Ёде аз Кочкионова Роза Магомедовна

Кочкионова Роза МагомедовнаСоли 1937 таваллуд ёфтааст. Соли 1961 шуъбаи ғоибонаи  Донишкадаи маданияти Ленинградро хатм кардааст. Фаъолияташро дар шўъбаи хизматрасонии Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (соли 1955) шурўъ намуда, солҳои 1961-1972 китобдори калони шўъбаи маълумотдиҳӣ ва сардори ҳамин шуъба будааст.

Вай ба ҳайси аъзои шўрои таҳририяи Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ дар тарғиби дастовардҳои китобхонашиносию библиографияшиносии кишвар ҳисса гузоштааст. Ба баланд бардоштани тахассуси китобдорони ҷавон мусоидат намудааст.

Роза Магамедовна Кочкионова феҳрасти китобҳои бо соядаст ба китобхонаи Норак тақдимкардаи муаллифонро ба чоп омода сохтааст. Дар ташвиқи адабиёти илмию техникӣ саҳм гирифтааст.

Дар муратабсозӣ ва таҳрири беш аз ҳафтод маводи методӣ –библиографӣ иштирок кардааст. Ў борҳо дар ҳайати гурўҳҳои гуногун ба Китобхонаҳои ҷумҳурӣ рафта, ба онҳо ёрии бевоситаи методӣ ва амалӣ расонидааст.

Роза Магамедовна дархостҳои хонандагони сершуморро ҳамеша бо камоли кордонӣ ба иҷро мерасонд  Ў инчунин аъзои Шўрои илмию таҳрирӣ ва нашри Китобхона буд. Дар ҳалли бисьёр масъалаҳо маслиҳатҳои муфид медод. Худаш низ дар тайёр кардани нашри маълумотдиҳию библиографӣ фаъолона иштирок мекард.

Ў ҳамчунин мураттиби нишондиҳандаҳои библиографии «Адабиёти нав оид ба маорифи халқ», «Китобҳои нав доир ба илмҳои педагогӣ ва маорифи халқ», «Каҳрамони асосии халқ», «Китобхона ҳамчун манбаи ахбор», «Дурнамои рушди кори китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Достони мардонагӣ «Донишҳои ҳуқуқӣ», «Қонуни асосии ҳаёти мо» ва ғайра мебошад.

Барои хизматҳои шоёнаш Р.М. Кочкионоваро  Вазорати маданияти СССР бо нишони сарисинагии «Барои хизмати аъло» мукофотонидааст. Дар ҷашни 50-солагии Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ Р. М. Кочкионова  ба дарёфти Грамотаи Фахрии Президиуми Совети  Олии РСС Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Сабоҳат Ибрагимова,
муовини сардори шуъбаи
коркарди адабиёт