин маҳфил бахшида ба мавлуди абарустод Садриддин Айнӣ баргузор шуд ва табиист, ки суҳбат ҳам дар атрофи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адиби маъруф буд.

Маҳфил аз он шавқовар буд, ки атрофи мавзӯъ баҳс ташкил шуд ва ширкаткунандагон аз он чизе аз эҷодиёти устод хонда буданд, нақл ва суолу ҷавоб мекарданд.

Садриддин Айнӣ — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997) аст, ки имрӯз 144 – сола шуд.