Ёде аз Абдусалом Деҳотӣ. Дар Китобхонаи миллӣ аз ӯ чӣ метавон хонд?
Аз таваллуди Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик 112 гузашт ва аз вафоташ 61 сипарӣ шуд. Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ тоҷик. Донишманде, ки муҳаррири осори устод Айнӣ буд. Асарҳои мондагоре барои бачаҳо дорад ва дар насру назм барои атфол муваффақ буд.
Олими борикназар, шахсе, ки забони классикиро хеле хуб медонист ва дар таҳияи чанд ҳарф барои “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ саҳм гирифтааст.Абдусалом Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ 14 – уми м арти соли 1911 дар деҳаи Боғи Майдони шаҳри Самарқанд ба дунё омад. Вай аз хатми мактаби миёна (1930) ва курси тайёрии мактаби олӣ (1931) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.
Соли 1935 ба Душанбе омада, дар вазифаҳои мудири шуъбаи танқид ва котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1938) ва котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» кор кардааст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Нашриёти давлатӣ вазифаи муҳаррири адабиро адо намуда, дубора котиби масъули Иттифоқи нависандагон (1944) интихоб шудааст.
Солҳои 1946-1949 дар Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати корманди илмӣ хидмат карда, баъдан дар Нашриёти давлатӣ сармуҳаррир, дар моҳномаи «Шарқи Сурх» муҳаррири масъул, дар Институти таърихи партия мудири шуъбаи тарҷумаи осори класикони марксизм-ленинизм, дар Иттифоқи нависандагон муовини раис ва дар моҳномаи «Тоҷикистон» муҳаррири масъул будааст.
Аз соли 1961 фаъолияти илмиро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ идома бахшидааст.
Ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ба майдони эҷод қадам ниҳода, бо ҳикоя, шеърҳои ҳаҷвӣ, фелетон ва мақолаҳои публитсистӣ мақбули хонандагон гардидааст.
Аввалин ҳикояҳои ӯ дар моҳномаи «Раҳбари дониш» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расидаанд. Соли 1932 маҷмӯаи ашъораш «Манзараҳои сегона», соли 1934 «Таронаҳои меҳнат» ва «Меваи Октябр» аз чоп баромадаанд.
Маҷмӯаи «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940) маҳсули эҷоди солҳои сиюми ӯро ҷамъбаст кардааст. Асарҳои дар солҳои ҷанг офаридаи ӯро китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945) фароҳам овардааст.
Дар давоми солҳои баъдина «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957), китобҳои «Ҳаёт қадам мезанад» (1961), «Бунафша» (1963), «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954)-и ӯ ба табъ расидаанд.
Китоби панҷҷилдаи «Куллиёт» осори нисбатан мукаммали ӯро фаро мегирад, ки солҳои 1965-1966 интишор ёфтааст.
Тарҷумаи русии гулчини шеърҳояш «Оби равон меояд» соли 1957 дастраси хонандагони русзабон гардидааст.
Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин» (1936), мустақилона либреттои операҳои «Шӯриши Восеъ» (1940) ва «Комде ва Мадан» (1952)-ро навиштааст.
Соли 1953 (ҳамроҳи Б.Раҳимзода) мазҳакаи «Қиссаи Таърифхоҷаев»-ро ба қалам овардааст.
Вобаста ба ҷанбаву масъалаҳои гуногуни адабиёти бачагон, тарҷумаи бадеӣ, маданияти сухан, фасоҳати забон ва ғ. мақолаҳои пурарзиш офаридааст.
Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷума ва таҳрири осори класикони максизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст.
Охирин хидмати фаромӯшношудании ӯ таҳрири чанд ҳарфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад, ки китоби рӯимизии хурду калон гардидааст.
Бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
31 январи соли 1962 аз олам даргузашт.
Аз Абдусалом Деҳотӣ ва дар бораи ӯ хонандагон дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолотро метавонанд мутолиа кунанд:
Аз осори адиб:
Деҳотӣ, А Мо Ленинчиён: Шеърҳо барои бачаҳои синни хурди мактабӣ. –Душанбе: Маориф,1982. –14 с.
Деҳотӣ, А. Ту ҳам ёде бикун аз ман… . –Душанбе:Ирфон, 1982. –285 с.
Деҳотӣ, А. Иди Зафар: Шеър //Тоҷикистони советӣ. –1982. –21 июл.
Деҳотӣ, А. Аждаҳои Чўпонато; Доғи фарзанд; Бобо ва ҷаҳоннамо; Комилҷон ба моҳ меравад: Ҳикояҳо. –Душанбе,1988. – С.88-112.
Деҳотӣ, А. Баррачаи ман: Суруд бар оҳанги З. Шаҳидӣ //Чашма. –1990. –№3. – С. 13.
Деҳотӣ, А. Мулоқотҳои ман бо устод С. Айнӣ:Хотираҳо аз устод Айнӣ //Садои мардум. –2000. – 14 апрел.
Деҳотӣ, А. Баҳор :Шеър //Ҷавонони Тоҷикистон. – 2012. – 20 март.
Деҳотӣ, А. Интизор бош! :Шеър// Адабиёт ва санъат. – 2013. – 9 май.
АДАБИЁТ ДАР БОРАИ ДЕҲОТӢ
Фарзанди арҷманди халқ: Ба муносибати 70-солагии А.Деҳотӣ. –Душанбе: Дониш, 1981. – 21 с.
Устоди сухан: Ба муносибати 75-солагии Абдусалом Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ //Машъал. –1986. –№3. –С.9.
Юсуфов, К. Марди нексират ва адиби нуқтасанҷ: Очерки мухтасар аз ҳаёт ва эҷодиёти А. Деҳотӣ. –Душанбе: Маориф,1987. –80 с.
Раҷаб, Н. Хизмати садсола кард: Ба ифтихори 80-солагии Абдусалом Деҳотӣ//Пионери тоҷик. –1991. –5 июн.
Исмоил, Ш. Мақоми адиб: Оид ба эҷодиёти А. Деҳотӣ //Садои Шарқ. –1991. –№5. –С.108-112.
Аминов, С. Муҳаррири осори устод Айнӣ: Ба ифтихори 100-солагии Абдусалом Деҳотӣ// Омўзгор. –2011. –24 июн.
Саидов, С. Абдусалом Деҳотӣ-Адиби бачагон: Дастури илмӣ-мнтодӣ барои донишҷўён. –Душанбе. –2009. –144 с.
Библиографияи миллӣ