Ёде аз донишманду ҳунарманди нотакрор Ҷӯрабек Назрӣ

Чурабек-НазриҲудудан 800 китоби донишманди маъруф дар гӯшаи китобҳои ӯ воқеъ дар «Толори академикон ва докторони илм» дар хидмати хонандагон қарор дорад.

 Инак се сол мешавад (ваф. 24.05.2020), ки доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон шодравон Ҷӯрабек Назриев дар миёни мо нест. Олими шинохта, пажуҳишгари беҳамто, ҳунарманди нотакрор бар асари бемории КОВИД-19 тарки олам кард ва рӯзи иди мубораки Фитр ба хок супурда шуд.

Устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назриев 23 июни соли 1946 дар деҳаи Навруҳои ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст.

Волидайни эшон Назрихудо (падари Назрихудо Давлатбек) аз деҳоти Ғожу Тоғмайли мулки Дарвоз бо шаш фарзанд – Давлатхонум, Атобек, Сарабек, Савлатбибӣ, Ханҷарбек ва Раҳимбек ба диёри Хатлон омадаанд. Сабаб, бешак, муҳити носозгор ва бозиҳои рӯзгори ғаддори соли 1937 буд, ки рӯзгоре, ки як зумра бебасарону худобехабарони онзамонӣ муддате мақом ёфтанду ба «ислоҳи» мардуми бечора ва танбеҳу маҳкум кардани «душманони халқ» пардохтанд.

Ҷӯрабек НазриевҶӯрабек Назриев ду сол дар мактаби деҳа хондааст. Баъди ба шаҳри Душанбе кӯч бастан синфи севу чаҳорро дар мактаби ибтидоии рақами 31-и ба номи Лоҳутӣ, воқеъ дар маҳаллаи Шоҳмансур ва шаш соли дигарро дар мактаби миёнаи рақами 23-и ба номи Максим Горкии ноҳияи Роҳи оҳан хондааст.

Соли 1963 ба бахши забону адабиёти факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро ба итмом мерасонад.

Баъди хатми Донишгоҳ бо пешниҳоди раёсати факултет ва маслиҳати устодон ба аспирантураи назди Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шомил мегардад.

Ногуфта намонад, ки аз ҳамон рӯзҳо дар олами ҳунари хунёгарӣ чунон шуҳрату овоза ва мақому мартабаро соҳиб гашта буд, ки ба қавли шоир:

Чун ба ҳар кӯй равад, халқ барорад фарёд,
К-инак он шуҳраи ангуштнамо боз омад.

Аз ҳамон замон сурудҳояш вирди забонҳо гашта буд ва ҳоло ҳам вирди забонҳоянд.

Ҷӯрабек Назриев соли 1974 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Мактабӣ ва матни илмӣ-интиқодии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» таълиф намуда, онро бомуваффақият ҳимоя намудааст ва соли 1996 дар мавзуи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докториашро дифоъ менамояд.

Ҷӯрабек Назриев як муддат ба Афғонистон сафар намуда, баъди бозгашт то охири умри худ боз ба пажӯҳиши илмӣ машғул мешавад. Ӯ муаллифи зиёда аз 100 китобу мақолаи илмӣ мебошад, ки бештари онҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, кишварҳои собиқ Шӯравӣ бо чандин забонҳо ба табъ расидаанд.

Қобили зикр аст, ки таҳқиқоти ӯ миёни донишмандон, мутахассисони соҳа ва муҳаққиқон ба хубӣ пазируфта шудаанд. Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки таҳқиқоти анҷомдодаи олим аслан бунёдӣ буда, ҳар кадом падидаи нодире дар ҷодаи таҳқиқи таърихи адабиёти форсу тоҷик аст.

Ҷӯрабек НазриевОсори ӯ «Мактабии Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ». – Душанбе, 1993; «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ (таҳқиқ ва таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ, бо ҳуруфи арабиасос). – Теҳрон, 1995; «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ (таҳқиқ ва таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ, бо ҳуруфи арабиасос). – Душанбе, 1996; «Қиссаи Сулаймон ва маликаи Сабо дар назми форсу тоҷик». – Душанбе, 1996; «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» (ҳаммуаллиф Алии Муҳаммадӣ). – Теҳрон, 2000; «Феҳристи нусхаҳои қаламии форсии Институти осори хаттии Тоҷикистон» (дар чор ҷилд, бо ҳуруфи арабиасос, Теҳрон солҳои 1376-1381 ҳ.ш.); «Таърихи Ҳумоюн» (бачоптайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан). – Душанбе, 2006; «Сухане чанд аз адабу адабиёти тоҷик (Ё «Дарёи сухан пуроб бояд»). – Душанбе, 2016; «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома» (ҳаммуаллиф Алии Муҳаммадии Хуросонӣ). – Душанбе, 2014; «Родмарди андеша ва ҳунар» (Ҷашннома). – Душанбе, 2007; Аҳмади Дониш «Наводиру-л-вақоеъ». Китоби 1 ва 2 (зери назар, таҳия, тасҳеҳу муқобала, тавзеҳот, луғатнома, феҳристи номҳо ва маконҳо дар ҳаммуаллифӣ ). – Душанбе, 2017; «Саййидо суханвари нодиргуфтор». – Душанбе, 2018; Насафӣ «Миробид Саййидо «Куллиёт» (ҳайати таҳририя ва таҳти назар). – Душанбе, 2018; «Мактабии Шерозӣ-сарояндаи ишқномаи куҳан». – Душанбе, 2019; Калими кошонӣ «Девон» (таҳти назар). – Душанбе, 2020;  Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ                тазкирати-л-асҳоб» (бо муқаддима, тахия ва тавзеҳоти Ҷўрабек Назрӣ). – Душанбе, 2020; «Посдори мероси ниёгон» (Ҷашннома). – Душанбе, 2020; «Менигарему меравем» (Ёдномаи устод Ҷўрабек Назрӣ). – Душанбе, 2021 ва ғайра мебошад.

Ҷӯрабек Назриев тӯли чанд соли бар уҳда доштани роҳбарии маркази асосии ховаршиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ (то соли 1998 Институти мероси хаттӣ)-и АИ ҷумҳурӣ дар ҷодаи ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни улуми ховаршиносӣ, баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ ва мақому эътибори пажуҳишгоҳ, нигоҳ доштани иқтидори илмӣ аз ҳисоби ҷавонони соҳибистеъдод, тақвият додани он ва ба талаботи кунунии соҳибистиқлолӣ ва руҳияи замон мутобиқ сохтани нақшаҳои илмӣ талош варзидааст. Ҷиҳати нигоҳ доштани ҳайати илмии пажуҳишгоҳ, дурусту саҳеҳ муайян кардани дурнамои риштаҳои улуми шарқшиносӣ, ба таҳқиқи проблемаҳои муҳимми рӯзмарраву муосир ҷалб кардани аҳли таҳқиқ ва ба қадри имкон фароҳам овардани шароити хуби корӣ тавассути кордонӣ, маҳорати баланди ташкилотчигию роҳбарӣ, меҳру садоқати фаровон ба ватану фарҳанги миллӣ, ғамхорию эҳтиром нисбат ба кормандон ва дигар хислатҳои наҷибу ҷавонмардонаи худ ҳамаи ин норасоиҳоро моҳирона бартараф намуда, дар Пажухишгоҳи шаркшиносӣ як ҷамоаи бисёр хубу фидоии илму фарҳангро гирд овардааст ва як фазои илмии мувофиқу мусоидро муҳайё сохтааст.

Имрӯз дар ин боргоҳи илм дигарҳо низ аз таҷрибаву маҳорати замони роҳбарии ӯ дар фаъолияти кории худ истифода мебаранд.

Зери роҳбарии ӯ даҳҳо нафар рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя намудаанд.

Ҷӯрабек Назриев дар байни ҷомеа, имрӯз ҳамчун муҳаққиқи дақиқназар, олими нуктасанҷ, ҳунарманди соҳибзавқу мумтоз, донишманди суханпардоз, овозхони маънисаро, роҳбари вазифашиносу масъулу дурбину тозахаёл, сарвари уҳдабаро ва ниҳоят инсони комил шинохта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи ноябри соли 2020 фарзандони баору номус, худшиносу меҳанпараст ва ҳалиму хоксори шодравон Ҷӯрабек Назриев Шаҳриёру Масрур ва Таманноҷон  китобхонаи шахсии падари бузургворашонро барои истифодаи умум ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» туҳфа намуданд.

Айни замон дар «Толори академикон ва докторони илм» гӯшаи узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фолология, профессор Ҷӯрабек Назриев ташкил карда шудааст, ки наздики 800 нусха адабиёти соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегирад. Ҳамарӯза кормандони шуъбаи рисолаҳои илмӣ вобаста ба талабу дархости муштариёни «Толори кормандони илм» ва мухлисони асарҳои ӯ аз китобхонаи шахсии устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назриев дархост иҷро менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки соли 2021 аз ҷониби фарзандони маърифатпарвари устоди зиндаёд бахшида ба ҷашни 75-солагии донишманди фозил ва ҳунарманди асили тоҷик Ҷӯрабек Назриев дар зодгоҳаш ноҳияи Ховалинг осорхонаи устодро таъсис доданд, ки то ба имрўз фаъолият дорад. Осорхонаи устод дар маркази ноҳияи Ховалинг, дар як мавзеи дилрабо бо тарҳи меъмории зебо бунёд шудааст. Дар ошёнаи аввал осорхона, коргоҳи дузандагӣ ва дар ошёнаи дувуми он маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхонаи шахсӣ ва маркази омӯзиши мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назрӣ ҷой дода шудааст.

Хонаводаи эшон ҳар сол дар рўзи таваллуд ва ёдбуди устод ба Китобхонаи миллӣ қадам ранҷа намуда, аз гўшаи ў дидан мекунанд.

Ҷӯрабек НазриевАйни ҳол дар гўшаи устоди зиндаёд дар баробари адабиёти соҳаҳои гуногуни илм аз осори пурғановати устод ва навиштаҳои олимону донишмандон дар бораи ў маҳфузанд, ки кулли хонандагон ва мухлисони донишманди нексиришт метавонанд истифода баранд:

  1. Мактабии Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ. – Душанбе, 1993.
  2. «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ (таҳқиқ ва тахияи матни илмӣ-интиқодӣ, бо ҳуруфи арабиасос). – Теҳрон, 1995.
  3. «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ (таҳқиқ ва таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ, бо ҳуруфи арабиасос). – Душанбе, 1996.
  4. Қиссаи Сулаймон ва маликаи Сабо дар назми форсу тоҷик. – Душанбе, 1996.
  5. Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» (ҳаммуаллиф Алии Муҳаммадӣ). – Теҳрон, 2000.
  6. Феҳристи нусхаҳои қаламии форсии Институти осори хаттии Тоҷикистон (дар чор ҷилд, бо ҳуруфи арабиасос, Теҳрон солҳои 1376-1381 ҳ.ш.).
  7. Сухане чанд аз адабу адабиёти муосири тоҷик (Ё «Дарёи сухан пуроб бояд». – Душанбе, 2016.
  8. Таърихи Ҳумоюн (бачоптайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан). – Душанбе, 2006.
  9. Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома» (ҳаммуаллиф Алии Муҳаммадии Хуросонӣ). – Душанбе, 2014.
  10. Родмарди андеша ва ҳунар (Ҷашннома). – Душанбе, 2007.
  11. Аҳмади Дониш. Наводиру-л-вақоеъ. Китоби 1. – Душанбе, 2017.
  12. Аҳмади Дониш. Наводиру-л-вақоеъ. Китоби 2 (зери назар, таҳия, тасҳеҳу муқобала, тавзеҳот, луғатнома, феҳристи номҳо ва маконҳо дар ҳаммуаллифӣ ). – Душанбе, 2017.
  13. Саййидо суханвари нодиргуфтор. – Душанбе, 2018.
  14. Насафӣ. Миробид Саййидо. Куллиёт (ҳайати таҳририя ва таҳти  назар). – Душанбе, 2018.
  15. Мактабии Шерозӣ-сарояндаи ишқномаи куҳан. – Душанбе, 2019.
  16. Калими кошонӣ. Девон (таҳти назар). – Душанбе, 2020.
  17. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ. Туҳфату-л-аҳбоб фӣ                тазкирати-л-асҳоб (бо муқаддима, тахия ва тавзеҳоти Ҷўрабек Назрӣ). – Душанбе, 2020.
  18. Посдори мероси ниёгон (Ҷашннома). – Душанбе, 2020.
  19. Менигарему меравем. Ёдномаи устод Ҷўрабек Назрӣ. – Душанбе, 2021 ва ғайра мебошад.

Руҳат шоду манзили охиратат обод бошад,
донишманди фозилу ҳунарманди соҳибзавқ!

Бибираъно Ҷўраева