Ёде аз чанд Аминӣ. Амини Наҷҷор

Амини НаҷҷорАмини Наҷҷор Абусарроқа Абдурраҳмон ибни Аҳмади Балхӣ шоири форс-тоҷик асри XI. Дар зодгоҳаш-Балх таҳсил карда ба камол расидааст. Ба касби наҷҷорӣ (чўбтарошӣ) низ машғул буд, аз ин рў,  «Наҷҷор» ба номи ў илова гардидааст.

Дар сарчашмаҳои адабӣ чун шоири доираи адабии Ғазнин ёд шудааст. Ба қавли Авфӣ «шеъри ў завқи айёми ҷавонӣ ва таровати самои ағонӣ дорад». Авфӣ дар «Лубоб-ул албоб» як қасидаи ўро намуна овардааст. Аз мазмуни қасида бармеояд, ки монанди Унсурию  Фаррухӣ дар сафарҳои ҷангии Маҳмуди Ғазнавӣ иштирок кардааст ва ё онҳоро васф намудааст.

Аз осори Амини Наҷҷор намунаҳо ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Абёти зер аз ўст:

Зиреҳпўш, турки ман-он моҳпайкар,

Зиреҳ дорад аз мушк бар моҳи анвар.

Кӣ дидаст мушки мусалсал зиреҳсой?

Кӣ дидаст моҳи мунаввар зиреҳвар?

Ба мушк андараш Тиру Баҳрому Зўҳра,

Ба моҳ андараш савсану мушку абҳар…

АМИНИИ САМАРҚАНДӢ

Аминии Самарқандӣ шоири тоҷики асри XVI дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ чун шоири хушсўҳбат, соҳиби зеҳни тези хотираи мустаҳкам,  дорои табъи салим ёд шудааст. Дар охири умр ба Балх рафт. Бо тахаллуси «Мавҷӣ» низ шеър гуфтааст. Абёти зерин аз ўст:

Аз он замон, ки ин ҷаҳонро Худой кард падид,

Кашем миннати дунон барои нафси палид.

Палиду гавдану беақл нокасе бошад,

Касе, ки аз пайи дунон барои нафс давид…

Бурид меҳр зи дунон Аминии бедил,

Чу ҷуръае зи майи шеър бениёз кашид.

Бастам ба мижа чашми бади каҷназаронро,

Оре, кӣ тавон баст ба мех оби равонро.

АМИНИИ ХИЁБОНӢ

Аминии Хиёбонӣ шоири тоҷик охири асри XVI ва ибтидои асри XVII дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба қавли тазкиранигор Хоҷа Ҳасани Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») Аминии Хиёбонӣ аз шоирони боистеъдод буда, муаммо мегуфтааст, дар кушодани муаммо маҳорат доштааст. Аз девонаш иттилое нест.

Абёти зерин аз ўст:

Чунонки хатти лабат тоза мекунад ҷонро,

   Касе дигар чӣ кунад Хизру Оби ҳайвонро.

Агар ба хатти ту зад лоф мушки Чин, ту маранҷ,

Ки аз камоли хато гуфт ин парешонро.

Ба даври ҳусни ту шуд дидаҳо чу абри баҳор,

   Ки ҳаст хосияти мавсими баҳоронро.

Аминиё, зи Бухоро марав ба ҷойи дигар,

Мадеҳ ба равзаи ҷаннат сари хиёбонро.

 

АМИНӢ

Аминӣ Абумуҳаммад, машҳур ба Хоҷакалони Даҳбедӣ шоири тоҷик асри XVI. Пас аз таҳсили илмҳои мадрасавӣ худ ба тадрис машғул шуд. Тазкиранавис Мутрибӣ, ки дар борааш маълумот додааст, яке аз шогирдони ў буд. Дар тазкираҳо аз соҳибдевон буданаш ёд шудааст, вале девонаш пайдо нагардидааст. Абёти зерин аз ўст:

Савдои он нигор маро мекунад хароб,

Сўзи даруни сина дилам мекунад кабоб.

Афғонкунон ба кўи ту ҳар лаҳза меравам,

Бо синаи пуроташу бо дидаи пуроб…

  Раҳме агар ба ҳоли Аминӣ намекунӣ,

 Мемонад ин фақир паси пардаи ҳиҷоб.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик.
Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 378-379.

Муаллиф: Ҳ. Қаландаров.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.