Ёде аз адиби ориф ва хушбаён
Адиби маъруф, муаллифи беҳтарин повесту ҳикояҳо барои ҷавонон, таронасарои муҳаббати ҷавонӣ, шоир ва мутарҷим Баҳром Фирӯз ҳамагӣ 55 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ аз худ осоре ба ҷой гузошт, ки хонданиву сутуданист.
Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи адиби шинохта мехонем:
БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 – уми ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаи «Садои Шарқ», нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» будааст. Солҳои охир дар Хуҷанд сардабирии моҳномаи «Сайҳун»-ро бар ӯҳда доштааст.
Аз ибтидои солҳои 60-ум даставвал ҳамчун шоир, баъдан чун насрнавис ном баровардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Розҳои маҳтобшаб» (соли 1967), «Силсила» (соли 1973), «Тафти дил» (соли 1984) мебошад. Гулчини қиссаву ҳикояҳояш дар кутуби «Пайи ситора» (соли 1975), «Рухсора» (соли 1978), «Ганҷ дар вайрона» (соли 1977), «Ту танҳо нестӣ» (соли 1980), «Тору пуд» (соли 1985), «Агар вай мард мебуд….» (соли 1988) ва ғайра ба табъ расидаанд.
Соли 1981 нашриёти «Детская литература», (Маскав) китоби қиссаву ҳикояҳояш «Ты не одинок»-ро ба табъ расондааст.
Баъзе шеъру ҳикояҳояш ба забони халқҳои бародар – русӣ, арманӣ, ўзбекӣ, литвонӣ, молдавӣ ва ғайра дар Эрон, Булғория, Чехословакия, Ҷопон чоп шудаанд.
Мақолаҳои публитсистиаш дар маҷмӯаи «Саҳнаи гардон» (соли 1993) интишор ёфтаанд.
Асарҳои ҷудогонааш дар Эрон, Булғория, Чехославакия, Ҷопон чоп шудаанд.
Намунаҳое аз осори М. Лермонтов, А. Блок, Д. Кугултинов, Ҳ. Олимҷон, Ф. Алиева, И. Грин ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1991 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
25 сентябри соли 1994 дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар Китобхонаи миллӣ аз адиби маъруф ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро суроғ кунед:
Розҳои маҳтобшаб / Муҳаррир Шанбезода. –Душанбе: Ирфон,1967. – 96 с.
Силсила: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 94 с.
Паи ситора: Ҳикояҳо. – Душанбе: Маориф,1975. – 58 с.
Ватан: Шеър // Шасти инқилоб. – Душанбе,1977. – С. 122-123.
Ганҷ аз вайрона: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Маориф, 1978. – 159 с.
Рухсора: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 160 с.
Тавба кардам?..;Панди падар: Шеърҳо // Дар обу оташ. – Душанбе,1978. – С.52-54.
Ту танҳо не: Повест ва ҳикояҳо барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1980. – 240 с.
Ҳақиқати талх: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 288 с.
Бузғола ва писарак: Ҳикоя // Галаситора. – Душанбе, 1981. – С. 238-246.
Гули зиндагонӣ: Шеър // Наврўзӣ. – Душанбе,1981. – С. 158.
Аз арш то фарш: Ҳикоя ва қиссаҳо барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1983. – 320 с.
Тафти дил: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 208 с.
Гузаштам аз раҳи кўҳсор имрўз; Ошиқӣ: Шеърҳо // Наврўзӣ. – Душанбе, 1984. – С. 54 -55.
Кучабоғи деҳа: Ба хотираи поки модарам // Дили модар. – Душанбе, 1984. – С. 110-112.
Тору пуд: Повестҳо. – Душанбе: Маориф, 1985.
Дар бораи Баҳром Фирӯз
Салимов, Н. Тўҳфа ба наврасон: Повести Б. Фирўз // Ҳақиқати Ленинобод. – 1980. – 6 декабр.
Гулмурод, П. Дардо, аламо…: Дар сўгвории наисандаи маҳбуб Б. Фирўз // Тоҷикистон. – 1994. – 7 октябр.
Мурод, У. Виҷдон: Дар сўгвории нависандаи маъруф Б. Фирўз // Тоҷикистон. – 1994. – 7 октябр.
Неъмонзода, М. Аз «Розҳои маҳтобшаб» то «Хотираҳои як муҳаббат»: Ба ифтихори 70 – солагии нависанда Баҳром Фирўз // Чархи гардун. – 2009. – 29 октябр.
Шарифов, Р. «Орифона мегуфту олимона менавишт»: Ёде аз дўсти овони ҷавониям Б. Фирўз // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 25 феврал.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ