Ёде аз наттоқи варзида Анвар Сулаймонов

Анвар Сулаймонов – аввалин наттоқи телевизиони тоҷик. Номи пурра: Сулаймонов Анвар Асрорович. Ӯ 31 – уми августи соли 1941 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Анвар Сулаймонов яке аз поягузорони  санъати суханварӣ дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Анвар Сулаймонов бахши форсии факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1963 хатм кардааст. Ва соли 1976 бахши рӯзноманигории факултети кадрҳои идеологии Университети марксизм-ленинизми назди ҳизбии шаҳри Душанберо хатм кардаааст.

Маҳз ӯ нахустин бор аз экрани телевизиони навтаъсиси тоҷик бо мардум салом кард ва бо овози ширадор ва сухани равону фасоҳаташ дили бинандагонро тасхир намуд.

Соли 1965-1967 тарҷумон дар яке аз сохтмонҳои шӯравӣ дар Афғонистон. Соли  1968-1983 мушовири Радиои Афғонистон. Дар ин давра ӯ барои мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангии ду кишвари ҳамзабон хизмати зиёде кардааст.

Аз соли 1983 директори Радиои тоҷик дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон ва сипас Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. То охири умр дар ҳамин вазифаи масъулиятнок фаъолият кардааст.

Анвар Сулаймонов на танҳо наттоқ, балки як мутахассиси забондони варзида буд. Ӯ забони форсиро ба дараҷаи олӣ медонист ва дар Афғонистон ҳамчун тарҷумони моҳир ва мушовир эътирофи зиёд пайдо карда буд. Барои  хизматҳои арзандаш соли 1989 бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои тоҷик», орден ва медалҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Афғонистон мукофонида шудааст. Соли 1986 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва соли 1988 узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон мукофонида шудааст.

Анвар Сулаймонов бо садои мардона, талаффузи дурусти калимаҳо, фарҳанги баланди суханварӣ ва симои зебову боодобонааш барои якчанд насли тамошобини тоҷик устоди сухан ва намунаи ибрат буд. Ӯ дар баробари Рафоат Абдусаломов, Тоҷӣ Султонова ва дигарон асосгузорони мактаби наттоқии тоҷикро гузоштаанд.   

Ӯ  30-юми апрели соли 2004 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшидааст.

Адабиёт дар  борааш:

        Ҷӯраев, А. Телевизион. – Душанбе, 1965. – 120 с.

        Муродов, М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. – Душанбе: Аржанг, 2016. – С. 221-223.

        

Сарчашма аз манобеи электронӣ

Таҳияи Машҳурахон Зоирова,

корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ