Ёда аз набарди Прохоровский дар 83-умин соли рӯйдоди таърихӣ

Як рӯйдоди адабӣ ва меҳанпарастона дар шуъбаи  адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони бахше аз тадорукоти “Майдони Прохоровский – сеюмин майдони набарди Русия” баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш, ки ҳузуриву онлайн баргузор шуд,  хонандагони ҷавони китобхона шеърхонӣ карданд ва ҳамзамон як саҳнаи театриро ҳам бахшида ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ – ҷанги Прохоровка намоиш доданд. 

Суханони онҳо дар ин шеърхониҳову намоиш саршор аз эҳтироми амиқ ба қаҳрамонии муҳофизони Ватан ва шуҷоату далериву ҷонфидоиҳои онҳо буд. 

Ин гуна ҳамоишу нишастҳо ба ҳифзи хотираи таърих, мондагор донистани қаҳрамониҳои падарон дар ҳифи марзу бум ва тарбияи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд.

ЧАРО ПРОХОРОВСКИЙ? ДАР ИН БОРА ЧӢ МЕДОНЕМ?

Маврид ба ёдоварист, ки дар Русия се майдони набард маъруфияти хос дорад: Куликово, Бородино ва Прохоровский. Ҳар кадоме аз онҳо саршор аз воқеъҳоест, ки дар раванди таърихи ин кишвар таъсир гузоштааст.  

Майдони набарди Прохоровский пас аз бузургтарин набарди танкӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1943 ҳамчун майдони сеюми ҷангии Русия маъруф шуд.

12 июли соли 1943, дар ҷанги Курск, бузургтарин набарди танкӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва дар тамоми таърихи ҷаҳон дар наздикии Прохоровка сурат гирифт, ки нокомии ниҳоии амалиёти “Ситадел”-и душман буд. Дар он аз ҳарду ҷониб то 1000 танк ва тӯпҳои худгард иштирок карданд.

 Ин бешубҳа бузургтарин набард дар тамоми таърихи ҷанг буд. Дар майдонҳои Курск ва Орёл кӯҳҳои металлҳои сӯхта ва вайроншуда боқӣ монданд. Талафоти мо… назаррас буд. Аммо мо пирӯз шудем“, – навишта буд маршал Г.К. Жуков дар бораи набарде, ки артиши фашистиро дар остонаи фалокат қарор дод.

Шарофати Ҷамолиддин, 

корманди шуъбаи адабиёти кӯдакон 

ва наврасон