Ёде аз хотираи таърихӣ…

Мо фахр мекунем, ки садҳо ҳазор фиристодагони халқи тоҷик, писарони ҷасури Тоҷикистон бо намояндагони дигар халқҳо паҳлу ба паҳлу меҷангиданд ва дар таъмини ғалаба саҳми сазовор гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз он рӯз, ки халқи бузурги Шӯравӣ шаҳди гуҳарбори ғалабаро чашида буд, 76 сол пур мешавад. 9 майи соли 1945 падарону бобоҳо ва бобокалонҳои мо, ки барои озодӣ, сулҳ, ғурури ватандорӣ, ҷавонмардию шуҷоатмандӣ ва сулҳ дар рӯи замин мубориза бурданд, дастболо гардиданд. Вазифаи ҷонӣ ва имонии мост, ки ҳар нафас аз қаҳрамониҳои онҳо ёд кунем ва номашонро ҳамеша гиромӣ дорем. Ҳар лаҳза, ки дар Тоҷикистони озоду офтобӣ, дар партави Парчами парафшони давлатӣ ва навои хуши Суруди миллӣ гом мениҳем, аз ҷоннисорӣ ва қаҳрамониҳои онҳо ҳарф занем.

Амиқ андеша кунем, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ як корномаи саҳлу сода набуд. Он аксарияти аҳли сайёраро ноорому мушавваш сохта буд. Бахусус, мардуми шуҷоу далери Тоҷикистонро, ки он дам порае аз давлати ИҶШС маҳсуб меёфт, бетараф нагузошт ва водор намуд, ки баҳри сулҳи пойдор, нест кардани аду ва расидан ба истиқлолу озодӣ муборизаи беамон барад.

Ба мо маълум аст, ки ҶБВ як фоҷиаи умумии асри 20 буд, ки бо пирӯзии мардуми шӯравӣ ба анҷом расид. Ин ҷанг ҷони миллионҳо одамонро гирифт. Саҳми халқи тоҷик дар ин ғалабаи умумӣ бар душман хеле калон аст. Чуноне аз маълумотҳо бармеояд, солҳои ҶБВ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон медоданд. Фиристодагон аз Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Имрӯз аз миллати тоҷик бо ифтихор номи қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, аз ҷумла Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони дигарро гирифтан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Албатта, ғалаба дар ҶБВ як кори дастаҷамъона буд. Он ба шарофати иштироки қаҳрамононаи шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои ИҶШС ба даст омад. Гуфтан мумкин аст, ки ғалабаи ИҶШС-ро маҳз дӯстӣ ва ҳамбастагии ҳамаи халқҳои шӯравӣ ва ақибгоҳ таъмин намуд.

Таърихи ҳеч давлату миллате аз ҷангу нооромиҳо холӣ нест. Дар тӯли таърих, халқи тоҷик низ борҳо озмоишҳои азимро аз сар гузаронидааст. Вале ҶБВ бо худ харобӣ ва талафоти бузургеро ба ёдгор гузошт, ки собиқа надорад. Аз ҳамин зовия рисолати мо дар гиромӣ доштани корнамоиҳои гузаштагони қаҳрмонони хеш хеле бориз аст. Ҳифзи хотираи таърихӣ ба хотири ояндаи дурахшон бешак амалӣ волои инсонӣ ва рисолати олист. Хотираи онҳое, ки дар мубориза барои озодӣ ва истиқлоли Ватан, барои таъмини оромию сулҳ дар сайёра ҷон нисор кардаанд, бояд абадӣ зинда нигоҳ дошт.

Хушбахтона, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҶБВ пайваста ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳоро ҳамеша қадр менамоянд.

Моро мебояд, ки дар фазои осоишта, дар Ватани озоду соҳибистиқлол, зери дурахши машъали ҳуррият, аз таърих ёд оварем ва хотираи онҳоеро, ки ҷаҳони моро ороста кардану ҷон таслим намуданд, то ҳастем миннадор бошем.

76-умин солгарди ҷашни бузурги иди Ғалаба ба ҳама муборак!!!

 

Шаҳодат ДАВЛАТОВА,

мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон