Ёде аз он рӯзҳо…
Моро меҳру муҳаббат, бузургии забони давлатӣ ва фарҳанги баланди ҳамкорӣ дар Кумитаи навтаъсиси забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда буд
Дар ин рӯзи муқаддас, ки Рўзи забони давлатист, бо як ҷаҳон ифтихор мехоҳам аз давраҳои беҳтарину хотирмони фаъолияти кориам бо аввалин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими давлатӣ, олими шинохта, устоди арҷманд, донишманди маъруфи соҳаи забоншиносии тоҷик шодравон Додихудо Саймиддинов ва аввалин муовини раиси Кумитаи мазкур бонуи соҳибхирад, соҳибмаърифату соҳибтаҷриба Бибиосия Аюбӣ ёдовар шавам.
Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати Рўзи забон 21 июли соли 2009 бо овардани далелҳои илмӣ ва амалӣ дар бахши густариши забони давлатӣ ва танзими истилоҳоти илмӣ дар риштаҳои илм ва технологияи муосир, татбиқи ҳадафмандона ва риояи ҳатмии Қонуни забон дар ҷумҳурӣ зарурати таъсиси сохтори наверо бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Дар робита ба ин, дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, таҳти №604 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода ва шумораи ниҳоии кормандони Кумита ба миқдори 20 воҳиди корӣ муқаррар гардид.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2009, таҳти №628 Саймиддинов Додихудо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Чаҳор нафар корманди собиқи Комиссияи татбиқи Қонуни забони забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Ҷўраев – роҳбари Дастгоҳи корӣ, Салоҳиддин Фатҳуллоев – сармутахассис, Назриддин Нуров – сармуҳосиб ва ман, Бибираъно Ҷўраева – мутахассиси пешбар аз нав бо раиси навтаъйин дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корро идома додем. Албатта, дар ин марҳила таъсиси ҳайати кадрӣ ва интихоби кормандон бисёр ҳам муҳим буд. Бинобар он ки дар собиқ Комиссия пешбурди кори хадамоти кадрӣ низ ба уҳдадориҳои ман дохил мешуд, бо супориши раиси навтаъин ҳуҷҷатҳои нафарони ба Кумита барои ба кор муроҷиаткардаро қабул мекардам.
Бо супориши Ҳукумат Кумитаи навтаъсис аз ошёнаи сеюми бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷой муқаррар карда шуд. Бо хурсандӣ ба бинои нав кӯчидем. Утоқҳои корӣ таъмирталаб буданд. Комиссияи забон бо 5 воҳиди корӣ фаъолият мекард ва барои татбиқи Қонуни забон 20-30 нафар олимону донишмандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳайати Комиссия ворид шуда буданд.
Баъди ҷобаҷо шудан дар бинои Тоҷикфилм тариқи озмун чаҳор-панҷ нафар, ки собиқаи кории зиёд доштанд, инчунин теъдоде аз ҷавононро ба кор қабул намудем. Хуллас, Кумита фазои ҷавонӣ дошт, ки онро машваратҳои пирони кор рангин месохт.
Он мизу курсиҳое, ки аз собиқ Комиссия овардем, ба ҳамаи кормандон намерасид, вале ин чиз моро аслан нороҳат намекард, чун ҳама аҳлона кор мекардем ва ҳар касе омода буд, ки таҷҳизоту мизи кориро чанде дар ихтиёри ҳамкори худ гузорад.
Бо гузашти вақт пирони кор Ғ. Ҷўраев ва С. Фатҳуллоев низ ба нафақа баромаданд. Албатта, ҳар чи таҷрибае, ки доштанд, ба ҷавонон омўзониданд, роҳу равиши корро нишон доданд, вале барои ҷавонон ҳанӯз омӯзиш идома дошт.
Утоқҳои корӣ таъмир карда шуд, барои кормандон таҷҳизоти наву муносиб таъмин гардид ва муҳимтар аз ҳама фазои мусоиди корӣ ба миён омад, ки дар он масъулияту меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳам омада буданд.
Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки бештари вақтҳо маро собиқ раиси Кумита устоди зиндаёд Додихудо Саймиддинов шӯхиомез «нафақахӯри Комиссия» мегуфтанд. Ҳарчанд шахси ҷиддӣ ва камгап буданд, вале бисёр бо эҳтиром ва самимӣ бо корманд муносибат мекарданд. Алалхусус, бо ҷинси латиф бисёр бомулоҳиза сухан мегуфтанд.
Бо амри тақдир бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, таҳти №360 Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид (қаблан ба ҳайси муовини раиси ҳамонвақтаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекарданд).
Ҳамин тавр, моро устоду шогирд роҳбариву роҳнамоӣ мекарданд.
Соати 8 корро сар карда, то 20-и шаб бо ҷидду ҷаҳд кор мекардем, зеро теъдоди кормандон каму ҳаҷми корамон зиёд ва диламон ба коргоҳ гарм буд. Мушкилоти давраи аввали фаъолият, камбудиву норосоиҳо дар самти татбиқи Қонуни забон зиёд буд, аммо ҳамеша талош мекардем, ки ҳамаи камбудиву норасоиҳоро дар муддати кутоҳ ва зуд бартараф намоем. Ҳафтаҳое мешуд, ки чандин нишасту конференсияҳо пайиҳам баргузор мекардем ва корҳои омодагӣ вақти зиёдро талаб мекард. Кормандон ба роҳбарияти Кумита он қадар эҳтирому эътиқоди зиёд доштанд, ки барои ҳалли масъалаҳо ҳатто шабона ва рӯзҳои истироҳат бо хушҳолӣ кор мекарданд. Моро муҳаббат ба забони давлатӣ, хоксорию меҳнатдӯстии роҳбаронамон қувваю илҳом мебахшид. Баҳсҳо зимни санҷишҳои татбиқи қонунгузории соҳа зиёд буд, баъзе нафарон барои ташкили санаднигорӣ бо забони давлатӣ мушкилот эҷод мекарданд, вале сабру тоқат, одобу фаросати ҳамкорон, ки дар ин санҷишҳои Кумита зоҳир мешуд, ғолиб меомад, ғурури миллии ҳайати Кумита моро дилгарм медошт. Роҳбарияти Кумита пайваста таъкид мекарданд, ки аз мушкилоти солҳои аввали фаъолият наҳаросем, зеро кори гиромидошти забони давлатӣ кори пуршарафу муқаддас ва ҳомӣ ва пуштибони ин забон Сарвари давлатамон аст.
Хушбахтона, Кумитаи забон ва истилоҳот тавонист бо роҳбарии донишманди беназири ростойин, олими забоншинос Додихудо Саймиддинов ва роҳнамоиву корбарии муовини раис – Бибиосия Аюбӣ заминаҳои мусоидро барои фаъолият ба миён биёрад. Дар ин солҳо аввалин Барномаи рушди забони давлатӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул карда шуд, дар назди кумита Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот таъсис дода шуд ва беш аз 100 нафар олимони шинохтаи тамоми соҳаҳо бо Кумита ҳамкории судмандро дар самти истилоҳнигорӣ оғоз намуданд, конференсияҳои илмию амалӣ мунтазам мавзӯъҳои муҳимтарини соҳаро ба баррасӣ бароварданд, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва макотиби олии кишвар хуб ба роҳ монда шуд.
Кумита дар баробари назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» тавонист кори муҳиммеро анҷом диҳад, яъне ин муҳиту ин фазои хуби ҳамкорӣ кадрҳои ҷавонро тарбия намуд, таҷриба омўхт, ба ҳалолкориву меҳнатдўстӣ, дасту дили пок доштан, ватандўсту меҳанпараст будан, ҳувияту ғурури миллӣ доштан, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ гузоштан, поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва ифтихор кардан аз онро омўхт. Ин даргоҳи муқаддас – Кумитаи забон моро – кормандонашро бо ду нафар роҳбари сухандону сухансанҷ, дурбину дурандеш, кордону корсоз, меҳрубону ғамхор ва раҳнамою дастгир мисли хоҳару бародар ба ҳам муттаҳид намуд, ки то ба имрўз мо бо ҳам наздикем. Гарчанде имрўз ҳар яки мо дар ташкилоту муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кору фаъолият дорем, аз аҳволи якдигар бохабар ҳастем. Ва ҳар сол Рўзи забони давлатиро бо ифтихор ва бо руҳия болида ҷашн мегирему аз давраҳои фаъолияти Кумита ёдоварӣ мекунем. Албатта, хотироти зиёди аҷибу рангине аз солҳои фаъолият дар ин даргоҳ дорам, агар вақт имкон диҳад, рўзе рўйи қоғаз меорам.
Ҳоло ки дар саросари кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ҷашни миллӣ – Рўзи забони давлатиро таҷлил менамоем, кормандони собиқ ва имрӯзаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми соҳибзабонро табрику муборакбод мегўям. Таманнои онро дорам, ки забони тоҷикӣ поку бегазанд ва ҷовидона пойдор бимонад!
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Бибираъно Ҷўраева,
мудири бахши
китобҳои махсус