«Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ дар меҳвари «Муколамаи адабӣ»

17-уми августи соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти завқи китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати адабии хонандагон ва муаррифии осори арзишманди адабиёти тоҷик маҳфили навбатии «Муколамаи адабӣ» баргузор гардид.
Маҳфили «Муколамаи адабӣ» дар шакли суҳбату саволу ҷавоби озоду шавқовар баргузор гардида, иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки донишу андешаҳои худро перомуни ҳаёт ва фаъолияти адабии устод Садриддин Айнӣ, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти тоҷик ва аҳамияти асари мондагори «Ёддоштҳо» баён намоянд.
Дар оғози маҳфил миёни устодон ва хонандагон суолу ҷавоб доир гардид. Иштирокчиён ба пурсишҳои худ вобаста ба рӯзгори устод Садриддин Айнӣ, фаъолияти адабӣ ва илмии ӯ, осори маъруфаш ва махсусан хусусиятҳои бадеиву таърихии «Ёддоштҳо» посух гуфта, андешаҳои худро иброз доштанд. Ин тарзи баргузории маҳфил барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи осори классикони адабиёти тоҷик мусоидат намуд.
Зимни муколама хонандагон аз асари «Ёддоштҳо» порчаҳои ҷолибро қироат намуда, дар бораи қаҳрамонҳо, образҳо, воқеаҳои тасвиршуда ва муҳити иҷтимоиву фарҳангии даврони инъикосёфта дар асар суҳбат карданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи иштирокчиён ба арзиши таърихӣ, адабӣ ва маърифатии асар ҷалб гардид.

«Ёддоштҳо» аз ҷумлаи муҳимтарин асарҳои насрии устод Садриддин Айнӣ ба шумор рафта, дар он зиндагии мардуми тоҷик, расму ойин, муҳити иҷтимоӣ, муносибатҳои ҷомеа ва воқеаҳои муҳими замони гузашта бо маҳорати баланди эҷодӣ инъикос ёфтаанд. Асар на танҳо арзиши баланди адабӣ дорад, балки ҳамчун сарчашмаи муҳими шинохти таърих, фарҳанг ва рӯзгори мардуми тоҷик аҳамияти хосса касб мекунад.
Дар ҷараёни маҳфил таъкид гардид, ки осори устод Садриддин Айнӣ барои насли имрӯз мактаби бузурги маърифат ва худшиносӣ мебошад. Омӯзишу мутолиаи осори ин адиби бузург хонандагонро ба шинохти таъриху фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ раҳнамун месозад.

Иштирокчиён ҳамчунин иброз доштанд, ки баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ дар замони муосир аҳамияти муҳим дошта, барои боло бурдани маърифати фарҳангӣ ва адабии наврасону ҷавонон, ташаккули ҷаҳонбинии онҳо ва бедор намудани меҳру муҳаббат ба китобу мутолиа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки шиносоии амиқ бо осори Садриддин Айнӣ, аз ҷумла «Ёддоштҳо», барои дарки дурусти гузаштаи миллат, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва нақши адабиёт дар ташаккули худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Маҳфили «Муколамаи адабӣ» дар мавзӯи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ дар фазои гарми адабӣ ва бо иштироки фаъоли хонандагону дӯстдорони китоб баргузор шуда, ба яке аз чорабиниҳои муҳими маърифатии Китобхонаи миллӣ табдил ёфт.
Кароматхон Асоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа