Ёде аз Дилшоди Барно

Дилшоди Барно (Ӯротеппа -1907, Хӯқанд), шоир маорифпарвар ва муаррихи тоҷик. Бо тахаллусҳои Дилшоди Барно, Барно, Дилшодотун ғазал, мухаммас, мусаддас, чистон ва хотираҳо эҷод кардааст. Бо забони ўзбекӣ ҳам ашъор дорад. Улуми мутадовилаи даврро аз падараш Раҳимқул Сӯфии Истаравшанӣ, ки аз зиёиёни  маъруф буд, омўхтааст.

Амир Умархон пас аз истилои Истаравшан Дилшоди Барноро низ дар қатори асирон ба Хўқанд бурд. Амирӣ, ки худ шоир буд, барои санҷидани маҳорати шоирии Дилшоди Барно аз вай дархост мекунад, ки дар васфи анор шеъре гўяд. Дилшоди Барно бадоҳатан мегўяд:

Дар ин дунгунбази афлок дидам,

Дарунаш пур ҳама ғамнок дидам.

Ба рўшон аз ҳарире парда доранд,

Ба дил хун, дидаҳо намнок дидам.

Зи теғи золими ҳукми Умархон

Дили ҳар нозанинро чок дидам.

            Умархон аз шунидани ин шеър ба хашм омада, фармон медиҳад, ки ўро ба зиндон баранд. Маҳрами амир ба Дилшоди Барно тарраҳум карда, ўро мегурезонад ва ў дар хонаи Тошмахдум ном шахсе паноҳ бурда, баъдан ҳамсари ў мешавад.

Дилшоди Барно то охири умр (51 сол) дар Хўқанд омўзгорӣ карда, ба бештар аз 800 нафар духтар савод омўхтааст. Теъдоде аз шоирони асри 19 Хайруннисо, Баҳруннисо, Анбаротун ва Тўтихон аз ҷумлаи шогирдони ўянд.

Аз Дилшоди Барно “Тазкираи Барно”, “Мунтахабу-л-ашъор”, рисолаи “Таърихи муҳоҷирон” ва ҳудуди 1200 мисраъ ашъори пароканда мерос мондааст. “Таърихи муҳоҷирон” оид ба воқеаҳои таърихӣ, сиёсию иқтисодӣ ва адабии нимаи аввали асри 19-и вилояти Истаравшан маълумот медиҳад. Дар ин асар қатлу ғорат ва зулми Умархон, интиқоли иҷбории ҳавзаи адабии Истаравшан (беш аз 50 нафар адиб) ба Хўқанд, рўзгори муҳоҷирони истаравшанӣ ва воқеаи аз тарафи Руссияи подшоҳӣ забт гардидани Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст.

Дар “Таърихи муҳоҷирон” 51 шеъри тоҷикӣ ва 91 шеъри ўзбекии Дилшоди Барно сабт ёфта, муаллиф ҳамчунин дар бораи 30 нафар адиби Истаравшану Хўқанд, монанди Шаҳдии Истаравшанӣ, Олимхоҷа ва ҳамсари ў – шоира Сайидабону, шоираҳо Мастураой, Фазилатбону, Кароматой ва дигарон маълумот додааст. Дилшоди Барно дар ғазалиёташ муҳаббати поки инсониро васф карда, беадолатиҳои замонаро мазаммат намудааст. Ақидаҳои маърифатпарварии Дилшоди Барно барои омўзиши таърихи адабиёти асри 19 хеле муҳимманд. Намунае аз ашъори ў:

                        Замона каҷраву золим бувад шоҳи замон, ай воҳ,

                        Халоиқ аз уқубатхона меёбад амон, ай воҳ.

                        Ба мулки хештан аҳди замон бегонамонанданд,

                        Дар ин ҷо аҷнабии  рахнагар дорад макон, ай воҳ.

                        Ба деҳқон не замин, не ҷуфти гову олати кор аст,

                        Зи мева маҳрум аст ҳар фаълаву ҳар боғбон, ай воҳ.

                        Ҷафоҷўъ аз муғул найрангкунон дар тахт оромад,

                        Ба монанди магас бар шарбату нон ҳукмрон, ай воҳ

Бозчоп аз “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 610.

 

Муаллиф: З. Абдулазизова

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.